БУЛБУЛИ БОҒИ ДӮСТӢ

Муаллифи ин сатрҳо Журналисти шоистаи Тоҷикистон, адиби номдори адабиёти ӯзбек ва тоҷик Ӯлмас Ҷамол, ки ҳамчун «булбули ду чаман», «пайвандгари адабиёти тоҷику ӯзбек» шинохта шудааст, агар дар қайди ҳаёт мебуд, ба синни мубораки 90 мерасид.

Ӯзбекистон ӯғлидурман, тожигим гуфто писар,
Рост гӯям, ҳар кадоме севгилимдур жон қадар,
Она деб айтсам бировин, ул бири менга падар,
Ҳамчу ду чашми сиёҳам икки халқ ҳам муътабар,
Меҳру ёдаш дар вуҷудам – порлагай шамсу қамар.
Муаллифи ин сатрҳо Журналисти шоистаи Тоҷикистон, адиби номдори адабиёти ӯзбек ва тоҷик Ӯлмас Ҷамол, ки ҳамчун «булбули ду чаман», «пайвандгари адабиёти тоҷику ӯзбек» шинохта шудааст, агар дар қайди ҳаёт мебуд, ба синни мубораки 90 мерасид.
Ӯлмас Ҷамол 17-уми майи соли 1934 дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро солҳои 1946-1956 аввал ду сол дар Ургут, сипас дар Душанбе давом додааст. Пас дар факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил гирифтааст. Солҳои 1961-1963 дар шаҳри Регар (ҳоло Турсунзода) фаъолияти омӯзгорӣ ва педагогии худро оғоз намуда, минбаъд дар шуъбаи ӯзбекии радио ва телевизиони Тоҷикистон меҳнат кард. Аз соли 1963 дар рӯзномаи ӯзбекии «Халқ овози» (собиқ «Совет Тожикистони») фаъолияти меҳнатию эҷодии худро идома дод.
Маҷмӯаи нахустини ӯ бо номи «Меҳр булоғи» («Чашмаи меҳр») дар биступанҷсолагии Ӯлмас Ҷамол чоп шуд. Пас аз он зиёда аз бист маҷмӯаи ӯ дар нашриётҳои Душанбе ва Тошканд чоп шуданд. Дар арафаи 70-солагии адиб девони ӯ бо номи «Сурур», ба муносибати 75-солагӣ девони «Масрур», сипас девони «Манзур» ва ба истиқболи 80-солагӣ девони ҷаҳоруми ӯ бо номи «Маъмур» чоп шуд.
 Ӯлмас Ҷамол барои аз нав эҳё намудани жанри ғазал дар адабиёти ӯзбек саҳмгузор гашт. Зиёда аз 100 ғазали шоир аз ҷониби ҳофизони машҳури Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба оҳанг дароварда шудааст, ки дӯстдорони санъат бо меҳр қабул кардаанд.
Ӯлмас Ҷамол, ки бо шеърҳои худ ба дили мардум ҷой гирифта буд, 27-уми июни соли 2017 дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё гузашт.  17-уми майи соли ҷорӣ 90-солагии ин адиби номдор, булбули боғи дӯстӣ дар зодгоҳаш – ноҳияи Ургут бо тантана ҷашн гирифта шуд. 
Чанд ғазали шоирро аз забони ӯзбекӣ ба тоҷикӣ тарҷума намуда, ҳамчун барги сабз пешкаши муштариён менамоем. Руҳи адиб шод шавад!

ҚАСАМ БО НОМИ ТУ

Ҳама буду набудам бо ту пайванд,
Ба азми зиндагӣ фахрам Худованд.

Қасам бо номи ту то зинда ҳастам,
Дилу ҷонам шавад бо зикри ту банд.

Мурод аз зиндагӣ, бар халқи озод
Шавам дар асл ман фарзанди дилбанд.

Набинад ҳеч кас аз ман бадиро,
Бадиҳо дидаам бисёр ҳарчанд.
Бикардам шукрҳо аз меҳнати худ
Хурам гар нони хушке, мешавад қанд.

Туро шодон бубинам ҳамзамонам
Аҷаб, Ӯлмас бибахшояд шакарханд.


МУНОФИҚ

Ту аз зоти мунофиқ дар ҳазар бош,
Ба сӯят ояд он сарфи назар бош.

Ба роҳат рӯ ба рӯ ояд замоне,
Бипӯшон чашму аз сӯйе гузар бош.

Худо нокардаю гардӣ мусоҳиб,
Ҷадал бинмою бар азми сафар бош.

Ту сирри худ, бидон, арзон фурӯшӣ,
Чу суҳбат дорӣ бо кас мухтасар бош.

Зи таҳти нохунат чирке биҷӯяд,
Забонашро бигардон безарар бош.

Ба нафъи хештан дунё биёлуд,
Зи аъмоли разилаш бохабар бош.

Мунофиқ турнаҳо ҳар рӯз сад ранг,
Ту машнав ҳарфашон, беболу пар бош!

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи 
Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: