БУНЁДКОРӢ ДАР АВҶ

Дар натиҷаи корҳое, ки дар чаҳорчӯби барномаҳои давлатии «Обод қишлоқ», «Обод маҳалла» ва «Обод марказ» амалӣ мегарданд, шаҳру ноҳия ва деҳу овулҳо ободу зебо мегарданд.

Кӯчаи Мустақиллики маркази ноҳияи Зарбдори вилояти Ҷиззах пурра ба майдони бунёдкориҳо табдил ёфтааст. Зеро мувофиқи лоиҳаи сохтмон бинову иншоотҳои ду тарафи роҳ, ки «умри худро дидаанд», гирифта партофта шуда, ба ҷои онҳо марказҳои замонавии савдо, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ қад меафрозанд. Ба нақша гирифта шудааст, ки бо мақсади аҳолиро бо оби ошомиданӣ пурра таъмин намудан, шабакаи нави об кашида мешавад, қубурҳои обгузарро таҷдид мекунанд.
Дар асоси таҷрибаи ноҳияи Мирзочӯл барои бонувонро бо шуғл фаро гирифтан дар деҳаҳои Шарқ юлдузи, Тараққиёт, Янгикент, Оқар 9 сехи дӯзандагӣ барпо ёфт, ки зиёда аз дусад нафарро бо кор таъмин намуд.
Соли ҷорӣ ба қатори 13 муассисаи таълими томактабии давлатӣ боз 8-то боғчаи хусусӣ ҳамроҳ гардид. Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Лалмикор» муассисаи таълими томактабии оилавии «Ҳилола» маҳз бо саъю кӯшиши Ҳилола Умрзоқова ифтитоҳ ёфт.
Имрӯзҳо маҷмӯи бозори нав, майдони хотира, маскани нурониҳо, маркази хидматҳои давлатӣ аз сари нав бунёд меёбанд. Шаш бинои серошёна (дорои 54 хона), панҷ мактаби таълими ҳамагонӣ, поликлиникаи марказӣ, шуъбаҳои ёрии тиббии таъҷилӣ дигарбора таҷдид карда мешаванд.
– Барои бунёдкориҳои маркази ноҳия ҳар рӯз панҷсад нафар коргар ва 60 техникаи гуногун ҷалб гардидааст, – мегӯяд котиби матбуоти ҳокими ноҳия Ғулом Ҳамзаев. – Барои бунёдкориҳои маркази ноҳия 42 миллиард сӯм маблағ харҷ гардид.
Бинои шуъбаи корҳои дохилии ноҳия сохта ба истифода супурда шуд. Ба ғайр аз ин, ба истифода супурда шудани маҷмӯи нави савдо, 3-то бинои истиқоматии чорошёна (барои беш аз сад оила) боиси хушҳолии аҳолии маҳал гардид. Ба роҳҳо асфалт хобонданд, чароғҳо шинонданд.
Дар арафаи иди истиқлол боғи фарҳанг ва истироҳатии бачаҳо «Умед», гузари меҳнати ҷавонон, иншоотҳои савдо ва хизматрасонӣ ба истифода супорида шуд.
Як вақтҳо ноҳия аз мадди назар дур монд. Ба туфайли сари вақт анҷом надодани корҳои мелиоративӣ ҳолати заминҳо вайрон ва дараҷаи ҳосилнокӣ хеле паст шуд. Аз ин рӯ, алҳол бар ивази маблағи Бонки ҷаҳонӣ низоми канализатсионии ин заминҳо беҳ карда мешавад. Бунёдкориҳо дар ноҳия идома дорад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: