БУНЁДИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ

Аз ҳисоби маблағи берун аз буҷаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Саридораи корҳои дохилии вилояти Сурхондарё маҷмӯи пӯшидаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Дар ин толори нави варзишӣ 6 миллиарду 817 миллион сӯм маблағ сарф шуд ва он дорои ҳама гуна шароит буда, замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Толорҳои тренажёрӣ, минифутбол, баскетбол – ҳама пӯшида буда, барои гузаронидани машғулоти варзишии ходимони соҳа хеле мусоид аст. Инчунин, барои 100 нафар ҷойи тамошо ҳам мавҷуд. Дар хонаҳое, ки амалиёти тирпарронӣ, тавсиядеҳӣ ва дарс гузаронида мешавад, низ ҳама гуна шароит фароҳам оварда шудааст. 

Олим ПАНҶИЗОДА,
мухбири “Овози тоҷик” дар вилояти Сурхондарё.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: