БУНЁД МЕГӮЯД, КИ...

Борҳо бо набераам Бунёд дар кӯчаҳои Тошканд, Навоӣ ва шаҳрҳои дигар гашту гузор кардаем.

Ҳар боре аз гузаргоҳҳо гузаштанӣ шавем, ӯ ҳатман аз дастам дошта, гирон шудани чароғаки сабзро интизорӣ мекашад, ҳарчанд дар роҳ мошин нест ва ё дур аст.
– Бобо, чароғак сурх аст, пас аз роҳ гузаштани мо мумкин нест, – мегӯяд ӯ. 
– Мо бояд ба бехатарии ҳаракат риоя кунем. Ба замми ин давлат барои таъмини бехатарӣ дар роҳ маблағ сарф намуда, чароғакҳоро гузоштааст... 
Бунёд ҳоло хонанда аст, дар яке аз мактабҳои шаҳри Чикагои ИМА таҳсил мекунад. Як сол ҳамроҳи волидон дар Венетсияи Италиё низ будубош дошт. 
Ҳаракат ва суханони талабаи мактабро дидаву шунида, андеша мекунам: 
– Мо-чӣ? Оё мо ба ин ҳама қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя мекунем? Афсӯс, на ҳамеша. Аз ҷойи дилхоҳ роҳро убур мекунем, ба чароғак эътибор надода, ба чап ва рост нигоҳ накарда, аз роҳ мегузарем. Ҳаёти худ ва ронандаи бегуноҳро зери хатар мегузорем. Ва мешавад, ки баъзан ронандаҳо низ ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намекунанд. Эҳтироми пиёдагардонро ба ҷо намеоваранд...
Воситаҳои нақлиёт мушкилкушои мардуманд, роҳи дуру дарозашонро наздику кӯтоҳ, вақти онҳоро сарфа мекунанд. Дар шаҳри Тошканд истифода аз метро хеле босамар буда, имконоти фоидабарӣ аз он хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Нархи чиптаҳо ҳам гарон нест. Дар ҳар як истгоҳ нақшаи ҳаракати қатораҳо ҳаст. Баъди ҳар таваққуф номи истгоҳи оянда эълон мешавад. Агар мусофир номи истгоҳи худро донад, ҳеҷ гоҳ роҳгум намезанад. Барои фуромадан дар он пешакӣ тайёрӣ мебинад ва ба касе халал надода, берун мешавад.
Автобус низ чун нақлиёти мусофиркаш дар шаҳрҳо мақом ва мавқеи хос дорад. Дар ин бобат низ Тошканд ибратпазир аст. Ба пойтахти кишвар ҳар рӯз ҳазорҳо мусофир аз гӯшаю канори диёри мо ва хориҷи он меоянду мераванд. Аксари онҳо бештар автобусро мавриди истифода қарор медиҳанд. Ҳарчанд таксӣ зиёд ва метавонад мусофирро то манзил расонанд, нархи гаронашон на ҳамаро созгор аст. Бахусус, дар шаҳри азими Тошканд, ки  сафи мусофирон нисбати дигар шаҳрҳои кишвар бештар мебошад. Дар ҳар истгоҳ пурсишҳои зиёди мусофирон аз ронандаи автобус ба гӯш мерасад:
– Аз фалон истгоҳ мегузаред ё ба фалон истгоҳ меравед? Зиёд садо медиҳанд чунин суол. Онҳо танҳо номи истгоҳи барояшон зарурро медонанду бас. Он истгоҳ дар куҷост, намедонанд. Дар дохили солун низ мусофирро суоли бисёр аз ҳамсафарони дигар пайдо мешавад. Ӯ маҷбур аст номи истгоҳи заруриро аз атрофиён ҷӯё шавад. Ва инро дар ҳар як истгоҳ такрор кунад. Вагарна мумкин аст овора шавад...
Хатсайри ҳар як автобус дақиқ аст. Автобус бинобар хатсайри муайян ҳаракат мекунад. Оё намешавад, ки дар автобусҳо низ чун дар вагонҳои метро ҳар як истгоҳ эълон шуда, номи истгоҳи оянда пешакӣ ба мусофирон расонида шавад. Ин амал, бешубҳа, мушкили мусофиронро сабук намуда, боиси суолборон ва саргардониҳои зиёд намегардад. Агар дар автобусҳои саросари ҷумурӣ ва ба хусус шаҳри Тошканд ин иқдом амалӣ мегардид, нур болои нур мешуд. 
Камина дар шаҳри Ҷиззах шоҳиди воқеае шудаам, ки боиси андеша мебошад. Дар ин ҷо байни  ҳаракат ва муносибати ронандаҳои автобус ва таксӣ бобати гирифтани мусофир тафовут нест. Кӯчаҳои шаҳр равон буда, истгоҳҳо замонавианд. Вале дар истгоҳҳо кам касонро дучор мешавед. Ронандаҳои автобус ба қоидаҳои ҳаракат дар хатсайри худ риоя намекунанд. Онҳо дар ҳар 10-15 метр бозмеистанд ва мусофир мегиранд ё мефуроранд.
Ин ҷо айб танҳо дар ронанда нест. Дуруст аст, ки онҳо бояд автобусро дар истгоҳ нигоҳ доранд, на дар ҳар қадам. Вале бояд плони ҳаррӯзаи худро иҷро кунанд. Ташкилот аз онҳо иҷрои нақшаи корӣ ва маблағи муайянро тақозо мекунад. Шояд аз ин сабаб сари ҳар қадам «клиент» мегиранд. Ҳарчанд риоя ба хати ҳаракат вазифа ва ӯҳдадории ронанда аст...
Ҳар як фаъолият маданияти худро дорад. Давлат маблағи зиёдро сарф карда, истгоҳҳои замонавӣ бунёд намудааст. Ин ҳама ба манфиат ва роҳати мардум мебошад. Бояд мардум ҳам ин ҳамаро дарк ва ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя кунанд. Қонуну қоидаҳоро эътироф ва ҳурмат намоянд. Эътироф ва эҳтироми қонуну қоидаҳо арҷгузорӣ ба мардум низ ҳаст. Зеро ин маданияти истифода аз воситаҳои нақлиёт мебошад.
    
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори ҷамоатии
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: