Шаршарамазор ё худ Шаршараи Сангардаки ноҳияи Сариосиё бо ҷозибаи нотакрораш ҳар бинандаро ба худ ром мекунад.
Табиати мафтункори ин гӯшаи диёрамон чун муъҷиза ба чашм метобаду обу ҳавои форамаш ба кас ҳузуру ҳаловат мебахшад. Дар фасли зимистон гоҳе шаршара ях намуда, ҳусни аҷибе ба худ касб мекунад. Вале дар айёми баҳорон ва тобистон наққоши азал аҷаб манзараи дилкашеро ато мекунад ба ин ҷо.
Баъди васеъву ҳамвор ва мумфарш кардани роҳи дараи Сангардак ва ободу зебо намудани Шаршарамазору гирду атрофи он, бунёди амфитеатру бемористон, мактабу боғчаи бачагонаи замонавӣ, сехҳои дӯзандагӣ ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст.
Равуои беҳад зиёди мусофирон шабурӯзи чор фасли сол канда нест. Аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳуриамон ва берун аз он саёҳатчиён ба ин ҷо меоянд, аз тамошои манзараҳои дилфиреб баҳра мебардоранд, истироҳати бофароғат мекунанд.
Барои боз ҳам шароити мусоид фароҳам овардан ба сайёҳони ватанию хориҷӣ дар бағали кӯҳу канори дарё аз тарафи Федератсияи иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ ҳоло санаторияи замонавии дорои ҳамагуна шароит бунёд мегардад. Санатория 7 ошёна буда, дар бунёди он 110 миллиард сӯм маблағ сарф карда мешавад. Дар айни замон 7 қабати он қад рост карда, корҳои охирони зебу пардоз бурда мешавад.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.