Дар маҳаллаи Каттақишлоқи ноҳияи Ҷомбой барои оилаҳои эҳтиёҷманд хонаҳои бисёрошёна ба истифода супурда шуд.
Ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов оиди ин гуна корҳои хайр, ки нишонаи меҳру оқибат, ғамхории ҳукумат нисбати шаҳрвандон мебошад, ҳарф зада, соҳибони хонаҳоро бо ин рӯзи хурсандӣ табрик кард.
– Баъди аз падару модар барвақт ҷудо гаштанамон, бехонаву ҷой иҷоранишинӣ карда, рӯз мегузаронем, – гуфт соҳиби хонаи нав Озода Мирзоева. – Имрӯз барои ман ва хоҳарчаи мактабхонам рӯзи фаромӯшнашаванда аст. Хонаро бе пардохти ибтидоӣ ба муддати 20 сол дар асоси воми имтиёзнок доданд. Барои ин ғамхорӣ аз Президенти мамлакатамон миннатдорем.
Инчунин дар шаҳраки Гулободи ноҳияи Самарқанд низ 10 оилаи эҳтиёҷманд соҳиби хонаҳои нав шуданд. Ҳокими ноҳия Шӯҳрат Ҷамолов соҳибони манзили навро муборакбод гуфта, калидашро супурд.
Маросими бӯрёкӯбӣ бо рақсу бозӣ ба поён расид.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.