БУНЁДКОРИҲО ДАР БУХОРО

Маълум аст, ки дар мамлакати мо марҳилаи нави тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ аз соли 2017 оғоз ёфт.

Ин ҷараёни шиддатнок на фақат ҳаёти мамлакат, балки фикру зикри одамон, муносибати онҳоро ба рӯзгор тамоман тағйир дод. Ислоҳоти нав ба нав, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, дар зиндагӣ мақоми аввалиндараҷа пайдо кардани тамоили ноилшавӣ ба ризоияти мардум ба ин сабаб гардид. Дар натиҷа муҳаббати хурду калон ба зиндагӣ ва боварии онҳо ба оянда афзуд. Ҳоло дар вилояти Бухоро бозсозию бунёдкориҳое сурат мегиранд, ки ин қабилашро ҳеҷ кас надидааст. Мувофиқи барномаи соли 2019 дар вилоят дар 28-то мавзеъ дар асоси лоиҳаҳои асосии таҷдидёфта бунёд кардани 890 манзили арзон пешбинӣ гардида буд, онҳо то охири сол ҷомаи амал пӯшиданд. Аз ҷумла 242 манзили якошёнаи дорои 3 хона иборат аз 2 сотих (қиматаш 53,3 млрд.сӯм), 22 манзили чорошёнаи 3 даҳлезаи дорои 24 хонадон ва ғайра ба истифода супорида шуданд. Моҳи августи соли гузашта бошад, дар мавзеи «Амир Темур»-и шаҳри Бухоро 10 манзили ҳафтошёна ба 229 нафар шаҳрвандони муҳтоҷи ҷои зист дастрас гардид.
Барои эҳсос намудани ободгардониҳо ҷойи дур рафтан шарт нест. Аҷибаш дар он ки баъзан мусофирони ду-се моҳ ба сафар рафта баъди бозгашт ба туфайли бунёдкориҳо деҳа, мавзеъ ё маҳаллаи худро намешиносанд. Суръати бозсозиҳо ҳамин дараҷа ҳайратовар аст. Мо тасмим гирифтем, ки дар бораи ободгардониҳои вилоят дар мисоли ноҳияи Когон нақл кунем.


Ноҳияи Когон дар самти офтоббарои шаҳри Бухоро воқеъ гардида, мавзеъҳои аҳолинишини он бо шаҳри куҳан ҳамҳудуд аст. Мобайни солҳои бистуми асри гузашта ба ноҳия Баҳоуддин ном гузоштанд. Баъди муддате ноҳия бо шаҳри Когон ҳамном гашт. Маркази ноҳия айни замон шаҳри Когон маҳсуб ёфта, идораҳои маъмурӣ ва хоҷагии ноҳия он ҷо фаъолият дорад. Ноҳия бештар аз шаст ҳазор нафар аҳолӣ дошта, онҳо намояндагони миллатҳои гуногунанд. Солҳои истиқлол дар ин ҷо низ ислоҳот, дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Хоҷагиҳои фермерӣ ба афзоиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ саҳм мегузоранд. Бунёд гардидани мактабҳои нав, бунгоҳҳои тиббии деҳот, ду коллеҷи касбу ҳунар, биноҳои нави ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо ҳусни ноҳияро афзудаанд. Бо шарофати барномаҳои давлатии «Обод маҳалла» ва «Обод қишлоқ» кӯчаҳое, ки дар давоми даҳҳо сол аз назарҳо дур монда буданд, мумфарш ва обод гардонда шуданд. Чароғҳои шабона ҷозибаю ҳусни онҳоро зиёдтар кард. Роҳҳои таъмирёфта, бартараф шудани масъалаҳои оби нӯшокӣ, газ, барқ одамонро хеле шод мегардонад. Хусусан, бо манзил таъминкунии аҳолӣ дар ноҳия солҳои охир ба дараҷаи мислаш диданашуда рух медиҳад.
Бо ташаббуси сарвари давлат ободтару пурҷозибаноктар шудани зиёратгоҳҳои «Ҳафт пир»-и комили Бухоро, аз ҷумла қадамҷоҳои Амир Сайид Кулол ва Баҳоуддини Нақшбанд, ки дар ҳудуди ноҳия воқеъанд, барои рушд ёфтани сайёҳии берунӣ хидмат мекунанд. Ҷамоати шаҳрвандони маҳалла сохторест, ки хурду калон ҳама ба вай муроҷиат мекунанд. Ташаббусҳои хуби одамон дар ҳамин ҷо зоҳир мегардад. Фармони Президент «Дар бораи чораю тадбирҳои боз ҳам такмил додани институти маҳалла», ки се сол муқаддам қабул гардид, баҳри афзудани нақши маҳалла дар ҷомеа такон бахшид. Ғамхориҳои пай дар пайи давлат нисбати маҳалла ва мутасаддиёни соҳа, афзудани музди меҳнати онҳо ва чорабиниҳои дигар бешубҳа дар муддати кӯтоҳ самараи худро медиҳад.
29-30 марти соли  гузашта Президент ҳангоми сафараш ба вилояти Бухоро ба маркази маҳаллаи «Тараққиёт» ташриф оварда буд. Бинои марказ замонавӣ буда, он дар асоси мукаммалтарин лоиҳаи меъморӣ бо беҳтарин, хушсифаттарин масолеҳи бинокорӣ бунёд гардидааст. Сарвари давлат ҳангоми мулоқот бо ҷавонон ва шиносоӣ бо шароити марказ эҳсос намуд, ки супоришҳои вай бобати мусбӣ ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоии бонувон, бошуғлфарогирии онҳо, дидани чораҳои зарурӣ нисбати пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо аз ҷониби эшон дар вилоят ҳаллу фасл мегардад.
Бояд таъкид намуд, ки якчанд сол муқаддам дар ду тарафи шоҳроҳи Когон – Бухоро манзилҳои намунавӣ, ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Истиқбол», биноҳои маданию маишӣ сар афрохта буд. Ҳоло бошад, байни онҳо маркази маҳаллаи «Тараққиёт» бо ҷозибаи ҳусну ҷамоли худ аз дигар иморатҳо фарқ мекунад ва ба дилҳо сурур мебахшад. Барои бунёди ин марказ, ки дар вилоят намунавитарин аст, 2 миллиарду 600 миллион сӯм маблағ сарф шудааст. Ба қарибӣ ба мо лозим омад, ки бо ин марказ аз наздик шинос шавем. Бинои марказ дар самти шимолии шоҳроҳ воқеъ гардида, гулзору пиёдагардҳои зебои рӯбарӯи он ҳар як ояндаро беихтиёр сӯи худ мекашад. Вақте ки вориди марказ мегардед, гумон мекунед, ки ба қасре по ниҳодаед. Ба ҳам мувофиқ омадани рангу бори дару девор диққататонро сӯи худ мекашад. Бо ёрии инфокиоски ин ҷо метавонед бо соҳаҳои гуногуни ҳаёти ноҳия шинос шавед. Аз даҳлез ба ҳама кабинетҳо – нозири профилактика, маркази мувофиқгардонии иҷтимоии бонувон, маркази инноватсия, Шӯрои ноҳиявии мувофиқсозии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандон, штаби сектори дуюм метавонед ворид шавед. Намуди нотакрор ва нафиси ҳар як хона шуморо афсун месозад. Мебелҳои гуногуни замонавии ин ҷоро дида беихтиёр ба ҳайрат меоед, чунки ин қабилашро ҳанӯз дар дигар ҷо надидаед. Албатта, ин шароит ба марказ имконият медиҳад, ки ба аҳолӣ хидмати волои иҷтимоӣ расонад, одамонро ба андеша ва фикри мусбат водор созад. Зеро муҳити солими иҷтимоӣ, ки дар оилаҳо ташаккул меёбад, бобати беҳтаршавии муҳити иҷтимоӣ дар мамлакат кӯмак мерасонад.
Дар мониторе, ки дар дафтари кории нозири профилактика гузошта шудааст, тасвирҳои камераҳои назоратии ҳудуд, мунтазам аз назар гузаронда мешавад. Ин баҳри пойдории осоиштагӣ ва маҳдудшавии қонуншиканиҳо мадад мерасонад.
Вазифаи асосии хонаи мувофиқгардонии иҷтимоии бонувон аз бартарафсозии масъалаҳои оилавӣ, ҳал кардани масъалаҳои муроҷиаткунандагон оид ба шуғл ва низоъҳои оилавӣ иборат аст. Дар ин шуъба хонаҳои бачагон, рӯҳшинос, модар ва кӯдак, истироҳат, касбу ҳунаромӯзӣ, бунгоҳи тиббӣ ва ошхона мавҷуд аст. Бону ё модаре, ки дар натиҷаи низои оилавӣ куҷо рафтанашро намедонад, метавонад муддате ин ҷо монад ва аз ёрии иҷтимоӣ баҳрабардорӣ кунад. Вай дар айни замон барои беҳуда нагузаронидани вақташ бо ёрии мутахассис касби дӯзандагиро меомӯзад. Ин ҷараён кайҳост, ки самараи дилхоҳ медиҳад. Дар китобхона-захираи ахбори маркази инноватсия бештар аз 7000 нусха китоб мавҷуд аст. Барои дар ҳамин ҷо мутолиа кардани онҳо шароит фароҳам оварда шудааст. Дар толори интеллектуалии марказ дар мавзӯъҳои гуногун ба вуҷуд омадани суҳбату мулоқот, озмуну саволу ҷавобҳо, аз ҷумла озмуни «Китобхони ҷавон» баҳри камолоти маънавии ҷавонон кӯмак мерасонад.
Шуъбаи электронии китобхона бо маҷмӯи 16 компутери замонавӣ таъмин гардида, он бо Китобхонаи миллии ба номи Навоӣ васл гардидааст. Соҳибкорони оянда аз ин ҷо донишу маълумоти заруриро пайдо карда метавонанд. Дар монитори инфокиоски китобхона оиди масъалаҳои оилавӣ слайд мавҷуд буда, корафтодагон аз адабиёт, дастурамал ва маслиҳатҳои он самаранок истифода мебаранд. Аз ҷумла, дар он мазмун ва моҳияти панҷ ташаббуси Президент оид ба фароҳам овардани шароити иловагӣ бобати таълиму тарбияи ҷавонон ва бо шуғл фарогирии бонувон ҷогузин шудааст. Дар бинои марказ ба ғайр аз ин, мувофиқи талаби аҳолии деҳаҳои атроф ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тараққиёт» низ созмон ёфтааст. Илова ба ин, майдончаи бачагон, варзишгоҳ бо фарши сунъӣ, хонаи маросимҳо ва нуқтаҳои хидматрасонии марказ ҳамеша серодам мебошад.
Хулоса, ин маскан, ки дар вилоят ягона аст, бобати пос доштани арзишҳоямон ва рушди иҷтимоию маънавии ҷамъиятамон барои маҳаллаҳои дигар намунаи ибрат мебошад.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: