БУНЁДКОРИҲО ДАР ДИЁРИ ДӮСТ

Мактабсозӣ кори савоб, мегӯяд халқ.

Мактабсозӣ кори савоб, мегӯяд халқ. Аз ҳисоби маблағи шахсиашон мактаб ва мадрасаҳо сохтани олиҳимматҳои мо воқеаи нав ё нодир нест. Ин гуна амалҳои хайрандешона дар давраи нави таърихӣ идома мекунанд.
Миёнаи солҳои навадуми асри гузашта як соҳибкори фарғонӣ аз ҳисоби худ дабистоне барпо кард, ки аз биноҳои замонавии таълимие, ки давлат сохтааст, мондан надорад. Вай солҳои зиёд дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кард, солҳои истиқлолият ба зодгоҳ баргашт, ба иҷрои ин кори хайр оғоз намуд. Дабистоне, ки бунёд намуд, ҳанӯз мавриди истифодаи умум аст.
Дар чаҳор-панҷ соли охир, бо нарм шудани муносибатҳои ҳарҷониба байни давлатҳои минтақа ҳамкориҳо дар риштаи таълим низ мазмун ва моҳияти дигар пайдо намуданд. Ғояи дар ҳудудҳои якдигар барпо намудани мактаб, муассисаҳои томактабӣ ва тиббӣ аз ҷониби роҳбари давлати мо пеш гузошта ва онро президентҳои кишварҳои ҳамсоя дастгирӣ намуданд.
Сентябри соли 2020 дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Тоҷикистон бинои мактаби таҳсилоти умумии рақами 33-юм ба баҳрабардорӣ супурда шуд. Дар маросими ботантанаи кушоиши он вазирони таълими халқи ду ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Мактаб барои таҳсили 640 нафар хонандагон пешбинӣ ва пурра аз ҳисоби буҷаи давлатии ҷумҳурии мо қомат рост карду муҷаҳҳаз гардид. Созишнома дар бораи сохтмони ин иншоот зимни сафари давлатии Президенти мо Ш.Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ба имзо расида буд.
Ба барпо ва ҷиҳозонидани бинои зикршуда ҶС «Ӯзбекистон темир йӯл-лари» сарпарастӣ кард. Лоиҳаҳо оиди ташкили самараноки ҷараёни таълимӣ, дар асоси талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ гузоштани машғулоти амалӣ аз рӯйи фанҳои физика, кимиё, астрономия, биология ва нақшакашӣ, айни замон такмили маҳорати касбии насли наврас – ҷалб кардани писарбачаҳо ба коркарди филизот ва чӯб, ба духтарҳо омӯзонидани корҳои рӯзгор, пазандагӣ ва дӯзандагӣ, дар толори пӯшидаи варзишӣ ва майдони кушод обутоби ҷисмонии мактаббачаҳо, баланд бардоштани дараҷаи дониш дар китобхона ва ғайра амалӣ гардонда шуданд.
Бинои мактаб ва маҷмӯи иншоот 2,1 гектар майдонро фаро гирифтааст. Дар ошёнаи аввали блоки якум синфхона ва лабораторияҳо аз рӯйи фанҳои биология, кимиё, физика, астрономия ва нақшакашӣ, кабинетҳо оиди коркарди филиз ва чӯб, омӯзонидани малакаҳои меҳнатӣ бобати корҳои рӯзгор, ҳунари дастӣ, санъати дӯзандагӣ ва ҳоказо ҷой гирифтааст. Дар ошёнаи дуюм синфҳои ибтидоӣ, кабинети махсус оиди гурӯҳҳо, хонаҳои муаллимон, бухгалтерия ва комендант ҷой гирифтааст. Синфҳои таълимию компутерӣ, кабинетҳои забон ва адабиёт, забони англисӣ, математика ва ҷуғрофияро дар ошёнаи сеюм пайдо кардан мумкин. Дар ошёнаи якуми блоки дуюм бошад толори спортӣ, дар ошёнаи якуми блоки сеюм ошхона, буфет, хонаҳои иловагӣ, дар ошёнаи дуюм толори ҷамъомадҳо, маркази техникӣ, анҷомҳои кино, хонаи санъаткорон, китобхона ва ҳоказо мавқеъ ёфтаанд. Барои бо оби нӯшокӣ таъмин сохтани мактабиён чоҳе канда шудааст, ки 180 метр чуқурӣ дорад. Насосҳои обкаш устуворанд.
Стадион дар ҳаҷми 60Х40 метр сабзапӯш буда, барои дар гирди он тохтан шароит фароҳам оварда шудаанд. Майдончаи варзишии пӯшида бошад 25Х20 м. мебошад ва бо инвентарҳои варзишӣ пурра таъмин аст.
Таъминоти оби гарм ва хунук, сохторҳои гармигузаронӣ ва ивазсозии ҳаво дар блокҳои мактаб аз рӯйи лоиҳа корбаст ва корҳои пардозии дохилию берунӣ ба талаб ҷавобгӯст. Хонаҳои таълимӣ, кабинетҳои махсус, устохонаҳо, лабораторияҳо, толори варзишӣ, толори маҷлисҳо бо 278 ҷой, ошхона бо 224 ҷой бо мебелҳои зарурӣ, асбобу ускуна, воситаҳои компутерӣ, ускунаҳои таълимию лабораторӣ пурра ҷиҳозонида шудаанд.
Бинои мактаб тӯли якуним сол сохта ва ба истифода супурда шуд. Дар ҷое, ки собиқа дашти бегиёҳе буд, бинои замонавӣ қад кашид. Бинои маърифат барои 640 нафар пешбинӣ шуда бошад ҳам алъон он ҷо 1058 нафар булбулакони боғи дониш таҳсил менамоянд. Дарсҳо дар ду баст бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ мегузаранд. Баробари андӯзондани дониш, тавре дар боло ишора рафт, ба фаро гирифтани толибони илм бо асосҳои ҳунар эътибор нигаронида мешавад. 
Баробари наздик 20 кабинети фаннӣ 4 кабинет ба таълими меҳнат ҷудо карда шудааст. Духтаракону писаракон аз устодону устоёни соҳа нозукиҳои дуредгарию оҳангарӣ, дӯзандагию пазандагиро ёд мегиранд. Ду кабинети информатика мавҷуд, ки бо 70 компутер ва тахтаҳои таълимии электронӣ таъмин мебошанд. Умуман, дар вилояти Суғд тақрибан 1 миллион нафар толибони илм мавҷуд бошанд, тақрибан ҳамаи онҳо тавассути экскурсияҳо ба рафти таълим дар ин дабистон ва ҳолати биное, ки ҳарҷониба ҳавасангез аст, шинос мебошанд.  Дар байни 957 дабистони таҳсилоти ҳамагонии вилоят мактаби зикршудаи рақами 33-юми ноҳияи Спитамен бо дастовардҳои инноватсионӣ фарқ карда меистад. Дар толори барҳавои варзишӣ мусобиқаҳо оиди навъҳои гуногуни спорт сурат мегиранд. Мактабиён бинои таълимиро чун манзили истиқоматиашон эҳтиёт мекунанд, дар саъйи онанд то 10 сол ба таъмири мактаб эҳтиёҷ ҳис нагардад. Шиори омӯзгорони дабистон: омода сохтани кадрҳои сазоворе, ки оянда дар боз ҳам равнақ додани Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хидмати сазовор менамоянд.
Айни замон дар мавзеи Мерганчаи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд мактаби замонавие мавҷуд, ки аз ҳисоби маблағи Тоҷикистон бунёд шудааст. Навъе қайд мекунанд, маросими кушоиши онро, ки ба вақти ташрифи Президенти мо ба Душанбе мувофиқ афтод, сарони ду кишвар бо пахш кардани тугмаҳои махсус ба амал баровардаанд.
Мактаби мазкури рақами 154-ум барои 640 нафар толибилм пешбинӣ шуда, аз 3 ошёна иборат аст. 26 хонаи таълимӣ, хусусан кабинетҳои биология, кимё ва физика бо воситаҳои техникии замонавӣ муҷаҳҳазанд.
Аз ҳисоби ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Риштони вилояти Фарғона муассисаи таълимӣ барои 200 ҷой низ барпо гардидааст. Бо азхуд карда шудани 4 миллиард сӯм маблағ бинои замонавие, ки қомат афрохт, сентябри соли 2020 мавриди истифодабарӣ қарор ёфт. Дар корҳои сохтмон, зимнан, баробари устоёни тоҷикистонӣ сохтмончиёни ӯзбекистонӣ низ иштирок карданд.
Ҳаминро низ қайд карданием, Ӯзбекистон ба тариқи кӯмаки беғаразона дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон шифохонае барпо кард, ки 250 беморро қабул карда метавонад.
Президентҳои ҳарду мамлакат изҳор кардаанд ин гуна объектҳои иҷтимоӣ дар ҳудуди ду кишвар минбаъд низ барпо ва дастҳои дӯстӣ, ки дар хонаи дӯст ободгариҳо мекунанд, ба хушгувортар садо додани оҳангҳои ҳамдилӣ, мустаҳкамшавии риштаҳои бародарӣ мусоидат менамоянд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: