Фармон ва қарорҳои созандаи сарвари мамлакат ва ҳукумат ба татбиқи ислоҳот заминаи мусоид фароҳам меоваранд.
Фармон ва қарорҳои созандаи сарвари мамлакат ва ҳукумат ба татбиқи ислоҳот заминаи мусоид фароҳам меоваранд. 15 апрели соли равон қарори Девони Вазирон “Дар бораи тасдиқ намудани асноди меъёрию ҳуқуқӣ оиди ба тартиб андохтани фаъолияти Вазорати дастгирии маҳалла ва оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ба тасвиб расида буд.Тибқи қарор дар назди Вазорати дастгирии маҳалла ва оила Бунёди ғайрибуҷавии “Маҳаллаи обод ва бехавф”-и бе шахси ҳуқуқӣ созмон дода шуд.
Тавре ки дар қарор омадааст, маблағҳои бунёд ба татбиқи босамари тамоюлҳои «Маҳаллаи обод ва бехавф», солимгардонии муҳити иҷтимоиву маънавии оила ва маҳалла сарф карда мешаванд. Дар баробари ин, дар қарор низоми Вазорати дастгирии маҳаллаву оила ва ташаккул додани маблағҳои Бунёди “Маҳаллаи обод ва бехавф” тасдиқи худро ёфтааст.
Апрели ҳамин сол Фармони сарвари мамлакат “Дар бораи созмон додани Палатаи ҷамоатӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбкистон” ба тасвиб расид. Бино ба фармони мазкур дар назди Президент Палатаи ҷамоатӣ ва бахшҳои ҳудудии он ташкил дода шуд. Дар фармон фаъол гардондани иштироки шаҳрвандон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ ва татбиқи механизми замонавии шарикии давлативу хусусӣ аз самтҳои асосии Палатаи ҷамоатӣ дониста шудааст.
Палатаи ҷамоатӣ 50 нафар аъзо дорад, ки дар асоси ҷамоатӣ кор мебаранд, 18 нафари онҳо аз ҷониби Президент таъин карда мешавад, 18 нафарашон аз байни номзадҳое, ки намояндагони созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии маҳаллӣ, РАО ва вакилони ҷамоатӣ пешбарӣ намудаанд, интихоб карда мешаванд. 14 нафари боқимонда бошад, аз намояндагони палатаҳои ҷамоатии ҳудудӣ иборатанд.
Палатаи ҷамоатии ҳудудӣ 21 нафар аъзо дорад, ки дар асоси ҷамоатӣ кору фаъолият пеш мебаранд. Ин 21 нафар аз намояндагони СҒҒ, доираҳои илмӣ ва аҳли ҷомеаи ҳудуд ташкил дода мешаванд. Дар фармон муддати ваколати аъзои Палатаи ҷамоатӣ ва ҷамоати ҳудудӣ 3 сол пешбинӣ шудааст. Тибқи фармон ба фаъолияти Шӯрои машваратӣ доир ба рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ ва Маркази рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ хотима дода шуда, веб-портали “Meninq fikrim” ба тасарруфи Палатаи ҷамоатӣ гузаронда шуд. Дар фармон омада, ки Палатаи ҷамоатӣ ба Президент ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис маърӯзаҳои солонаро доир ба ҳолати ҷамъияти шаҳрвандӣ ва тамоюлҳои рушд пешниҳод менамояд, ҳамчунин, таклифотро доир ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсия дида мебарояд, лоиҳаҳои асноди қонуниеро, ки ба масоили муҳим иртибот доранду дар маркази таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа қарор доранд, таҷдиди назар менамояд. Ба мақомоти давлатӣ аз рӯйи иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатие, ки ба соҳаҳои гуногун тааллуқ доранд, ҳамчунин доир ба масъалаҳои муҳиме, ки ба ваколати онҳо дохил мешаванд, талабномаи Палатаи ҷамоатиро интиқол медиҳад.
Мақоми раиси Палатаи ҷамоатӣ бо мақоми вазир, мақоми ҷонишини аввал ва ҷонишинонаш бошад, бо мақоми ҷонишини аввал ва ҷонишинони вазир баробар дониста шудааст.
Бародар РАҲИМОВ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
роҳбари шуъбаи адлияи ноҳияи Бекобод.