БУНЁДИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ДАСТОВАРДҲОИ МУҲИМИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВАНД

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода сафарро ба водии Фарғона дар вилоятҳои Андиҷон ва Намангон идома дод.

Ӯро муовини аввали ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои молӣ, иқтисодиёт ва мубориза бо камбизоатӣ – сардори садорати рушди иқтисод ва мубориза бо фақри вилояти Андиҷон Дилшодбек Каримов ба ҳузур пазируфт.
– Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамсоя ва ҳамкорони наздики мост. Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро таърихи дурудароз ва арзишҳои маънавии муштарак мепайванданд. Ин ду халқ аз як дарё об менӯшанд ва риштаҳои дӯстии онҳо ба риштаҳои хешутаборӣ табдил ёфтааст. Ӯзбекону тоҷикон як миллати дузабона ҳастанд. Анъанаҳои қадимии ҳамсоядорӣ ва эҳтироми тарафайн заминаи устувори муносибатҳои ду кишвар мебошанд, ки ба ҳамкориҳои зиёд мусоидат намудаанд, – гуфт Дилшодбек Каримов. – Имрӯз муносибатҳои наздики ду кишвар дар рӯҳи дӯстӣ, ҳамсоягии нек, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод бемайлон инкишоф меёбанд. Бояд гуфт, ки чунин риштаҳои мустаҳкам дирӯзу имрӯз ба вуҷуд наомадаанд, балки дар давоми ҳазорсолаҳо дар хуни халқи мо ҷой гирифта, дар олами маънавӣ ва ҳаёти фарҳангии онҳо ташаккул ва сайқал ёфтаанд. 
– Дар даврони Ӯзбекистони Нав робитаҳои ду кишвар боз ҳам беҳбуд ёфтаву ҳаҷми табодули мол аз 600 миллион доллар гузаштааст ва дар ин замина табодули моли байни вилояти Андиҷон ва Тоҷикистон аз чаҳор миллион доллар ба 13-14 миллион доллар афзоиш ёфт. Аммо ин ҳанӯз нишондиҳандаи баланд нест, ки ҳарду ҷонибро қаноат дода тавонад, – иброз дошт Дилшодбек Каримов.  
Дар ҳамин ҳол дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Андиҷон, корхонаҳои зиёди саноатӣ арзи вуҷуд намудаанд, ки истеҳсоли маҳсулоташон ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунад. Шумо аз ин минтақаҳо боздид ва бо фаъолияти корхонаҳои саноатии мо аз наздик ошно хоҳед шуд. Дар ин замина мо метавонем ҳамкориҳои густурдаеро бо соҳибкорони тоҷик ба роҳ монем.
– Мо дар вилояти Фарғона будем ва аз корхонаи истеҳсоли кафел ё сафолакҳо боздид намудем. Воқеӣ аст, ки кишвари мо ба ин сафолакҳо ниёзи калон дорад. Мо метавонем, ки дар фурӯши маҳсулоти корхонаҳои шумо низ мусоидат намоем, – гуфт дар навбати худ Абдуҷаббор Раҳмонзод.  —  Роҳбарони ду давлат – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дастур додаанд, ҳаҷми табодули моли миёни ду кишвар ба як миллиард доллари амрикоӣ бирасад. Зимни ташрифи ояндаи Ш.Мирзиёев ба Тоҷикистон ин масъала матраҳ хоҳад шуд. 
Вай қайд кард, ки тибқи маълумот дар вилояти Андиҷон ҳафт мактаби олӣ фаъолият мекунад, ки панҷтои он дар тасарруфи давлат аст.  Мактабҳои олии Андиҷон метавонанд бо муассисаҳои таълимоти олии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшони кӯҳӣ ҳамкорӣ барқарор намоянд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи гардишгарӣ низ барои ҳарду кишвар манфиати зиёд хоҳад овард. Ба таври мисол, шаҳри Андиҷон метавонад барои сайёҳони тоҷик ҳамчун туризми зироатӣ ва тиббӣ низ хидмат кунад. Ноҳияи Исфара дорои осоишгоҳе мебошад, ки дар даврони гузаштаи наздик аз вилояти Андиҷон низ ба теъдоди зиёд барои истироҳату табобат мерафтанд. Дар ин замина туроператорҳо бо имзои меморандум барои эҳё намудани анъанаҳои собиқаи мардуми ду кишвар хеле мусоидат хоҳанд кард.
Боздид аз Осорхонаи давлатии таърихи вилоят ва тамошои экспонатҳои он баёнгари таърихи дуру наздики ин вилоятро пеши назар ҷилвагар намуданд. Ба дунболи он сафир ба чанд корхонаи саноатии вилояти Андиҷон ташриф овард, ки гуфта мешавад, бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва сармоягузорони дохилӣ дар якуним-ду соли охир бунёд ёфтаанд ва ба истеҳсоли дорувор ва маҳсулоти тиббӣ тахассус дода шудаанд. Тамошои шаҳраки нави Андиҷон, ки барои 450 ҳазор нафар аҳолӣ бунёд мегардад, мавриди таваҷҷуҳи сафир қарор гирифт.
Вилояти Намангон низ А.Раҳмонзодаро ба тарзи хос истиқбол намуд. Он дидору мулоқотҳои ҷолиберо, ки бо ширкати шахсони расмӣ баргузор гардид, хеле пурмуҳтаво арзёбӣ кардан мумкин аст. Дарвоқеъ, саноати бофандагӣ дар ин вилоят хеле рушд кардааст. Абдуҷаббор Раҳмонзода ба чанд корхонаи хурду бузурги саноатӣ, воқеъ дар ноҳияҳои Чортоқ, Косонсой ва Давлатобод ташриф овард, ки ба истеҳсоли маҳсулоти мавриди эҳтиёҷи аҳолии кишвар ва берун аз он машғуланд. Вай гуфт, ки Тоҷикистон ба ин маҳсулот аз дигарон дида ниёзи бештар дорад ва дар ин самт аз ба роҳ мондани ҳамкорӣ мардуми ду кишвар манфиат хоҳад дид.
Дар идомаи сафари корӣ сафир ба мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 8-уми ноҳияи Косонсой ташриф овард. Ин ташриф аз оғоз то анҷом хеле хубу хотирмон гузашт.
– Дар мактаби мо таҳсил ба се забон сурат мегирад: ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ. Гузашта аз ин, барои донишомӯзони мо тадриси забони англисӣ низ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Аммо машғулияти забони тоҷикӣ ба дӯши омӯзгороне гузошта шудааст, ки донишгоҳҳои мухталифи Тоҷикистонро хатм кардаанд ва аз таҷрибаи хуби корӣ бархурдоранд, – гуфт директори ин мактаб Каримахон Аббосхонова.
Маълум шуд, ки дар ин мактаб ниёз ба китобҳои бадеии тоҷикӣ хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, тақдими чанд бастаи китобҳои бадеӣ аз ҷониби А. Раҳмонзода ба хазинаи китобхонаи мактаби мазкур боиси хурсандиву хушҳолии омӯзгорону донишомӯзони он шуд. Дар ин мулоқот як гурӯҳ шогирдони мактаб шеърҳои зиёди адибони классику муосири тоҷикро қироат карданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилоятҳои АНДИҶОН ва НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: