БӮЙИ СЕБ

Муяссар ТИЛАБОВА

Муяссар ТИЛАБОВА
(Ҳикоя)
Бо фарорасии шом ва нопадид гардидани офтоб Ойдинхола тӯрбаи себҳои мушт барин калон-калони пух-тарасидаро ба ароба бор кард. Ӯ шитоб дошт, ҳаракат мекард, ки то даромадани торикӣ ба хонааш рафта расад. «Бачаи гапнодароро бинед, – ғур-ғур мекард худ ба худ, – ҳозир меоям гуфту боз маро фиреб дода рафт-а». Холаи нисбати синну солаш чаққон ва боғайрат дар хусуси писари ҳамсояаш – Муродулло ҳарф мезад. Ҳамаи корҳои боғ аз дасти кампир меояд, танҳо ба дарахт баромада себ чидан наметавонад. Дигар корҳоро, мисли чидани меваи ба замин рехта, ба ароба бор кардани онҳо, савори хар ба деҳаҳои атроф рафта фурӯхтани себ, худаш ӯҳда мекард. Саҳарӣ ба писарак ҳар хел ваъдаҳо дода ба боғ меорад, аммо ӯ то нисфирӯзӣ базӯр сабр карда, себҳоро тез-тез мечинаду кампирро бо баҳонаҳое фиреб дода мегурезад. Хола дурӯғҳои ӯро донад ҳам, ҳарфе намезад, нимханда карда «бача-дия, бо ҳамсолонаш бозӣ кунам мегӯяд» мегуфту аз пайи кораш мешуд. Агар қувваю ғайрати пешинааш мебуд, ин боғ на ба боғ, балки ба биҳишт табдил меёфт.
Вақте аробаи чӯбини як чархаш каҷшуда дар роҳи санглох тарақ-туруқкунон садо бароварда ба роҳ даромад, аллакай торикӣ фаро расида, одам одамро намешинохт.
Хари пирро ҳар қадар хала занад, аз якравиаш намемонд ва оҳиста қадам мезад. Хола ҷонварро ба ҳоли худ монду худ ба яке аз халтаҳои себ такя карда ба хаёл рафт...
Кампири рӯзгоре қомат-баланд, сурхрӯ, ки ҳоло қоматаш хамидаву зард шудаанд, ҳангоми такон хӯрдани ароба бедор мешуд. Ҳамдеҳагон ӯро «кампири бало» мегуфтанд, ки меарзид. Панҷ фарзандро ба воя расонд, хононд ва соҳиби хонаву ҷой кард. Бачаҳояш бо хоҳиши худ «зиёӣ» ва «бомаданият» шуданд, вале ҳеч яке ба хонаи падар барнагаштанд. Ба қавли Ойдинхола «дар шаҳри азиме, ки саг соҳибашро намеёбад», монда рафтанд. Онҳо чанд бор модарашонро бо худ бурданӣ шуданд, аммо кампир розӣ намешуд. Ӯ намехост хокҷойи падару модар, падарарӯсу хушдоман ва шавҳарашро партофта равад. Кенҷатояш бо вай буд, ба туфайли ҳодисае ӯ низ аз олам чашм пӯшид.
Кампир ба бачаҳояш мегуфт: «Дар ин ҷо пораҳои дилам афтидааст. Он ҷо дар хонаҳои катак барини шумоён зиқ мешавам, ягон шинос, хеш, ба чашмам нур мебахшидагӣ себзорам нест. Ҳоло қувваи бозуям ҳаст, худамро саришта карда метавонам». 
Ба ин якравии хола фарзандон ноилоҷ розӣ шуданд. Аммо ҳамдеҳагон холаро танҳо намонданд, ҳурматаш мекарданд, ҳамсоядухтарон ҳавлию хонаи ӯро мерӯфтанд, либосҳояшро мешустанд, аз ҳолаш доимо хабар мегирифтанд. Вале кампир, бо вуҷуди ин, ҳамаи дарду ҳасраташро ҳангоми себчинӣ ба Боқиҷон нагӯяд, дилаш ба ҷояш намеафтид.
Ҳаққу ҳамсояҳо ҳанӯз аз хоб нахеста, ӯ корҳои хонаро ба анҷом расонда, нисфи роҳи дарозеро, ки ба себзораш мебурд, пушти сар мегузошт. «Аз шавҳарам мондагӣ боғ, бачаҳоям ҳосили онро хӯрда ба воя расиданд. Акнун инсонҳои ба халқу диёр нафърасон шудаанд. Вақт надоранд, ки ба себзор нигоҳубин кунанд. Ман-ку меравам гӯям, дар як рӯз гирифта мебаранд. Аммо аз дуои бади боғ метарсам», мегуфт ӯ ба одамон. Момои Ойдин ҳангоми пухтани себ як қисмашро фурӯхта даромад мегирифт, боқимондаашро сатил-сатил ба ҳаққу ҳамсоя тақсим карда медод. Аз самараи меҳнаташ дарун-дарун хурсанд мешуд. Ҳамдеҳагон ғами ӯро мехӯрданд: «Бечора, хола, умраш бо меҳнат гузашт, дар як ҷо намешинад. Боғашро, ки чун фарзанд дӯст медорад, партофта рафтан наметавонад», мегуфтанд ба якдигар. Кампир мисле ки гапи онҳоро тасдиқ мекарда бошад, ҳарчи гӯянд, хомӯш меистод. Шабҳо гиря карданӣ мешуд, аммо оби чашмонаш хушк шуда буданд. Мисли ҷуғзе дар вайрона танҳо нишаста дурудароз ба хаёл мерафт. Рӯзи дигар боз ба писари ҳамсоя дилашро мекафонд: «Боқиҷон, ту дарди момоятро намедонӣ. Ман кампири бачаҳояшро фикр намекардагӣ, пазмон намешудагӣ нестам. Онҳоро дӯст медорам».
Вале бача лоқайдона дар болои дарахт себ мечид. Чунки фикру хаёли ӯ бо он банд буд, ки себро зуд чинаду гурезад.
Хола фурсате нагузашта боз давом медод: «Охир, худат гӯй, хокҷойи падару модар, додару хоҳар, ҳамболинам — як пораи ҷигарамро чӣ хел партофта меравам? Бачаҳоям бо худ овораанд, шод намудани рӯҳи гузаштагонро аз куҷо донанд? Чароғи онҳоро равшан карда шиштаамдия. Аввалҳо ба-чаҳоямро хеле пазмон мешудам. Дертар ба ин одат кардам. Мехоҳам нури дидагонам дар наздам бошанд. Куҳансол, ки шудӣ, эрка мешудаӣ. Ба ман эътибор диҳед, маро парасторӣ кунед, гуфта наметавонам. Одам танҳо зиндагӣ кунад, дидаҳояш хушк мешудаанд, Боқиҷон»... 
Харароба оҳиста-оҳиста ме-рафт. Ногаҳон аз дур касе садо дод: «Момои Ойдин!». Момо «ба хаёлам чунин менамояд» гӯён чашмонашро накушод. Садо бори дигар баланд шуд. Хола ба атроф нигоҳ кард. Аз сари роҳ Боқиҷон давида меомад. 
– Тинҷӣ, писарам, чаро медавӣ?
– Момо, момоҷон, ба хонаатон одамон омаданд.
– Одамон? – ҳайрон шуда пурсид момо.
– Ҳа, онҳо гуфтанд, ки ба момоят гӯй, писаронаш омаданд.
Ҷуссаи нимҷони холаро ларза фаро гирифт, дили беозори ӯ, ки то ҳол буданашро ҳам намедонист, гӯё дар қафаси синааш мушт мезад. Чашмонаш дурахшиданд. Аз хурсандӣ кисаи нимчаашро кофта «ба забонат шакар, Боқиҷон, ма, инро гир» гуфту ба писарак ду-се дона парварда дароз кард. Саросема писаракро дар паҳлӯяш шинонда харро сахтакак хала дод. Хари пир баъди хӯрдани калтак роҳ-равиашро тезонид, аммо баъди фурсате боз қадаммониашро суст кард. Кампир ба ин ҳолат тоқат накарда, аз аро-ба фаромаду ха-лачӯбро ба бача дода гуфт: 
– Ба ин тарафаш худат рав, писарам, ман пиёда ме-равам.
Кампир суръати қадам-мониашро тез кард. Се моҳ пеш бачаҳояш омада рафта буданд. Ҳамон вақт себҳо акнун гул мекарданд. Ҳоло аз пурборӣ шохҳояшон шиканам мегӯянд. Баробари ба хона наздик шудан ба хотираш расид, ки барои ба онҳо додан се-чор дона себ нагирифтааст. Ҳеҷ гап не, онҳоро барои себхӯрӣ ба боғ мебарад. Аз ҳосили дарахтони боғи бобояшон баҳраманд мегарданд. Ӯ ба дидори фарзандонаш шитоб мекард. Охир, онҳоро сахт пазмон шудааст. Раҳораҳ дар ҳавлӣ қию чуви набераҳояшро пеши назар овард. Аввалҳо хоҳиш мекард, ки онҳо шӯхӣ накунанд, ҷим шинанд. Аммо имрӯз ин хел намекунад. Онҳо ҳар қадар, ки хоҳанд, шӯхӣ кунанд. Бигузор, садои хандаю бозии онҳо кунҷу бурҷи хонаю ҳавлиро фаро гирад!...
Ойдинхола бо ҳаяҷон ба ҳавлӣ даромад. Аммо аз чӣ бошад, ҳеч кас наменамуд. Фақат чароғҳои хонаи пастаки ҳавлӣ фирӯзон буданд. «Шояд ҳама дар он ҷоянд», фикр кард кампир ва ба ҳамон сӯ равон шуд. Писаронаш дар дарун будаанд. Ба чашмони кампир об омад, ба хотири наранҷондани меҳмон – бачаҳояш оби дидагонашро номаълум пок кард ва бо табассум ба хона даромад.
– Ассалому алайкум, модарҷон!
Писаронаш ҳама баробар салом дода ба пешвози хола баромаданд. Хонаи дер боз холӣ гӯё пур шуда буд. Кампир бачаҳояшро як-як ба оғӯш кашид, сарашро ба синаи чун кӯҳ бузурги онҳо ниҳода каме хориаш омад. Барои кампир онҳо ҳанӯз мисли кӯдак буданд...
– Модарҷон, мо шуморо сахт пазмон шудем,– модарашро ба паҳлуяш шинонда гуфт писари калонӣ Ӯткур.
– Писарам, Офаридгор модарро наофарад будааст,– хола чашмони ғайриихтиёр нам-шудаашро пок кард. – Аз омаданатон сарам ба осмон расид, сиҳҳату саломат ҳастед?
– Мо хуб ҳастем, шумо чӣ ҳол доред, модарҷон,– кампирро ба оғӯш кашид хурдӣ. – Ҳар гоҳ омаданӣ мешавему коре ме-барояд.
Хола ба атроф нигоҳ карду пурсид:
– Келинҳоям, набераҳоям дар куҷоянд?
– Онҳо ҳам шуморо пазмон шудаанд. Ҳар рӯз шуморо ба хотир меоранд. Аммо онҳоро дидаву дониста наовардем, худатонро ба шаҳр бурданием. Акнун бо мо зиндагӣ мекунед.
Кампир сукут варзид, хомӯш ба замин нигарист.
– Ман ин ҷойҳоро шояд партофта рафтан наметавонам, – баъди хомӯшии тӯлонӣ ҷавоб дод кампир.
– Медонам, модарҷон, медонам. Аммо шумо дар ин ҷо танҳо бошед, мо дар он ҷо оё осуда зиндагӣ мекунем?
– Дуруст, дуруст, бо мо рафтанатон лозим,– гуфтанд додарон ба тасдиқи сухани бародар.
– То имрӯз ба дилатон нигоҳ кардем. Акнун вақти рафтанатон фаро расид. Ҳамааш хуб мешавад, шумо ҳеч чизро фикр накунед.
Кампир дигар истодагарӣ накард. «Балки фикри бачаҳоям дуруст аст. Ба туфайли якравиам ба онҳо ҷабр нашавад, боз чӣ қадар умрам мондааст, Худо медонад. Шояд бо онҳо буданам хуб аст», фикр кард кампир.
– Майлаш, як гап мешавад, ман ба хӯрокпазӣ тараддуд кунам. Аз роҳи дур омадаед.
Ойдинхола чун пештара ош дам кард. Фарзандонаш бо табъи болида ва бо иштиҳои ғозгир ду табақ ошро хӯрданд. Хола дар рӯйи суфа ҷой андохт. Шабона хунук нахӯранд гуфта, ба болои онҳо кӯрпаи ғафс партофт. Ҳаракатҳои ӯ чаққон бошад ҳам, аз чӣ бошад, ки як гӯшаи дилаш ғаш буд. Ӯ чун шахси тарбузаш аз бағал афтида хомӯш аз ҷояш хест. Ҳар дафъае, ки сухан аз шаҳрравӣ ба миён меомад, ӯ дар гапаш қатъӣ меистод, аммо аз чи бошад, ин дафъа ба қарори бачаҳояш розӣ шуд. Дар асл инро нахоҳад ҳам, якравӣ кардан нахост. Писаронаш аллакай хоб карда буданд, аммо ба чашмони кампир хоб намеомад. Шаби дароз миҷҷа таҳ накард. 
Чашми рӯз накафида роҳи қабристонро пеш гирифт. Вақте вориди қабристон шуд, сари қабрҳо рафта сухан оғоз кард:
– Чаро маро танҳо монда рафтед? Акнун ҷою ҷогаҳ, себзорам ҳам маро нағунҷонда истодаанд. Писаронамро ҳам айбдор карда наметавонам. Онҳо ҳам намехоҳанд кампири пирро партофта раванд, аммо ин обу хоки ба ҷонам баробарро чӣ гуна партофта равам? Чаро ҳамаатон хомӯшед? Лоақал якеатон маро таскин диҳед. Мегиряму худамро тасаллӣ медиҳам. Оё ин аз рӯйи адолат аст?
Ойдинхола то дер нишаст. Ба ин ҷо дигар намеомадагӣ барин пичирросзанон, болои қабрҳоро сила кард. Баъд пойҳояшро базӯр кашола карда ба роҳи омадааш баргашт.
Роҳравон Боқиҷонро дар дами дарвозааш дид. Себҳои дирӯз чидаашро ба ӯ дод ва аз пешониаш бӯсида гуфт: «Туро себ чин гуфта безор мекардагӣ момоят акнун рафта истодааст, писарам». Боқиҷон ҳайрон ба ӯ нигоҳ кард, вале чизе напурсид.
Ҳамон рӯз ҳама дар тараддуди кӯч бастан буд. Ба кампир ҳеч кас эътибор намедод. Қариби бегоҳ ба писараш фармуд, ки ба себзор рафта оянд. Кампир бо баъзе дарахтон, ки бо ӯ ҳамсол буданд, хайрбод гуфт. 
– Очаҷон, ғам нахуред, ҳоло ба себзоратон бисёр меоед, – гуфт писараш.
– Эҳ-ҳе, шумоён намедонистагӣ сирҳоямро ин дарахтон медонанд. Тамоми умрам дар ин боғ гузашт, бо онҳо мисли апаю хоҳар шудаам.
– Аз бо мо рафтанатон хафа ҳастед-а, оча. Охир, моро ҳам фаҳмед-дия.
– Не, не, хафа нестам, фақат партофта рафтан намехоҳам.
Модару писар дигар гап назаданд. Кампир, ки аз ойнаи мошин хаёлолуд ба дуродур нигоҳкунон меомад, хомӯширо халалдор кард:
– Ӯткурҷон, агар ман аз ҳаёт чашм пӯшам, дар паҳлуи кенҷатоям гӯронед. Ба он ҷо бӯйи себзорам омада меистад.
Писараш бо тааҷҷуб нигоҳ кард, аммо ба хотири озурда нашудани дили кампир хомӯш монд.
Рӯз аллакай равшан шуда буд. Барои рафтан ҳама чиз тайёр. Аммо аз чӣ бошад, Ойдинхола аз хонааш намебаромад. Косаи сабри Ӯткурҷон лабрез шуду тез қадам гузошта рафта дари хонаи кампирро кушод. Ба дарун даромаду якбора фарёд зад. Ойдинхола бе нафас якпаҳлӯ мехобид...
Васияти холаро ба ҷо оварданд, дар паҳлуи кенҷатояш гӯронданд.
Акнун ҳар субҳ насим бо худ бӯйи себзорро ба қабри ӯ хоҳад овард...

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи 
Саодат БЕКНАЗАРОВА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: