БУНГОҲИ ТИББИИ «ҚИЗИЛРАВОТ»

Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қизилравот»-и ноҳияи Рометан аз маркази ноҳия дар масофаи 265 километр, дар оғӯши дашти Қизилқум воқеъ гардида, он бо вилояти Хоразм ҳамҳудуд мебошад.

Дар ин маскани дурдасти асосан қазоқнишин, дар давоми даҳ соли охир дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад.
Хусусан, соли 2021 мувофиқи Барномаи давлатии «Деҳаи обод» дар ин ҷо бобати бо оби ошомиданӣ таъмин кардани аҳолӣ, иваз намудани симчӯбҳои хати барқ бо сутунҳои бетонӣ, трансформаторҳои кӯҳна бо наваш, роҳсозӣ барин ҷараёнҳои ободгардонӣ ба вуқӯъ пайваст, ки ҳусни ҳудудро тағйир дод. Мувофиқи талаби сарвари давлат ҷиҳати дастрас намудани хидмати малаканоки тиббӣ дар ҳудудҳои дурдаст дар ин ҷо ҷараёни сохтмони пункти тиббии оилавӣ вусъат меёбад. Бинокорони гулдасти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Fathualite bulding» дар ин ҷо мувофиқи лоиҳа ба андозаи 1 миллиарду 439 миллион сӯм корҳои сохтмонро ба анҷом расонда, ҳоло ҷараёни ҷиҳозонидани биноро идома медиҳанд. Ин бино дорои манзили муолиҷагирии рӯзона, ЭКГ, маслиҳатхонаи  бонувон, стоматология буда, рӯзҳои муайян мутахассисони доираи танг аз маркази ноҳия омада, аҳолиро аз назорати тиббӣ мегузаронанд.
Шубҳае нест, ки дастрасшавии хидматрасонии дилхоҳи тиббӣ аҳолии дурдасти оғӯши даштро беҳад шод мегардонад. 

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: