БУЛБУЛИ ЧАМАНИ СУХАН

Орифи ҳақшинос — Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки ба қавли Хоҷа Абдураҳими Хилватӣ «ҷаҳонро ба шеъри тар гирифтааст», дар чанд абёти ифтихорияш худро булбули хушилҳон қаламдод кардааст.

Камол, дар баробари шоири дақиқназар ва нозукбаён будан, инсони хушсухан низ будааст. Мардум дар ғайбаш гуфтаанд, ки «суҳбати шайх беҳ аз худи ӯст». Шоир бо ишора ба ин «ғайбат»-и мардум фармудааст:
Гӯянд, гуфтаи ту бувад беҳ зи ту, Камол,
Ман булбулам, бале, сухани ман зи ман беҳ аст.

Ё дар ҷойи дигар:                  
Гар биҷӯянд ба сад қарн наёбанд, Камол,
Булбуле чун ту ғазалхон ба чаманҳои Хуҷанд.

Дар шеъру адаб ибораи «булбули шӯрида» киноя аз ошиқ аст. Булбули шӯридаи Хуҷанд — Камол ошиқи гул, ошиқи зебоиҳои зоҳириву ботинии инсон, ошиқи Ҳақ, ки офаридаҳояш ҳама муъҷизаанд, сарояндаи ишқи заминиву осмонист.
Дар адабиёти беш аз ҳазорсолаи форс-тоҷик маънӣ на ҳамеша нав аст, аммо гирумон ва сабки баён метавонад нав бошад. Қимати сухани Камол дар либоси нав ба хонанда пешниҳод намудани маъниҳои куҳан аст, ки инро истеъдод гӯянд.
Дидани ҷамоли Ҳақ ба ҳеч паямбар, ба ҷуз Одам (а. с.), муяссар нагардидааст. Ҷамоли Ӯро ошиқонаш дар офаридаҳояш: гулу гиёҳ, баргу бори дарахтон, оҳуву кабӯтар, гулпараку гамбусакҳо, анвои ҷонварони обиву хокӣ, кӯҳу дарёҳо, офтобу моҳ , осмону ситораҳо, инсони зебо... дидаанду мебинанд ва накҳаташро эҳсос кардаанду мекунанд. Худ дар як гулу кабӯтар ё дарахту баргу бори он чӣ қадар назокату зебоӣ ва қудрату тавонии Ӯ нуҳуфта аст, ки зери бори тасвиру баёни орояшон миёни қалам тоб мехӯрад.
Хонанда дар байни ишқи заминиву осмонии Камол гоҳо раҳгум мезанад, дар худ суол медиҳад: «Ин ишқи ҳақиқист ё маҷозӣ, ӯ бо ёри заминӣ роз мегӯяд, ё ёри (маъшуқ) осмонӣ?». Чунин ба назар мерасад, ки Хоҷа Камол низ мисли дигар орифони дарунсӯхта дар аввал ошиқи ёри заминӣ, баъд  осмонӣ (Худо) будааст, ёри заминӣ ӯро ба ҳузури  ёри осмонӣ мехонад ва ӯ ба дидору висоли сарманшаи зебоиҳои даруниву берунии олам — Худованд расиданист. Аммо худ бехабар аст, ки дар канори ёри осмонист, ба ҳама сӯ бингарад, Ӯро мебинад - ӯйи ломакон, ӯйи дар ҳама ҷо ҳозиру нозирро...
Аз нигоҳи инҷониб таҳлили як ғазали машҳури Хоҷа, ки аз он бӯйи ёри заминиву осмонӣ меояд, ин гуфтаро то ҷое собит менамояд.
Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро,
Бо дигар кас ошноӣ хуш намеояд маро.
Воқеан, барои ошиқи ҳақиқӣ як соат аз ёр (маъшуқ) дур будан ва бо дигарон унсу улфат гузидан хушоянд нест. Орифу солик низ ба ишқи сарманшаи зебоиҳо — ёри осмонӣ гирифтор аст, субҳу шом дар ёди Ӯст, ба ҷуз Ӯ ба дигар касу чиз қаробат ҷустан намехоҳад.
Гӯиям: «Рав з - ин дару султони вақти хеш бош»,
Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро.

Ту гӯӣ, ки аз даргоҳи ман бирав, маро тарк бигӯ, султони вақти худ бош. Аммо ман дар даргоҳ — ҳузури Ту на камтар аз султонам, вақтам хеле хуш мегузарад. Аз даргоҳи Ту биравам, гадо мешавам. Бино бар ин, баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро.
Чокаронатро намегӯям, ки хоки он дарам,
Бо бузургон худситоӣ хуш намеояд маро. 

Ба чокарони (хидматгузорон) ту намегӯям, ки ман хоки даргоҳи ту ҳастам. Зеро онҳо дар мартаба аз ман, ки хоки дари туям, болотаранд. Биноан, дар назди бузургон худситоӣ хуш намеояд маро. Хоки зери пойи ёри заминиву осмонӣ будан ғояти ишқу дӯстдорист.
Гуфтамаш: «Дар оби озар акси рӯятро намо»,
Гуфт: «Ҳар дам худнамоӣ хуш намеояд маро».

Гуфтам, ки дар оби озар - шароби сурх («Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем» Ҳофиз) акси рӯятро бинамо. Гуфт, ки  ҳар дам худнамоӣ маро хуш нест. Воқеан, худнамоӣ барои инсони комил ё зоти Ӯ бегона аст.
Аз лаби лаълат напарҳезам ба даври он ду чашм,
Пеши мастон порсоӣ хуш намеояд маро.
Истиораи ду чашм — мастон ба қимати ин байт афзудааст. Дар гирди ду чашми ту (посбонон) барои бӯса гирифтан аз лаби лаълат худдорӣ (парҳез) накунам.
Зеро дар пеши мастон - чашмон (чашми маст - киноя аз чашмони зебо) порсоӣ (тақводорӣ) хуш намеояд маро.
Мункири зӯҳдам ба рӯят то назарбоз омадам,
Покбозам ман, дағоӣ хуш намеояд маро.

Вақте ба рӯят ошиқ шудам (назарбоз омадам), зӯҳду порсоӣ - тарки дунё гуфтанро инкор кардам, ба одаму олам дилбастатар шудам. Ман покбоз - дурусткор ҳастам, дағоӣ - макру фиреб маро хушоянд нест.
Сӯфиён гӯянд: 
«Чун мо хезу дар рақс о, Камол»,
Ҳолати ваҷди риёӣ хуш намеояд маро.

Рақси сӯфиён аз рақсҳои оддӣ фарқ дорад. Рақси онҳоро самоъ гӯянд, ки ваҷду ҷазбаи дарвешон ба ҳангоми зикр (дуое, ки пайдарпай хонда шавад) бошад.
Шоир гуфтанист, ки маро сӯфиён (пайравони оини тасаввуф) ба рақс (самоъ ва ҷаҳр) даъват менамоянд. Аммо ман шефтаи ёри заминиям, ҳолати ваҷди риёӣ - ваҷди зоҳирӣ (мунофиқӣ) хуш намеояд маро.
Ин навишта камолхонии мо буд, ба ифтихори 700 - умин солгарди зодрӯзи шайхи бузург, ки тақрибан дар солҳои 1318 (21) дар «Тирози ҷаҳон» — Хуҷанди бостонӣ дида ба дунё кушуда, соли 1400 (01) дар боғи хушманзари Волиёнкӯҳи  шаҳри Табрез дафн шудааст.
Умед аст, ки дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва гурӯҳҳои тоҷикии муассисаҳои таълими  олии ҷумҳурӣ камолхонӣ идома меёбад.

А. СУБҲОН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: