БУРДУ БОХТ ВА НАҚШАҲО

Садорати вилоятии Агентии хидматҳои давлатӣ дар ҳар чоряк ва шашмоҳа баргузор кардани нишасти матбуотиро ба анъана табдил медиҳад.

Садорати вилоятии Агентии хидматҳои давлатӣ дар ҳар чоряк ва шашмоҳа баргузор кардани нишасти матбуотиро ба анъана табдил медиҳад. Дар нишасти матбуоте, ки  роҳандозӣ гардид, сардори садорат  Бобур Умрзоқов дар мавриди бурду бохт ва нақшаву дастовардҳои соҳа ҳарф зад.
Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки аз давраи арзи ҳастӣ намудани ин сохтор дар мамлакатамон барои аҳолӣ бисёр қулаиҳо ба вуҷуд омаданд. Як андоза  сарсониҳои шаҳрвандон дар роҳи иҷрои хидматҳо барҳам ёфтанд. Ҳоло дар сенздаҳ шаҳру ноҳияи қаламрави вилоят бахшҳои агентӣ таъсис ёфтаанд. Дар он ҷо ба аҳолӣ аз рӯи 154 намуд хидмат мерасонанд. Агар ба нишондиҳандаҳо назар андозем, мебинем, ки тӯли шашмоҳаи аввал беш аз ҳазору ҳаштсад намуди  хидмат расонида шудааст.
Сарвари давлат соли 2019 зимни ташрифи худ ба вилояти Ҷиззах аз Маркази хидматҳои давлатии ноҳияи Мирзочӯл (шаҳри Гагарин) дидан карда буд. Ба саросари ҷумҳурӣ ҷорӣ сохтани ин таҷрибаро тавсия дода буд. Соли 2020 дар шаҳри Ҷиззах ин марказ бунёд ёфт ва миёни 206 маркази хидматрасонии қаламрави ҷумҳурӣ беҳтарин ва намунавӣ пазируфта шуд. Ҳамаи ин биноҳои замонавии марказҳо аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ, Вазорати адлия, саҳми сектори хусусӣ ва соҳибкорӣ маблағгузорӣ гардидааст. 
Дар идораву муассисаҳо усули «Мизоҷи сирнок» ҷорӣ намудем. Роҳандозии ин усул ва якчанд рейдҳо камбудӣ ва қонуншиканиҳоро ошкор сохтанд. Дар идораҳои сабти ақди никоҳ ва далолатномаҳои шаҳрвандӣ вайрон гардидани интизоми меҳнат ба мушоҳида расид. Дар натиҷа, якчанд нафар ходим ба ҷавобгарии интизомиву маъмурӣ кашида шуданд. 
Ба ҷои якчанд намуди ҳуҷҷат  ба вуҷуд овардани шакли электронии онҳо дар ояндаи наздик мушкили одамонро осон хоҳад кард. Ба ғайр аз ин, пойгоҳи маълумотҳои шахсии шаҳрвандон ба тасвиб мерасанд, ки ин ҳам як роҳи ҷилавгирӣ аз коррупсия мебошад.
Бобур Умрзоқов ба саволҳои рӯзноманигорон посух гуфта, оид ба ҳамкориҳои омӯхтан ва ҷорӣ сохтани таҷрибаи кишвари мо бобати афзалиятҳои хидматҳои давлатӣ аз тарафи бародарони тоҷикистонӣ низ таваққуф кард.
Мавсуф, инчунин, дар бораи созмон додани агентиҳо дар ҳудудҳо аз тарафи ашхоси ҳуқуқию ҷисмонӣ ёдовар шуд. Назар ба таъкиди вай, талабгорон метавонанд дар курсҳои омӯзишии  чиҳилрӯза таҳсил кунанд. Сониян барои ифтитоҳ додани агентӣ хона, ҷиҳозҳои коммуникатсионӣ бояд дошта бошанд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: