БУНЁДИ «ЭЛ-ЮРТ УМИДИ» ВА МАКТАБИ ДОНИШКАДАИ ФРОНСАВИИ НАФТ ДАР БОРАИ ҲАМКОРӢ БОБАТИ ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС ШАРТНОМА БАСТАНД

Маросими имзогузории Меморандуми ҳусни тафоҳуми байни Бунёди «Эл-юрт умиди» ва Мактаби донишкадаи фаронсавии нафт «IFP School» баргузор шуд.

Маросими имзогузории Меморандуми ҳусни тафоҳуми байни Бунёди «Эл-юрт умиди» ва Мактаби донишкадаи фаронсавии нафт «IFP School» баргузор шуд.  
«IFP School» (I`Institut franc,ais du petrole) соли 1954-ум ташкил ёфт ва ба ҳайати Донишкадаи тадқиқотии нафт, сӯзишворӣ ва маводи молидании «IFPEN»-и Фаронса дохил мешавад. Бинобар 17 самт барномаи магистириро пешниҳод менамояд, ки 7-тои онҳо ба забони англисӣ мебошанд. Мутахассисонро дар соҳаҳои нафту кимиё, коркарди нафт, газ ва неруи манбаъҳои нав тайёр мекунад. 80 фоизи донишҷӯён аз ҳисоби маблағи субъектҳои саноатӣ таҳсил мегиранд, тақрибан нисфи донишҷӯён хориҷӣ мебошанд. Сатҳи бо кор таъкинкунӣ 90 фоизро такшил медиҳад. 
Меморандуме, ки маросими имзои онро сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Париж омода намуд, самтҳоро дар магистрант ва докторантҳои Бунёди «Эл-юрт умиди» дар Фаронса барои таълим ва тадқиқот дар «IFP School», иштироки мутахассисони ватанӣ дар машваратҳо, тренингҳо, ҳамчунин дар таҷрибаомӯзӣ, ки муассисаи таълимии Фаронса пешниҳод менамояд, иштирок мекунанд. 
Муоҳида дар бораи ба имзо расондани Меморандуми ҳусни тафоҳуми байни ду муассиса ҳангоми сафари ҳайати «IFP School» ба Тошканд моҳи декабри соли гузашта, ки дар ҷараёни он ҳамчунин вохӯриҳо дар Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ва Донишкадаи кимиёву технологияи Тошканд ташкил гардиданд, ба даст омада буд. 

АИ «Дунё», 
ПАРИЖ.  
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: