БУНЁДИ БУЗУРГТАРИН МАРКАЗИ САВДО ДАР СУРХОНДАРЁ

12 ноябри соли 2020 Фармони Президент “Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам ривоҷонидани фаъолияти минтақаҳои иқтисодиёти тахассусӣ ва саноати хурд дар шаҳри Тошканд ва Сурхондарё” ба имзо расид ва дар асоси ин фармон тасмим гирифта шуд, ки дар вилояти Сурхондарё корхонаҳои бо технологияи замонавӣ ҷиҳозонидашуда ташкил гардад, савдои минтақавӣ рушд намояд, маҳсулоти маҳаллӣ беш аз пеш дар хориҷи кишвар харидор пайдо намояд.

Барои амалӣ намудани ин нақшаҳо INTERMEX – “Маркази савдои байналхалқии Тирмиз” бунёд ёфт.
Дар тадбири кушодашавии ин маркази савдо муовини ҳокими вилоят  Анвар Орипов, роҳбари INTERMEX – “Маркази савдои байналхалқии Тирмиз” Бахтиёр Рӯзиев, директор оид ба масъалаҳои савдо Мустафо Акюрт ва дигарон дар бораи аҳамияти ин маркази савдо, бо кишварҳои ҳамсояи хориҷӣ мустаҳкам намудани алоқаҳои иқтисодӣ, савдо, зиёд намудани ҳаҷми содирот ва ба соҳибкорони хориҷӣ муҳайё сохтани чунин шароити мусоид ҳарф заданд.
Маълум, ки вилояти Сурхондарё бо нуфузи иқтисодиёти худ, бойигарии рӯизаминӣ ва зеризаминиаш дар тараққиёти кишвар нақши муҳим дорад. Алалхусус, барои баромадан ба бозори ҷаҳонӣ имконоти васеъро дорост. Зеро Сурхондарё бо кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамсарҳад аст. Барои Ӯзбекистонро бо ин се кишвар пайваст намудан 372 км. роҳи оҳан ва 14  вокзал мавҷуд аст ва ин имкон медиҳад маҳсулот бо нархи нисбатан арзон аз як ҷой ба ҷойи дигар интиқол ёбад. “Маркази савдои байналхалқии Тирмиз” аз аэропорти байналхалқии Тирмиз дар масофаи 15 км. ва аз вокзали роҳи оҳан 12 км. ва Бандари дарёи Тирмиз 17 км. ҷойгир аст. Ва аз пости боҷхонаи Ҳайратон, ки дар сарҳади Ӯзбекистону Афғонистон ҷойгир аст, ҳамагӣ 300 метр роҳ аст. Ё худ аз INTERMEX – “Маркази савдои байналхалқии Тирмиз” то шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон 99 км, аз Душанбе 245 ва аз Туркманобод 441 км. роҳ аст. Барои ҳамин ҳам ин маркази савдо барои тадбиркорон нақши даҳлезро иҷро менамояд.
Аз рӯи гуфтаи мутасаддиён ин маркази замонавӣ барои мустаҳкам намудани алоқаҳои иқтисодии Ӯзбекистону Афғонистон бештар нақши муҳим мебозад. Зеро тавассути он ба бозорҳои Афғонистон имкони расонидани 90 фоизи маҳсулоти зарурӣ пайдо мешавад.
– Баъди пурра ба кор даромадани маркази савдо ба соҳибкорон ва шаҳрвандони хориҷӣ ба тариқи истисно барои ба ҳудуди Ӯзбекистон даромадан раводид расмӣ накарда, муддати 10 рӯз бо шиноснома гузар намуданашон иҷозат дода мешавад, – мегӯяд Анвар Орипов. – Даромадан ва баромадани шаҳрвандони Афғонистон ба маркази савдо бо воситаи пункти махсуси техникии “Тирмиз-автойӯл” ба амал бароварда мешавад. Биноҳои марказ ба харидорони соҳибкор фурӯхта мешавад ва ба соҳибони мулк барои пардохтани андози давлатӣ имтиёзҳо низ дода шудааст.
Дар вақти баргузории тақдимот барои соҳибкорони маҳаллӣ ва хориҷӣ, ходимони Воситаҳои ахбори оммавӣ дар маркази савдо инфотур ташкил карда шуд. Иштироккунандагон дар ин ҷо бо шароити муҳайёгардида, нуқтаҳои савдо, иншооти хидматрасонӣ аз наздик шинос шуданд.
Инак, барои харид намудани бино, дӯкон, нуқтаҳои савдо иҷозат дода шуд. Ин маркази савдо аз 11 бинои асосӣ иборат буда, масоҳати он 260 ҳазор квадрат метрро ташкил менамояд. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки ин маркази савдо дар миқёси кишвар яке аз бузургтарин маҷмӯи савдо, маркази истеҳсолот маҳсуб меёбад.
Дар ин ҷо барои савдои чакана ва яклухт зиёда аз 3000 дӯкон барпо шудааст. Майдончаҳои истеҳсолӣ бунёд ёфтааст. Анборҳои яхдонӣ, меҳмонхонаи шинами дорои 300 нафар ҷой, ҳостел ва ресторани бошукӯҳи дорои 300 ҷой ва шохобчаҳои хӯрок-хӯрӣ, маркази логистика, инчунин, хидматрасонии автомобилӣ, нуқтаҳои сӯзишворӣ барои автомобил ва дигар шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Ин маркази савдои бузург баъди пайдо намудани харидорони худ, яъне соҳибӣ кардани мулкдорон, таҳти шиори “Дар маркази дили Осиё савдо кунед” дар чоряки аввали соли нави 2023 пурра фаъолияти худро оғоз менамояд.

Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик” дар вилояти Сурхондарё.
Суратҳои ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: