БӮРЁКӮБӢ БАЪДИ 63 СОЛ

Маҳаллаи Сазағон яке аз масканҳои дурдасти ноҳияи Нурободи вилояти Самарқанд аст.

 Соли 1959  барои мардуми кӯҳистони мазкур иншооте аз сангу гил бунёд карда буданд, ки бо мурури замон харобу ношоям гардид. Солҳои охир бо сиёсати хирадмандонаи сарвари давлатамон маҳз дар гӯшаҳои мухталифи ҷумҳурӣ барои нигоҳдории тандурустӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.
Аъзоёни пресс-тур, ки бо ташаббуси сардори Садорати ҳифзи тандурустии вилояти Самарқанд ташкил шуд, дар маросими расман ба истифодабарии бинои нави табобатхонаи деҳа ширкат варзиданд 
Бояд таъкид намуд, ки бинои наву замонавӣ аз якчанд контейнер иборат аст.
– Шуъбаи навбунёд ҳар рӯз 50 нафар корафтодаро қабул мекунад, – гуфт сарҳакими иттиҳодияи табобати ноҳияи Нуробод Абдулло Абдиев, – дар ин ҷо 7 нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун ба мардум хидмати шоиста мекунанд. Барои бунёд ва таъминот бо асбобу анҷоми табобат 2,5 миллиард сӯм сарф шуд.
Инчунин дар деҳаи Оҳалики ноҳияи Самарқанд барои мардуми кӯҳистон бӯрёкубии иншооти нав ба вуқӯъ пайваст.
 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: