Аз тарафи роҳбари давлатамон барои шароит муҳайё намудан ба ҷавонон ва рушди соҳаи сайёҳӣ, инчунин, пурмазмун гузаронидани вақти холии насли наврас дар ҷойҳо ташкил намудани «Кӯчаҳои ҷавонон ва сайёҳӣ» пешбинӣ шудааст. Дар айни ҳол бо мақсади таъмини иҷрои ин супориши раисҷумҳур дар ҳама минтақаҳои вилояти Сурхондарё, ҷамъ 15 кӯча интихоб гардида, дар асоси лоиҳаи намунавӣ корҳо бо суръат пеш меравад.
Яке аз ҳамин гуна кӯчаҳо дар ҳудуди маҳаллаи «Гулистон»-и ноҳияи Шӯрчӣ барпо карда ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи «Кӯчаи ҷавонон ва туризм» ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов, собиқадорони меҳнат, раҳбарони ташкилоту идораҳо, ҷавонон, варзишгарон ширкат варзиданд, ҳоким таъкид намуд, ки ҳамаи ин ғамхориҳо барои солимгардониву пурмазмун гузаронидани вақти холии ҷавонон, инчунин ривоҷ додани соҳаи туризм мебошад.
Дар кӯчаи мазкур 2 варзишгоҳи хурди футбол, як толори 250 нафара, майдонҳои варзишӣ барои гузаронидани мусобиқа ва машқу тамрини намуди бозиҳои варзишии варкоут, баскетбол, волейбол, ҳарбӣ-ватанпарварӣ ва амфитеатри 50 нафарӣ барпо шудааст. Дар қад-қади кӯча роҳраве, ки дарозиаш 3,4 км мебошаду барои велосипедронҳо мувофиқ гардонида шудааст, низ барпо гардидааст. Инчунин, барои кабудизор намудани кӯча гармхонаи гулу ниҳолпарварӣ бунёд ёфтааст. Дар анҷом иштироккунандагони маросими тантанавӣ чун рамзи бунёдкорӣ дар қад-қади роҳ, дар боғе, ки бунёд ёфта истодааст гул ва ниҳолҳои манзаравӣ шинониданд. Бешубҳа аз бунёди чунин кӯча хурсандии ҷавонон ҳадду канор надорад ва ин гуна амалҳо барои пурмазмуну бофароғат гузаронидани вақти холӣ мусоидат мекунанд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.