БУНЁДКОРИҲО ДАР ШОҲКӮЧАИ ШАҲР

Шоҳкӯчаи ба номи Шароф Рашидови шаҳри Ҷиззах ба майдони бунёдкориҳо табдил ёфтааст.

Дар ин ҷо ду гузаргоҳи зеризаминӣ месозанд. Роҳи мошингарди сеқатораро ба чор қатор табдил медиҳанд.
Торафт афзун ёфтани аҳолӣ ва зиёд шудани нақлиёт ин корро тақозо менамояд, мегӯянд мутахассисон. Танҳо талабаҳои мактабҳои олии ин минтақа беш аз 32 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар ин қисми шаҳр корҳои роҳсозӣ ҷараён доранд. Бояд гуфт, ки дар қатори чоруми роҳ автобусҳо ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ ҳаракат хоҳанд кард. Дар сохтмони ду роҳи зеризаминӣ беш аз панҷоҳ нафар кору меҳнат мекунанд. Дар назар аст, ки то Иди Наврӯз имкони  ҳаракати нақлиёт ба вуҷуд меояд. Ва корҳои боқимондаро то охири моҳи апрел ба анҷом мерасонанд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: