БӮЙИ МОДАР

Ман аз айёми бачагӣ медонистам,ки Муродқулака як пояшонро дар фронт бохтаанд.

Бо вуҷуди ин кор мекарданд, чунки он солҳо фарзандонашон ҳанӯз ҷавон буданд. 
– Ин, — мегуфтанд, ба каланд ишора карда, – барои ман ҳам асову ҳам каланд аст. Дар болои як пой истода 5-6 каланд мезанам, вақте поям бемадор шуд, ба вай такя карда, лаҳзае дам мегирам ва боз корро давом медиҳам...
Солҳои 1960-70 мо зуд-зуд бо он кас вомехӯрдем. Соатҳо ҳамсуҳбат мешудем. Рӯзе, вақти чойнӯшӣ, чӣ гуна бохтани пояшонро пурсон шудем. 
– Ин арафаи зимистони соли 1944 буд. Дар гурӯҳи разведка хидмат мекардам. Дивизияи мо дар деҳае қарор гирифт. Мо бо дигарон алоқа надоштем, чунки супоришҳои махсусро иҷро мекардем. Хӯрокамонро ба хонаамон меоварданд, аз пагоҳӣ дар бешаи назди деҳа машқи ҷангӣ мегузаронидем ва бегоҳӣ — бевақтии шаб омада хоб мекардем. 
Фашистон аз куҷое бо тӯпҳои дурзан деҳаҳои атроф ва объектҳои моро ба нишон мегирифтанд.  Барои нобуд кардани он тӯпҳо чанд рӯз пештар гурӯҳи разведкаро фиристоданд. Аммо аз он гурӯҳ фақат як нафар баргашт.  Мувофиқи маълумоти ӯ мавқеи тӯпҳо  он қадар дур набудааст. 
30-юми декабр ба гурӯҳи мо, ки аз шаш нафар иборат буд, фармон шуд, ки бояд тамоми рӯз дам гирем. Аз ин фармон маълум буд, ки дар пеш вазифаи муҳим ва мураккаб истодааст.
Саҳарии рӯзи дигар дар назди гурӯҳи мо ду вазифа гузошта шуд: якум, нест кардани тӯпҳои дурзан ва дуюм овардани «забон». 
Мо маскахилъатҳои сафедро пӯшида ба роҳ баромадем. Дар гурӯҳи мо аз Осиёи Марказӣ, ман ва як дӯстам аз Қазоқистон буд. Ӯ Муҳиддин ном дошт ва калонҷуссаву хеле бақувват буд. Снайперамон намояндаи халқи шимоли Русия. Боз як рафиқамон – Гена маълумоти тиббӣ дошт. Дар роҳ мерафтему тамоми ҳушу хаёламон ба иҷрои супориши мураккаб банд буд. Барфи калон-калон меборид. Ин ба фоидаи мо буд. Чунки паямонро зуд нопадид мегардонд. Мо аз паси анбӯҳи дарахтон пинҳонӣ пеш мерафтем. Ҳама ҷо сап-сафед. Агар хатаре таҳдид намояд, бо маскахилъатҳои сафед зуд пинҳон шудани мо осон буд. Эҳтиёткориву зиракиро аз даст намедодем. Пас аз 3-4 соати тай кардани масофа аз пешамон кӯчаи калон намоён шуд. Пеш аз он ки ба он тарафи роҳ гузарем, командир онро сар то по бо дурбин аз назар гузаронид. Баъд овоз баровард:
– Аз дур мошини «Мерседес» меояд. Вале чаро бе посбон?
Одатан бо ин гуна мошин афсарон мегаштанд ва аз пасу пеши онҳо мототсиклсаворҳои посбон мерафтанду дар болои каҷаваашон пулемёт меистад. Яъне «забон» бо пойи худаш меомад. Дар урфият баъзан «гапи хона дар бозор рост намеояд», мегӯянд. Ҳоло ҳамин тавр мешуд.  Вазифаи мо аввал тӯпҳоро нест карда, баъд «забон» дастгир кардан буд. Дар ин ҷо баръакс. Ҳар чӣ бодобод,  шинак гирифтем.
Се нафарамон дар як тарафи кӯчаву се нафарамон дар тарафи дигар. Ҳамдигарро бемалол медидем. Снайперамон яроқашро ончунон бо матои сафед устокорона печонида буд, ки пайхас кардан мушкил буд. Барф ҳамоно меборид. Дар гирду атроф хомӯшӣ ҳукмрон. Паррандагон ҳам овоз намебароварданд, онҳо ҳам аз дасти ҷанги хонумонсӯз хомӯшу ғамгин буданд. Танҳо овози мошин аз дур ба гӯшамон мерасид. Дар лаби кӯча арчаи пасти сершох буд, Витя ном шарикамон дар паси он  менишаст. Ҳама умед ба снайпер буд. Командир фармон дод:
– Бе фармони ман ҳеҷ кас тир накушояд!
Мошин хеле наздик омад. Командир ба снайпер ишора кард. Ӯ ҳамон лаҳза тир кушод.  Мошин бероҳа шуда дар назди ҳамон арчаи паст қарор гирифт. Ронандаи фашист аз пешонааш тир хӯрда буд. Витя ҷаҳида аз паси арча баромада, дари пешро кушоду афсари дар даст портфелдорро ба берун кашола карда хост ӯро ба замин пахш кунад. Ман лаб-лаби кӯча ба мадади Витя шитофтам. Ногоҳ дар таги поям минае таркид.  Дар пеши назарам як поямро қариб як қади дарахт бардошт. Баъд маълум гардид, ки пойи чапам будааст. Бо чашмони худ дидани ин манзара хеле даҳшатангез буд. Худам рӯболо дар миёни кӯча ғалтидам. Нишонзану Муҳиддин маро зуд ба нишастгоҳи қафои мошин ҷойгир карданд.  Тасмаи афсари асирро гирифта, болотари ҷойи пойи кандашудаамро сахт бастанд, ки хунравиро боздорад. Аз минагузорӣ маълум буд, ки объект – ҷойи тӯпҳо наздик аст. Чунки фашистон дар наздикиҳои ин хел ҷойҳои муҳим мина мегузоштанд. Шарикон зуд бо шохи дарахтон ҷойи таркишро рӯфта, номаълум сохтанд. Мо бо мошин, тахмин ба масофаи ду километр ба даруни беша даромадем. Гена ба ман ёрии тиббии аввалинро расонид. Дуртар аз мо, рафиқонам замини яхкардаро бо белчаҳои аскарӣ ба душворӣ кофтанду пойи аз зону болотар кандашудаи маро пинҳон карданд. 
Мо дар бораи  ҷойгиршавии нуқтаҳои оташфишоние, ки тӯпҳоро ҳимоя мекарданд, маълумоте надоштем. Портфелро кофтанд, аммо дар бораи объектҳои фашистон, на нақшае буду на ягон маълумот. Лекин харитае баромад, ин аҳамияти пурқимате дошт. Аз гуфтаҳои асир маълум гардид, ки ӯ аз ҳамон мавқеи тӯпи дурзан омада истодааст ва бисёр чизҳоро медонад. Боз маълум гардид, ки ӯ бинобар мастӣ аз посбонҳо даст кашидааст. Ҳамаи инҳоро шарикамон – Саша, ки забони немисиро медонист, тарҷума мекард. Аз асир пурсиданд, ки нуқтаҳои оташфишонии пулемётҳо дар куҷост. Ӯ бо ҳавобаландӣ гуфт:
– Ман  узви «Ҳилоли аҳмар» ҳастам, бинобар ин аз дастатон коре намеояд, беҳтараш маро ҷавоб диҳед.
Аз ин ҷавоб ҳама ба ғазаб омад. Муҳиддин ба асир рӯ ба рӯ нишасту ба Саша гуфт:
– Саша, бигӯ, ки ман то 5 мешумурам, агар ҷавоб надиҳад, мепарронам.
Асир  тарҷумаи сухани Муҳиддинро шунид ва бо сараш аломати «не»-ро ифода кард. Муҳиддин ба ғазаб омад:
– Ҳе, Шешагни ...–  гуфту бо мушти болғамонандаш ба таги ҷоғаш ва як мушти обдор ба синааш фуровард. Мо хаёл кардем, ки ҷоғи ӯ шикасту синааш кафид. Асир як лаҳза ҳушашро гум кард ва вақте ба худаш омад, дар чеҳрааш аз хумори мастӣ осоре боқӣ намонд. Ӯ лаҳзае хомӯш истоду баъд бо дастони бастааш аз рӯйи харита се нуқтаи оташфишониро нишон дод. Барои иҷрои вазифа ҳамин маълумот кифоя буд. Командир дар пеши шариконам харитаро кушод. Аз рӯйи нақша маълум гардид, ки барои иҷрои ин амалиёт камаш 5-6 нафар ҷанговари пуртаҷриба лозим аст. Онҳо хостанд, ки нафареро барои нигоҳубини ман ва посбонии асир гузоранд. Аммо иҷрои вазифа ба 4 нафар ҷанговар хеле мушкил ва хавфнок буд. Ман бо овози баланду қатъӣ гуфтам: 
– Дӯстон, шумо  як ҷойи қулайро омода кунед, ман ба асир посбон шуда, дар шинак мешинам, фақат дарди захми пойи нимтаам  кам намешавад. Инро шунида, ҳозирон бо як овоз:
– Ҳозир ҳисобашро меёбем, – гуфтанду ба ман аз зарф қариб 200 грамм спирт нӯшониданд.
Аз паҳлӯи  мо ҷӯй мегузашт ва рӯяш яхи ғафс баста буд. Дар лаби ҷӯй баландие мисли суфа воқеъ буд. Аз ин баландӣ  6-7 метр дуртар дарахте ба назар мерасид. Ин ҷой ва дарахт барои асир ва ба шинак истодани ман хеле мувофиқ буд. Рафиқонам аз барф «лӯла» сохтанд.  Маро парӯ ба болои он хобониданд.  Ман автоматро ба даст гирифтаму ба болои «лӯла»-и барфин гузоштам. Милаш ба тарафи асир ба шинак омода шудам.  Асир ба замин нигариста менишаст ва ҳар замон дуздида-дуздида сӯйи ман менигарист.
... Дар пеши назарам, кӯчаҳои деҳаи азизам Кулба, чеҳраҳои дӯстон, модари ба ҷон баробарам ва дигарон падидор мегаштанд. Ҳамон вақт ғаме ба дилам роҳ ёфт: акнун ман бо як пой ба кӣ даркор? Лекин таъсири спирт ин хаёлҳоро аз ман дур месохт ва дардро кам мекард.
Як лаҳза худро ба хоб задам. Атроф,ки хеле хомӯш буд, ҳар як ҳаракати асир ба гӯшам мерасид. Ӯ маро хобида пиндошту барои озод кардани худ ҳаракат кард. Ман бошам, бо овози даҳшатнок:
– Ҳалт, швайн!– гуфтаму ба ҳаво як навбат тир холӣ кардам. Аз ин рафтор, ӯ ба ҳарос афтод.
Ҳамон рӯз дар бисёр ҷойҳо соли навро пешвоз мегирифтанд ва ин як дараҷа барои зудтар гузаронидани амалиёт ёрӣ расонд. Тахмин пас аз 3 соат аз ҷониби объект паси ҳам ду таркиши баланд ба гӯш расид. Ин маънои онро дошт, ки супориш иҷро шудааст. Аз ин ман шод шудам, аммо асир ғамгин гардид.
Аз байн чанд муддат гузашту аз дур сафедпӯше пайдо шуд. Ин Витяи чолок буд, аз паси ӯ Муҳиддин тозон омад. Дигарашро намедонам, чунки хуни бисёр  гум карда будам...
Чашмамро кушодам,ки дар палатаи калони госпитал хобидаам. Сонитар фаҳмидам, ки чор рӯз боз чашмамро накушодаам. Ман чашмамро баргашта пӯшидам. Ба гӯшам овозҳои захмиёни хобидаву дар курсӣ нишаста медаромад. Дасти чапамро оҳиста аз таҳи кӯрпа ба сӯйи пойи чапам дароз кардам, ки пой аз зону болотар набуд. Ман бо тамоми қувва фарёд кардани худро надониста мондам. Атрофиён маро иҳота карда, меҳрубониҳо мекарданд. Як аскари захмии калонсол дастамро ба синааш пахш кард. Яке пойи ростамро меҳрубонона молиш медод. Аз ин фарёди дилхароши ман ҳама ба андӯҳ ғӯтида буданд. Як аскари захмӣ сарашро ба болои пойи нимтаам гузошта мегирист. Ман бо овози пурдард мегуфтам:
–  Ман акнун ба касе лозим нестам.
Дар ҳамин лаҳза сардори госпитал, зани тахминан 40-солаи хилъати сафедпӯш тозон ба наздам омаду дар паҳлӯям курсиро монда нишаст ва ба тасаллидиҳӣ сар кард:
– Писарам,  супорише, ки шумоён иҷро кардед, аҳамияти муҳим дошт.  Рӯзи гузашта фронти мо ба ҳуҷум гузашт...
Ӯ суханашро ба охир нарасонида, як нафар бо асобағал дар лаби катам нишасту барои тасаллӣ лаб кушод:
– Писарам, имрӯз-пагоҳ аз штаб намояндае омада ба синаи ту орденро овехта мерафтааст. Ту қаҳрамонписарӣ. Вақте ки ба диёрат баргаштӣ, туро ба вазифаҳои боло... 
Ӯ суханашро ба охир нарасонида аз радио овози пурқуввату ҷозибадори Левитан ба тамоми атроф паҳн гардид:
– Диққат, диққат! Ин ҷо Москва, ин ҷо Москва! Тамоми радиостансияҳои Иттифоқи Шӯравӣ кор мекунанд. Рӯзи гузашта, 3-юми январи соли 1944, қӯшунҳои мо истеҳкомҳои фашистонро торумор карда, шаҳрҳои  Волинский ва Бердичевро озод карданд...” 
Аз шунидани ин хабари хуш ҳама якдигарро ба оғӯш кашиданд. Хурсандӣ ҳадду канор надошт.
Пас аз ин хушхабар низ ман ором намешудам. Аз як тараф дарди поям,  аз  тарафи дигар  хаёлҳои ғамангез  фиғонамро мебароварданд. Ҳамшираи тахминан 45-сола, ки дар атроф ҷунбуҷӯл дошт, бо сачоқи сап-сафед арақи рӯй ва ашконамро пок кард ва аз пешонаам модарвор бӯсид. Дар вақти бӯсидани ин фариштазан ба машомам бӯйи модарам расид. Аз ин бӯйи муқаддасу азиз ман каме тасалло ёфтам ва ором шудам... 

Шодмон АМОНУЛЛОЕВ,
ноҳияи САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: