Малик КАБИРОВ
Меҳр агар дар дил набошад, дилбарӣ даркор нест,
Ғамзаи чашми бутон, афсунгарӣ даркор нест.
Ишқро лаззат набошад шавқи булбул аз куҷост,
Гар насозад дил фари хунёгарӣ даркор нест.
Гав набӯяд гул ва бо булбул наҷӯяд ҳамдамӣ,
Бут набошад покдоман ҳамсарӣ даркор нест.
Рехт тухми меҳри гул бар мазраи қалби гадо,
Ишқро макру дағо, иғвогарӣ даркор нест.
Мехарӣ кулли наво бо бадра аз бозори даҳр,
Баҳри ошиқ пешаи савдогарӣ даркор нест.
Бо лати кибру такаббур дил наёрад кас ба даст,
Эй писар, андеша бинмо сарсарӣ даркор нест.
Бар нигоре чун шудӣ ошиқ марав сӯйи дигар,
Булҳавас ҳаргиз машав ҳуру парӣ даркор нест.
ПАРИСО
МУСТАЗОД
Кай нур биборад сари меъодгаҳи роз,
Дар ин шаби ялдо,
То кай дами расвоӣ фурӯ мекашадам боз,
Аз чист ҳувайдо?!
Бар тахти равони ғаму андӯҳ равонам,
Бар кишвари уммед,
То ёбамаш осор аз он булбули ғаммоз,
Дар меҳани Анқо.
Эй Ҳофизи сармаст, бигӯ баҳри савобе,
Чандест тафовут,
Байни ману он лолаи ошиқкуши Шероз?!
Дар ҳайратам Ҳақо!
Дидам, ки наафтод бад-ин доми карашма,
Чун Юсуфи Мисрӣ,
Бидридаму ҷастам бурун аз пираҳани ноз,
Монанди Зулайхо.
Мегӯӣ, ки ишқ аслиҳаи дилхушӣ?! Не! Не!
Андешаи хоме!
Ишқ аз ғаму андӯҳ бикунад рӯи ту пардоз!
Дардову шигифто!
Сад мурда ба оҳи ту зи ҷо ҷасту равон гашт,
Дорам аҷаб, аммо,
Гӯ аз чӣ шавад рамзи дилу ақли ман оғоз?
Эй Ҳазрати Исо!
Рӯде бизану ком бигир аз майи ангур,
Дар базм Парисо,
Мурғи дилат аз мастӣ шавад боз ба парвоз,
Шояд, ки ҳамоно!
МАРАНҶ
Хасро фалак азизи башар мекунад, маранҷ,
Касро ҳақиру дастнигар мекунад, маранҷ.
Дарё хутути соҳили хушсабзи хешро,
Бо даргузашти вақт дигар мекунад, маранҷ.
Гоҳе хазанда ҳам пайи парвозҳои дур,
Бо боли ғайр азми сафар мекунад, маранҷ.
Хуршед ҳам ба манзили неку бадони даҳр,
Яксону якнавохт назар мекунад, маранҷ.
В-он кас, ки даст доду туро дӯст хонд, лек
Доман ба хуни дӯст чу тар мекунад, маранҷ.
Ай Орзуи сода, мақоми самандро,
Дунё насиби галлаи хар мекунад, маранҷ.
Орзу ИСОЗОДА.