БУРДУ БОХТИ ХИЗМАТИ КОММУНАЛӢ

ё чӣ тавр кори ин соҳаро метавон беҳбуд бахшид?

ё чӣ тавр кори ин соҳаро метавон беҳбуд бахшид?
Имрӯзҳо тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст мекунанд, бурду бохти худро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Вазорати хизмати коммуналӣ низ дар ин росто чӣ корҳоро ба сомон расонидааст ва вазифаҳои соли 2021 аз чиҳо иборатанд?  Ин ва саволҳои дигар бо ноиби вазири хизмати коммуналӣ Назирҷон Назиров матраҳ гардиданд.
Натиҷаҳои соли 2020 дар Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис таҳлил шуд. Кормандони ин вазорат низ натиҷаҳои кори яксоларо ҷамъбаст карданд ва бар асоси Муроҷиатнома вазифаҳои устувори соли 2021-и хизмати коммуналиро муайян намуданд.
– Мехоҳам суҳбатро аз он шурӯъ кунам, ки дар чаҳор соли сипаришуда мо таҷрибаи худро ҷиҳати расонидани хизматҳои гуногуни коммуналӣ ба мардуми кишвар ба карат такомул бахшидем. Аз ҷумла, масъалаи идора кардани биноҳои бисёрманзила, фароҳам овардани шароити муносиб барои истиқоматкунандагон, ҳамчунин беҳбуд бахшидани ҳолати техникии он  дар назди мо як қатор вазифаҳои мубрамро гузошт. Ҳадафи асосӣ аз ҳамин иборат буд, ки сифати корҳо мувофиқи талаботи замон бошанд, – гуфт Н. Назиров.
Гуфта шуд, ки ин раванд таҳти назорати доимии онҳо қарор гирифтааст. Бо дарназардошти афзоиши вазифаҳои нав ниҳодҳои минтақавию маҳаллӣ ба ин кор сафарбар гардид. Онҳо ба муроҷиатҳои аҳолӣ вокуниш нишон медиҳанд, онро аз наздик меомӯзанд ва дар ҳаллу фасли мушкилоти онҳо чораҳои фаврӣ меандешанд.
 – Зери дасти мо Қонун “Дар бораи идора кардани биноҳои бисёрманзила” аз 7 ноябри соли 2019 мавҷуд аст. Бар асоси он дар чаҳор ҳудуд ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати техникии хонаҳои бисёрманзила корҳои муайянкунӣ пиёда кардем ва хулосаҳои ҷамъоваришударо мавриди таҳқиқ қарор додем, – мегӯяд ноиби вазир.
Аз рӯи маъракаи  барӯйхатгирӣ маълум шудааст, ки дар соири шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 37 ҳазору 402 хонаи бисёрманзила мавҷуд. Аз ин шумор 34 ҳазору 894 аз тарафи 4 ҳазору 430 ширкат идора мешавад.  
– Агар ба ҳолати молиявии ширкатҳо назар андозем, онро метавон ба се гурӯҳ ҷудо кард: хуб, миёна  ва вазнин. Дар айни ҳол фаъолияти 1 ҳазору 176 ширкат мутаваққиф сохта шуд ва оҳиста-оҳиста хонаҳои таҳти тасарруфи ин ширкатҳоро ташкилотҳои навтаъсиси идорӣ ба тасарруфи худ медароранд ва ба он хизмат мерасонанд, – тазаккур дод Назирҷон Назиров.
– Тибқи маълумоте, ки ба даст овардем, солҳои 2017-2020 барои иҷрои корҳои тармими хонаҳои бисёрманзила ба 3 ҳазору 966 ширкат дар маҷмӯъ 1 триллиону 45 миллиард сӯм кредит ҷудо карда шудааст. Ин маблағ баргардонида шудаанд?
– Мутаассифона, ба далели дар муддати муқарраршуда бознагардонидани фоизи маблағ ин рақам ба 1 триллиону  69 миллиард сӯм афзоиш ёфтааст. Аҳолӣ низ 192, 7 миллиард сӯм бадали аз роҳи маҷбурӣ пардохтшавандаро напардохтааст. Бо вуҷуди ин, соли гузашта 867 ҳазор метри мукааб боми 4 ҳазору 522 хона, таҳхонаи 2 ҳазору 486 хона, айвони 3 ҳазору 823 хона, намои 1 ҳазору 150 хона куллан тармим ва бештар аз 2 ҳазору 820 дари оҳанин ва қулфҳои коддор насб карда шуданд.
– Корҳои асосии мо дар ин давра ба тармими 2 ҳазору 136 бинои баландошёна нигаронида шуд. Барои иҷрои ин басти кор аз тариқи бонкҳои тиҷоратӣ дастикам 122 миллиард сӯм маблағ ихтисос дода шуд.  Тавонистем, ки боми 1 ҳазору 906 биноро тармим кунем, намо ва роҳравҳои биноҳои зиёд ба тартиб дароварда шаванд. Солҳои 2020-2021 барои бо гармӣ таъмин кардани хонаҳои 670 бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ барномарезӣ шуд. Ҳоло иҷрои ин нақша дар арафаи анҷомёбист. Ба воситаи модернизатсия кардани марказгармиҳое, ки дар вилояти Ҷиззах, шаҳри Янгийӯли вилояти Тошканд ва шаҳрҳои Самарқанду Фарғона анҷом хоҳанд пазируфт, ин мушкил бартараф мегардад. 
– Иҷрои ин қадар корҳои калонҳаҷм дар беҳбуди ҳаёти мардум чӣ нақш мебозанд?
– Ҷавоби ин суолатон хеле оддист. Тарзи зиндагии ҳудуди се миллион нафар сокини шаҳру шаҳракҳо беҳбуд меёбад ва онҳо аз шароитҳои хубтар бархурдор мегарданд.
– Дар соли 2021 мувофиқи дастури инвеститсионӣ ва ширкати ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар чаҳорчӯби 21 лоиҳа азхудкунии 217,6 миллион доллар барномарезӣ шудааст. Гузашта аз ин, хосатан бо ширкати молии Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 16,5 миллион доллар  аз ҳисоби 220,7 миллион инвеститсия ва маблағ кредит дар шаҳрҳои Андиҷон, Бухоро, Самарқанд, Чирчиқ ва ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд корҳои сохтумон ва реконструксияи шабакаҳои марказгармӣ таҳти иҷро қарор дода шудааст, – мегӯяд Назирҷон Назиров.
Аз ҳисоби маблағи барои дастури инвеститсия ҷудошуда, ки беҳтар намудани базаи моддиву техникии корхонаҳои гармидиҳанда мадди назар гирифта шуд, дар ҷамоати шаҳрвандони “Заргарлик”-и шаҳри Ҷиззах, шифохонаи гуногунсоҳаи кӯчаи ба номи Охунбобоеви шаҳри Намангон, мактаби рақами 1-уми кӯчаи Амир Темур, воқеъ дар шаҳри Тирмиз ва яке аз марказгармиҳои шаҳри Фарғона  ба анҷом расид. Дар натиҷа 370 хонаи бисёрошёна ва 26 объекти иҷтимоӣ дар фасли сармо аз гармӣ баҳраманд гардиданд. 
– Домани корҳои мо сол аз сол фарохтар мегардад. Бо иштироки агентии “ҶАЙКА”-и Ҷопон дар шаҳрҳои Бухоро, Фарғона, Қувасой, Нуқус ва Урганч бо ҷорӣ намудани технологияи когенератсия марказгармиҳои он модернизатсия ва реконструксия карда хоҳанд шуд. Ҳамчунин бо ширкати банки содироту воридотии Кореяи Ҷанубӣ таъминоти гармӣ дар шаҳрҳои Ангрен ва Ширин беҳбуд бахшида хоҳад шуд, – мегӯяд ноиби вазир.
Агар ин корҳо дар амал татбиқ гарданд, бемуҳобот 1 ҳазору 236 бинои истиқоматӣ ё дар маҷмӯъ 48 ҳазору 91 хонаи аҳолӣ, 193 объекти иҷтимоӣ бо нерӯи гармӣ таъмин мегарданд. Дар он сурат 332 МВт нерӯи барқ истеҳсол мешавад ва фоидаи солонаи он 364,5 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Ҳамзамон бештар аз ҳашт миллион метри мукааб гази табиӣ ва 4 миллиард  сӯмина нерӯи барқ сарфа карда мешавад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: