То шурӯъи дарсҳои омӯзиши забони форсӣ барои ғайрифорсизабонон боз як рӯзи дигар дар ихтиёр доштем.
Роҳбалади мо – масъули корҳои идораи Маркази омӯзиши забони форсии Донишгоҳи аллома Таботабоӣ Фарид Ҷаъфарӣ гуфт, ки ба саёҳати Бурҷи «Милод» меравем.
– Кормандони он талош хоҳанд кард, ки шумо чанд лаҳзаи худро хуш гузаронед. Бурҷи «Милод» яке аз ҷойҳои диданӣ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ шумурда мешавад. Шумо метавонед аз болои он тамоми шаҳр ва атрофи онро тамошо кунед, – афзуд оқои Ҷаъфарӣ.
Дарвоқеъ, ин бурҷ аз чаҳор гӯшаи шаҳр намудор буд. Шавқи боло шудан ба он аз оғози сафар ба Теҳрон дар сари ману ҳамсафаронам чарх мезад. Баъди чанд лаҳза автобус моро ба назди бурҷи «Милод» расонд. Пеши бинои асосии он фаввора гармии тобистонро як зарра коҳиш медод.
Ин бурҷ аз сатҳи замин дар баландии 435 метр воқеъ гаштааст. Он мувофиқи анъанаҳои меъмории мардуми Эрон, ҳамчунин технологияҳои наву замонавӣ арзи вуҷуд намудааст.
– Бурҷи «Милод» яке аз шаш бурҷи баланди мухобиротӣ ва яке аз нуздаҳ бурҷи машҳури олам ба шумор меравад. Он аз тарафи як гурӯҳ муҳандисони эронӣ сохта шудааст. Ба сохтмони пойдевори он бар асоси фармойиши шаҳрдори Теҳрон ва роҳнамоии меъмори варзида Муҳаммад Ризо Ҳофизӣ соли 1996 шурӯъ кардаанд. Сохтмони бурҷ ёздаҳ сол идома ёфта, соли 2007 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, – гуфт роҳнамозани эронӣ.
Масолеҳ ва маводи сохтмоние, ки барои бунёди ин бурҷ истифода шудааст, аз оина, пӯлод ва бетон иборат буда, вазни умумии он 150 тоннаро ташкил мекардааст. Дар дӯконҳои табақаҳои поёнии бурҷ сайёҳон метавонанд савғотиҳои гуногунро харид кунанд ва аз намоишгоҳи он ба таври ройгон боздид намоянд. Дар он ашёи хеле гуногун дар маърази мусофирону сайёҳон қарор гирифта буд, ки маҳсули ҳунармандони эронӣ мебошад. Ин ҷо кӯдакон низ метавонистанд ба бозиҳои гуногун машғул шаванд.
Зимни баромадан ба табақаҳои болоӣ дидем, ки лифтҳои интиқолдиҳанда бо суръати хеле баланд ҳаракат мекунанд. Маълум шуд, ки он дар як сония то ҳафт метр боло мебарояд. Аз болои ҳар қабати бурҷ тавонистем тамоми шаҳри Теҳронро тамошо кунем. Теъдоди аҳолии доимии шаҳр 16 миллион нафар буда, бо теъдоди нафароне, ки аз атроф меоянду дар ин шаҳр кор мекунанд, 20 миллион нафарро ташкил мекунад. Фосилаи байни ду тарафи Теҳрон бештар аз 70 километрро ташкил мекардааст.
«Гунбади осмон» аз табақаи болотарини ин сохтмон буд. Дар он асарҳои ҳунарманди машҳури Эрон доктор Ризо Яҳёӣ гузошта шуда буданд, ки таъриху тамаддуни Эронро дар давраҳои мухталиф баррасӣ менамоянд. Дар табақаи дигар дастнависҳои қадимиро дар маърази тамошо гузошта буданд. Мазмуну мундариҷаашон хеле гуногун арзёбӣ гардид. Чанд адад курраҳои арзи қадимӣ бо шаклҳои хурду калон низ аз ашёи ин осорхона маҳсуб меёфтанд. Ин курраҳои арз ба асрҳои ХVII-XX солшумории милодӣ мутааллиқ буда, аз тарафи намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба ин осорхона тӯҳфа шудаанд.
Дар пайи саёҳат мо ба осорхонаи одамони машҳури Эрон ворид шудем. Муҷассамаҳои силиконишудаи онҳо боиси ифтихори мардуми Эронанд. Онҳо мисли одамони зинда рост меистоданд ё дар курсӣ менишастанд. Ин муҷассамаҳо бо дасти ҳунарманди ин риштаи хоси муҷассамасозӣ доктор Алиризо Хоқонӣ сохта шуда буданд.
Тавассути муҷассамаҳо ҳар бинанда метавонист бо чеҳраҳои шинохтаи илму адабу фарҳанги эрониён, арбобони намоёни давлатӣ, меъморону фармондеҳон, шоҳони сулолаҳои мухталиф, вакилони варзиши ин кишвар ва амсоли он шиносоӣ пайдо кунад. Дар байни ин муҷассамаҳо зодаи Бухорои шариф, яке аз симоҳои барҷастаи аҳли адабу фарҳанги тоҷику форс, риёзидон, мунаҷҷим, табиатшинос, ҷуғрофидон, кимёшинос, файласуф ва донишманди бузург Абӯалӣ Синоро гузошта буданд. Вай дар даст китоби «Ал-Қонун»-ро медошт. Дар шафати муҷассама шарҳи ҳол ва фаъолияти аллома Абӯалӣ Сино тафсир шуда буд. Тамошои ин муҷассама боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як аъзои гурӯҳи мо гардид.
«Милод» дорои тарабхонаи даврзананда низ аст. Муштариён дар ҷои нишаст метавонистанд чаҳор самти шаҳри Теҳронро бароҳат тамошо кунанд. Як ошёнаи бурҷи мазкурро парчамҳои гуногун, макети телеманораҳои чандин кишвари дунё оро медод. Қисмати аз ҳама болоии ин бурҷро антеннаи баланд ишғол мекард. Он вазифаи қабул ва пахши барномаҳои телевизиону радио, муайян намудани иқлим, зери назорат гирифтани ҳаракати нақлиёти роҳҳои шаҳри Теҳрон ва амсоли онро иҷро мекард.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
ТЕҲРОН.