БУРЁКӮБОН БА ИСТИҚБОЛИ ИДИ СОЛИ НАВ РОСТ ОМАД

Дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят аъзои хонаводаҳои зиёд дар манзилҳои наву замонавӣ маросими бурёкӯбон баргузор намуданд ва иди Соли нави мелодиро истиқбол гирифтанд.

Аъзои хонадонҳои мазкур аз шумори оилаҳои камбизоат, хонаводаҳои эҳтиёҷманд ва имконияташон маҳдуди шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсуб меёбанд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ дар минтақаҳои мухталифи қаламрави вилоят садҳо хонаҳои истиқоматии хушсохту замонавӣ сохта шуданд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҷиҳати сохтани ин хонаҳои аз  ҳар нигоҳ  хубу замонавӣ гурӯҳҳои сохтмонии Ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди «Камолхон Ҷаҳонов», «Фарғона уй-қурилиш»,  «Фарғона сифатли йӯл» ва якчанд ширкату ҷамъиятҳои дигари сохтумонӣ саҳм гирифтанд.
Дар байни теъдоди умумии соҳибони манзилҳои нав як гурӯҳро аъзои оилаҳои имкониятҳояшон маҳдуд ташкил мекунанд, ки бошандагони шаҳрҳои Марғелону Қувасой, ноҳияҳои Фарғона, Тошлоқ ва Қӯштеппа мебошанд. Онҳо дар арафаи Соли нав маросими бурёкӯбон ташкил  карда, иди Соли навро дар хонаҳои наву замонавӣ истиқбол гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки як гурӯҳи шаҳрвандони имкониятҳояшон маҳдуд бошандагони мавзеъи «Миндонобод»-и ноҳияи Фарғона ва маҳаллаи «Муяни Боло»-и шаҳри Қувасой мебошанд. Онҳо соҳиби хонаҳои хушсохту замонавӣ гардиданд ва барои чунин тӯҳфаҳои солинавӣ ба Президенти мамлакат ибрози сипосу қаноатмандӣ намуданд.
– Ман соҳиби панҷ фарзанд ва набераҳо ҳастам. Аз он ки духтарам Турсуной маълули гурӯҳи дуюм мебошад ва шароити созгор надоштем, азият мекашидем. Маҳз барои ҳамин ба оилаи мо манзили нав ҷудо карданд, ки дорои се утоқи алоҳида мебошад, – изҳор кард сокини маҳаллаи «Муяни Боло»-и шаҳри Қувасой Муҳаббатхон Дадаҷонова. – Вақте ки Муроҷиатномаи Президентамонро ба Олий Маҷлис шунидам, ба ваҷд омадам ва хеле хурсанд шудам. Чунки Президент гуфтанд, ки барои нигоҳубин ба модарони фарзандашон маълул нафақаи хоси иҷтимоӣ  ҷорӣ мекунанд. Магар ғамхорӣ аз ин беш мешавад? – бо қаноатмандӣ илова кард ин сокини маҳаллаи «Муяни Боло».
– Дар якчанд ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои шаҳри Марғелон наздики сесаду ҳаштод оилаи камбизоат ва шароиташон вазнин ба рӯихат гирифта шудаанд. Дар арафаи Соли нав  аъзои даҳ хонавода ба манзили нав кӯчиданд ва аз шароити хуб  бархурдор гардиданд. Минбаъд низ талош мекунем, ки бо навбат аъзои хонаводаҳои шомили ин рӯйхат дар соли 2019 соҳиби манзили нав шаванд, – мегӯяд раиси кумитаи занони шаҳри Марғелон Дилноза Эргашева.
Анҷоми ҳамаи ин корҳо бар ин асос сурат мегиранд, ки дар мамлакатамон   ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирӣ ва таъмини оилаҳои камбизоат бо хонаву ҷой эътибори ҷиддӣ касб намудааст. Дар баробари ин, роҳбари давлат зимни суханрониҳо ҳамеша шиддат бахшидан ба ислоҳоти ҳамаҷониба, дастрасӣ ба имкониятҳои беҳтару бештар ва ғояҳои ташаббускоронаро талқину тақозо менамояд. Барои ҳамин соли 2019 аз тарафи Президенти мамлакат Соли сармояҳои фаъол ва рушди иҷтимоӣ  эълон карда шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани нақшаҳои зиёд хеле мусоидат хоҳад кард, – афзуд Дилноза Эргашева. 
  
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: