БУНЁДИ ХОНАҲО БАҲРИ ҲИМОЯЧИЁНИ ВАТАН

Шукр, ки дар даврони истиқлол симои деҳот ба куллӣ тағйир ёфта, ба туфайли ғамхориҳои ҳукумат ва ислоҳоти пурвусъат ҳатто дар дурдасттарин гӯшаҳои кишварамон низ корҳои ободонӣ бо ҷадал пеш меравад.

Кӯҳистони Боботоғ низ аз гӯшаҳои дуртарини вилояти Сурхондарё маҳсуб меёбад. Он минтақаи сарҳадӣ ба шумор меравад. Ин диёри хушманзара бо Тоҷикистон ҳамсарҳад буда, бо пистаҳои бомазза ва хушсифаташ ном баровардааст. 
Дар ин ҷо сарҳадбонони ҳушёру зираки мо шабу рӯз баҳри бехатарии минтақа ва осоиштагии мардум фаъолият доранд. Ҳукумат барои онҳо ва аҳли оилаашон ғамхорӣ зоҳир намуда, шароити зиндагиашонро рӯз то рӯз беҳтар карда истодааст. Дар наздикӣ бо иштироки ҳокими вилоят ва мутасаддиён, намояндагони ҳокимияти ноҳияи Узун дар оғӯши табиати беҳамто тадбири хотирмоне баргузор шуд. Дар ин ҷо 3 бинои нави 5 қабата ва 4 бинои дуқабатаи аз таъмири ҷорӣ баровардашуда, барои 102 оилае, ки дар хидмати ҳарбии сарҳадӣ адои вазифа менамоянд, супурда шуд. Хонаҳо бо усули замонавӣ ҷиҳозонида шуда, шинам, васеъ ва дорои ҳама гуна шароит аст. Инчунин, барои бонувони ин оилаҳо ва занону духтарони маҳаллӣ сехи бофандагӣ низ бунёд карда шуд. 
Барои бунёди ин шаҳрак ва анҷоми ин лоиҳаи бузургҳаҷм 20 миллиарду 500 миллион сӯм маблағ масраф гардид. Корхонаи бинокории “Саидабону-Азиза-Тирмиз” дар муддати кӯтоҳ ин лоиҳаро бо сифат ба анҷом расонд.

Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик” дар вилояти Сурхондарё.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: