Самараи ислоҳоти соҳаи тибб дар минтақаҳои дурдасти кишвар низ ба мушоҳида мерасад. Дар мамлакати мо саломатии инсон дар зинаи аввал қарор дорад. Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки дар деҳаҳои дурдаст низ барои нигаҳбонии саломатии аҳолӣ бунгоҳҳои нави тиббӣ қад афрохта, базаи моддиву техникии онҳо мустаҳкам, хидмати тиббии сифатнок таъмин гардад.
Барои расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолии маҳаллаҳои «Гулистон» ва «Юксалиш»-и ноҳияи Конимехи вилояти Навоӣ бунгоҳи нави оилавии «Телемен» бо тамоми шароиту имконоти мусоид ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи муассисаи навбунёд ҳокими ноҳия Руслан Рӯзиев, роҳбари Иттиҳодияи тиббии ноҳия, фаъолони маҳаллаҳо, ходимони тиббӣ ва намояндагони аҳолии маҳаллӣ иштирок намуданд.
Бунгоҳи тиббӣ ба 2705 нафар аҳолӣ ёрии тиббӣ мерасонад. Муассисаи мазкур тибқи лоиҳаи «Буҷаи ташаббуснок» ба ивази 622 миллион сӯм бунёд гардида, ба истифода дода шуд. Муассиса бо дастгоҳҳои замонавии ташхискунандаи биокимиёвӣ, гемотологӣ ва стомотологӣ таъмин мебошад. Имконоти васеъ барои қабули беморон аз ҷониби шифокорон муҳайё гардидааст.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.