БУНЁДКОРӢ БА ДИЛҲО ФАРАҲ ОВАРАД

Умри инсон ба мисли абри навбаҳорон зудгузар будааст.

Ба қарибӣ барои дидорбинии қарибонам роҳи Тирмизшаҳрро пеш гирифтам. Савори мошини мусофиркаш ба шоҳроҳи «Тошканд – Тирмиз»  расидам. Сабукрав дар як лаҳза аз пули навсохти болои рӯдаки Шӯроб гузашта, ҷониби кӯтали Зоғхона рӯ боло шуд. Роҳи тахту ҳамворро дида, кас бовар намекард, ки он дар як муддати кӯтоҳ таъмиру тармим шудааст.
Ман 43 сол дар идораи роҳсозии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба сифати таъмиргар кор  кардам. Бинобар ин аҳволи собиқии ин роҳҳоро хуб медонам. Агар гӯям, ки қитъаи хафноктарини ин шоҳроҳ  Зоғхона буд, хато намешавад. Дар идора гурӯҳи моро ҳамеша ба ин кӯтал масъул мекарданд. Махсусан, мо – коргарон дар фасли зимистон мунтазам дар ин қитъа кор мекардем. Азбаски роҳи кӯтал ноҳамвору хавфнок буд, дар зимистон ҳаракати мошинҳо хеле мушкил мешуд. Баъзан шабҳои дароз роҳро тоза ва бехатарии мошинҳои пурборро таъмин мекардем. Ман роҳи чун кафи даст ҳамворро дида, ба бунёдкорони он аҳсант мехондам. Воқеан солҳои охир роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев дар роҳи ободиҳо корҳоеро ба сомон мерасонад, ки тасаввурнопазиранд. Сабукрав моро дар 1 соату 45 дақиқа ба маркази шаҳр расонид. Дигаргуниҳои шаҳри куҳанро дида, ақли кас бовар намекард. Дар ду бари роҳ хонаҳои баландошёнаи хушсохт қад рост кардаанд. Мани мӯйсафед ин манзараҳои дилангезро мушоҳида карда, ба бунёдгарони он, ба Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев аҳсант хондам. 
Дар ҳақиқат, солҳои охир ин марди шуҷоъ муаммоҳоеро ҳаллу фасл намуд, ки мардуми мо солҳои зиёд аз онҳо сахт азият мекашиданд. Нафақахӯрон барои гирифтани нафақаашон дари идораҳоро  охурча мекарданд. Ҳоло сад шукр, ки нафақаро дар вақти муайян мегирем. Ё худ зуд-зуд хомӯш шудани чароғ чӣ қадар муаммоҳоро ба миён меовард. Ҳоло мардум аз ин норасоиҳо шикоят надоранд. Рости гап, мани мӯйсафед ин навгониҳову бунёдкориҳоро дида, ба дил, эй кош, умри ҷавонӣ дубора меомаду мо низ дар чунин бунёдкориҳо саҳм мегузоштем, мегӯям.

Шамсиддин САФАРБОЕВ, 
нафақахӯр, 
сокини деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: