БӮРЁКӮБОН ДАР МАНЗИЛҲОИ НАВ

Дар мавзеи Боғишамоли шаҳри Андиҷон аъзои ҳаштоду ду оила дар фазои шодиву нишот маросими бӯрёкӯбонро барпо карданд, ки аз суннатҳои деринаи мардумӣ ба шумор меравад

Аъзои ин оилаҳо ба хонаҳое кӯчиданд, ки бо саъй ва кӯшиши ҳокимияти вилоят сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Гурӯҳҳои сохтмонӣ ҳафтаҳои зарбдор эълон карда, дар муддати сиву панҷ рӯзи корӣ  сохтмони ин манзилҳои наву замонавиро ба итмом расонидаанд.
Тавре ки дар дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят ба мухбири «Овози тоҷик» гуфтанд, дар ин рӯзҳои фараҳбахш мавзеи Боғишамоли маркази вилоят ба майдони сохтмонҳои бузург табдил ёфтааст. Гуфта шуд,  ки дар айни ҳол сохтмончиёни меҳнатқарини вилоят бо  беш аз сад арода техникаи мухталиф  ба сохтани боз сӣ манзили дигар камари ҳимматро мустаҳкам бастаанд. 
– Вақтро ғанимат дон, ҳар қадар, ки битвонӣ, – гуфтаанд хирадмандонамон. Барои ҳамин аъзои гурӯҳҳои сохтмонӣ тасмим гирифтаанд, ки то охири моҳи сентябри соли равон ин сӣ хонаро сохта, ба соҳибонашон месупоранд, – гуфт мудири котиботи бахши сохтмони ҳокимияти вилоят Азаматҷон Шокиров.
Ӯ илова намуд, ки кори сохтмончиён дар мавзеи Боғишамоли шаҳр бо баҳрабардории сӣ манзили сохташуда ба поён нарасида, ки дар давраи сеюми мавсими сохтумони манзилҳо қомат афрохтани боз ҳафтод манзили дигар барномарезӣ шудааст.
– Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ҳамеша таъкид мекунанд, ки мо дар кору вазифаи худ масъулиятшинос бошем. Сиёсате, ки  таҳти роҳбарии ӯ пиёда мешавад, моро ба корҳои аз ин ҳам бузург роҳнамоӣ мекунад. Мо ба давраи нави ислоҳот ворид шудем ва бо дарки масъулият талош хоҳем кард, ки қишрҳои камбизоати вилоятамон низ соҳиби хонаҳои шинаму замонавӣ шаванд,– иброз намуд ҳамсуҳбатам.
Бино ба гуфтаҳои мудири котиботи бахши сохтмони ҳокимияти вилоят дар маҳаллае, ки номи «27-солагии истиқлолият»-ро касб хоҳад кард,  бинои нави мактаб барои дусаду шонздаҳ талаба, муассисаҳои замонавии тиббӣ, дӯконҳои тиҷоратӣ ва гузари зебову барҳаво бунёд хоҳанд шуд. 
– Дар ин минтақа барпо намудани бозори мошинфурӯшӣ низ тарҳрезӣ шуда буд, ки аллакай оғоз ёфтааст. Ин бозор ҳудудан ҳашт гектар майдонро ишғол хоҳад кард. Ба ин васила даҳҳо ҷойҳои нави кор фароҳам оварда хоҳанд шуд, ки дар айни замон он муҳоҷирати ғайрирасмии кориро дар миқёси вилояти мо хеле коҳиш медиҳад,– таъкид намуд Азаматҷон Шокиров.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: