БУНЁДКОРИҲОИ ИМРӮЗААМОН – ИФОДАИ РАВШАНИ ИҚТИДОРИ МАМЛАКАТУ ХАЛҚАМОН

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 октябр бо рафти корҳои созандагӣ ва лоиҳаҳои бузурге, ки дар шаҳри Тошканд татбиқ мегарданд, шинос шуд.

Сарвари давлатамон  сохтмони зинаи дувуми хати Юнусободи метрополитени Тошкандро аз назар гузаронд.
Тӯли солҳои охир, бинобар рушди метрополитени Тошканд, баҳрабардории хатҳои нав ва фароҳам овардани қулайиҳо барои мусофирон корҳои бениҳоят калон татбиқ мегарданд.
Аз ҷумла, мувофиқи Стратегияи рушди низоми нақлиёт метрополитен шароити  тез ва бехавф ба ҳудуди дилхоҳи пойтахт расидани аҳолиро фароҳам меорад. Ба ғайр аз ин, дар тамоми истгоҳҳои метро Wi-Fi-и бепул ба кор дароварда шуда, аз соли оянда дар метрополитени Тошканд ба роҳ мондани шабакаи алоқаи мобилӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи ин ба минбаъд афзудани ҳаҷми мусофиркашонӣ дар метро хидмат мекунад. Агар рӯзе аз метрополитени Тошканд ба ҳисоби миёна 240 ҳазор нафар истифода барад, дар натиҷаи аз ҳисоби идома додани хати Юнусобод, сохтмони хатҳои Сергелӣ ва Қуйлиқи дарозии умумиашон 21 километр, минбаъд васеъ гардондани шабакаи метро хидмати метро боз 150 ҳазор нафарро фаро мегирад. Ин на танҳо ба аҳолӣ қулайии зиёд фароҳам меорад, балки ба барҳам додани «тирбандӣ»-и роҳҳо ва таъмин кардани бехатарии мусофирон мусоидат менамояд.
Зинаи дувуми хати метрополитени Юнусобод, ки мувофиқи қарори сарвари давлат аз 7 ноябри соли 2016 сохта мешавад, миқёси корҳоро дар ин самт боз ҳам вусъат медиҳад.
Арзиши умумии лоиҳа 103,8 миллион долларро ташкил дода, аллакай корҳо ба 67,5 миллион доллар иҷро шуданд. Аз истгоҳи «Шаҳристон» роҳи дарозиаш қариб 3 километр кашида шуда, 2 истгоҳи нав – «Юнусобод» ва «Туркистон» бунёд гардиданд. Пармакунӣ ва устувор намудани конструксияҳои оҳанубетонии қисми рости нақб ба охир расида, дар рӯзҳои наздик пармакунии нақби чап ва кашидани шабакаи муҳандисиву коммуникатсионӣ ба охир мерасад. Корҳои сохтмониву васлкунӣ дар истгоҳҳои нави метро бо суръати баланд идома доранд.
Президент бо корҳое, ки дар истгоҳи «Туркистон» амалӣ мегарданд, шинос шуда, ба сифати сохтмон ва қулайии истгоҳ барои мусофирон эътибори алоҳида дод.
– Бунёдкориҳои мазкур ифодаи эҳтироми баланд ба халқ мебошад. Аз ин рӯ, аз ҳама муҳимаш, ба сифат эътибор бояд дод, – гуфт Шавкат Мирзиёев. 
Ба корҳои сохтмонӣ мутахассисону технологияҳои олмонӣ ҷалб шудаанд. Сифату бехатарӣ низ мувофиқи андозаҳои Олмон хоҳад шуд.
Сарвари давлат дар рафти ташрифи соли гузашта ба ин ҷо бинобар мақбулсозии ҳаракати метрополитен ва автобусҳо супориш дода буд.
Бинобар ҳисобу китобҳо, дар натиҷаи ба истифода супурда шудани зинаи мазкур миқдор ва масофаи ҳаракати автобусҳо, ки дар ноҳияи Юнусобод равуо доранд, хеле кам гардида, рӯзе 5,5 тонна сӯзишворӣ сарфа карда мешавад. Мусофирон метавонанд то ҷойи таъиноташон 20 дақиқа пештар расанд.
Дар ин ҷо маросими тақдимоти лоиҳаи хати нав аз истгоҳи метрои «Буюк ипак йӯли» то истгоҳи нақлиёти автомобилии «Заводи трактори Тошканд», инчунин терминали нави аэропорти байналхалқии Самарқанд ба амал омад.
Президент бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ориент керамик»-и ноҳияи Чилонзор шинос шуд.
Дар мамлакатамон оид ба азнавкоркарди амиқи ашёи хоми маҳаллӣ маҷмӯи чорабиниҳо татбиқ мегарданд. Дар ин ҷараён ба баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти сохтмонии рақобатпазир, ба содирот нигарондашуда ва қонеъ гардондани талаботи дохилӣ ба ин маҳсулот эътибори алоҳида дода мешавад. Ин барои дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Сарвари давлатамон соли 2017-ум дар доираи ташриф ба ноҳияи Чилонзори пойтахт бо лоиҳаи корхонаи «Ориент керамик» шинос шуда, бинобар сари вақт ва хушсифт ба охир расондани он супориш дода буд. Баъд аз ин барои корхона дар ҳудуди ноҳияи Чилонзор 3,6 гектар майдон ҷудо карда шуд. Дар давраи гузашта оид ба истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ ва кошин бинои корхонаи замонавӣ сохта, бо таҷҳизоти аз хориҷ овардашуда муҷаҳҳаз гардонда шуд.
Шавкат Мирзиёев бо ҷараёни истеҳсолӣ шинос шуда, бо коргарони корхона суҳбат орост.
Арзиши умумии корхона, ки фаъолияташро моҳи июли соли ҷорӣ оғоз намудааст, қариб 14 миллион долларро ташкил медиҳад, ки соле иқтидори истеҳсол намудани 3,6 миллион метри мураббаъ маҳсулоти сафолиро дорад. Дар айни ҳол дар ин ҷо 270 нафар коргар ва мутахассис меҳнат мекунанд.
Он чиз ҷолиби диққат аст, ки маҳсулоти корхона қариб пурра аз ашёи хоми маҳаллӣ тайёр карда мешавад. Аз ин рӯ, аз маҳсулоти ба ин монанди хориҷӣ хеле арзон мебошад. 
Дар айни ҳол 30 фоизи маҳсулот ба Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон содир карда мешавад. Ҳаҷми содирот дар даври гузаштаи соли ҷорӣ 500 ҳазор долларро ташкил дод.
Ба сарвари давлатамон дар бораи лоиҳае, ки ҶММ «Ориент керамик» татбиқашро дар солҳои 2020-2021 ба нақша гирифтааст, маълумот дода шуд. Дар доираи лоиҳаи арзиши умумиаш 25 миллион доллар истеҳсол намудани 7,3 миллион метри мураббаъ кошини содиротивазкунандаи сафолину хоросангӣ ба нақша гирифта шудааст. Маҳсулоти мазкур асосан барои ороиши намои бино ва иншоот истифода мегардад. Баробари баҳрабардории корхона боз 700 ҷойи нави корӣ созмон дода хоҳад шуд.
Дар натиҷаи бори аввал дар Ӯзбекистон татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур истеҳсоли кошинҳои замонавии андозаашон 120х60, 90х30, 80х40, 80х80 ба роҳ монда хоҳад шуд. Дар айни ҳол ин гуна маҳсулот ба мамлакатамон пурра аз хориҷ оварда мешавад.
Шавкат Мирзиёев зарурати дар ҳар як минтақа дар асоси таҷрибаи ширкати мазкур созмон додани корхонаҳои хурд, ҷудо намудани майдонҳои қулайи логистикӣ барои истеҳсолот, ташкил кардани кластер оид ба истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ, афзун гардондани ҳаҷми содиротро аз ҳисоби васеъ гардондани номгӯ ва коҳиш додани арзиши аслӣ таъкид намуд.
Дар ин ҷо тақдимоти  лоиҳаҳое, ки татбиқашон дар соҳаи саноат ва хидматрасонии Тошканд ба нақша гирифта шудааст, ба амал омад.
Ба сарвари давлат дар бораи лоиҳаҳое, ки дар минтақаи саноатии Ҷанубу Ғарби ноҳияи Чилонзор татбиқ шуданд, маълумот дода шуд. Дар 256 корхонаи шомили 313 гектар майдон  беш аз 9600 ҷойҳои нави корӣ созмон дода шудааст.
Шавкат Мирзиёев бинобар татбиқи саривақтӣ ва хушсифати ҳар як лоиҳа вазифаҳо муайян намуд.
Президент бо корҳои сохтмоние, ки дар хати Сергелии метрополитени Тошканд амалӣ мегарданд, шинос шуд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби мутахассисони ҷамъияти саҳҳомии «Боштранслоиҳа» коркард шудааст. Сохтмон аз ҷониби корхонаи «Кӯприк қурилиш трести»-и ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» амалӣ мегардад.
Дар хати нави дарозиаш 7,1 километр 6 истгоҳ ҷойгир хоҳад шуд. Барои сохтмони объект 82,6 миллион доллар маблағ харҷ хоҳад гардид.
Дар доираи лоиҳа, ки барои солҳои 2017-2020 пешбинӣ шудааст, аллакай, корҳо ба миқдори 42,44 миллион доллар иҷро гардиданд. Дар айни ҳол дар шаш истгоҳ – «Чоштеппа», «Тошкент ҳалқа йӯли», «Сергели», «Афросиёб», «Қипчоқ» ва «Чинор» корҳои сохтмониву монтажӣ идома доранд.
Аз он ҷумла, дар истгоҳи «Тошкент ҳалқа йӯли» корҳо оиди ороиши намои иморат, ороиши берунӣ ва васли ҷиҳозҳои равшанкунӣ ба охир расиданд. Кор бинобар васл намудани конструксияҳои металлӣ дар платформаи мусофирӣ оғоз ёфтааст.
Бинобар суханони мутахассисон хусусияти ба худ хоси хати мазкури метро дар он аст, ки он бинобар услуби гузаргоҳии натанҳо мамлакатамон, балки барои Осиёи Марказӣ нав сохта мешавад. Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои мусофирон лифту эскалаторҳои махсус насб карда мешаванд.
Ба Президент дар бораи корҳои сохтмоние, ки дар хати нави метро амалӣ мегарданд, маълумоти муфассал дода шуд.
Шохаи Сергели бо истгоҳи «Олмазор»-и шохаи Чилонзор бо ҳам баста мешавад, ки ноҳияи сераҳолии Сергелиро бо марказ ва дигар ноҳияҳои шаҳр мепайвандад. Мусофире, ки аз Сергели ба метро савор шудааст, метавонад то истгоҳи «Буюк ипак йӯли», дар ҳеҷ куҷо нафаромада, расад.
Сарвари давлатамон бо корҳои сохтмоние, ки дар ҷойи пайванди хати Сергели бо истгоҳи «Олмазор»-и хати Чилонзор амалӣ мегарданд, шинос шуд. Вай бо назардошти баланд гардидани суръати рушди ноҳияи Сергели ва сохтмони манзил комилан муҳим будани хати мазкурро таъкид намуд. Президент ба он таваҷҷӯҳ намуд, ки барои мусофирони метро чӣ гуна шароит фароҳам оварда мешаванд.
Президент инчунин бо рафти сохтмони хати метрои ҳалқагии рӯйизаминии ноҳияи Яшнобод шинос шуд.
Арзиши лоиҳаи ин шабакаи нақлиётии дарозиаш қариб 50 километр ва иборат аз 35 истгоҳ – 422,3 миллион доллар мебошад.
Лоиҳа дар панҷ зина татбиқ хоҳад гардид. Дар зинаи якум ҷойи қитъа аз истгоҳи «Дӯстлик» то бозори «Қӯйлиқ» сохта хоҳад шуд. Дарозии хат 11 километрро ташкил дода, бунёд намудани 7 истигоҳ ба нақша гирифта шудааст. Дар зинаи дувум хати метро бозори «Қӯйлиқ» ва истгоҳи «Олмазор»-ро мепайвандад. Дар зинаи сеюм қитъаи байни истгоҳҳои «Олмазор» ва «Берунӣ» сохта хоҳанд шуд. Дар зинаи навбатӣ хати метро истгоҳҳои «Берунӣ» ва «Бодомзор»-ро хоҳад пайваст. Дар зинаи хотимавӣ хати метро бо истгоҳи «Дӯстлик» пайваста, ҳалқаро ҳосил хоҳад кард.
Сарвари давлатамон ба поезди нав овардашуда савор шуда, байни истгоҳҳои «Дӯстлик-2» ва «Оҳангарон» сафар карда, шароити дар истгоҳҳо фароҳам овардашударо аз назар гузаронд.
Айни ҳол дар самтҳои «Дӯстлик-2» – «Қӯйлиқ» корҳо бо суръат давом доранд. Ба корҳои сохтмонӣ беш аз 2 ҳазор муҳандисону коргарон, қариб 300 адад техника ҷалб гардидааст. 
Истгоҳҳо бо техникаҳои замонавии охирин, турникетҳое, ки имконияти пардохти электронии роҳкироро фароҳам меоранд, эскалаторҳо муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Дар айни ҳол дар доираи зинаи якум аз истгоҳи «Дӯстлик» то бозори «Қӯйлуқ» хати метрои рӯйизаминӣ кашида мешавад.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: