БУВАД МАЙДОНИ МАРДӢ СУЛҲХОҲӢ...

Маънавияти воло – неруи мағлубнопазир

Мардуми кишвари маҳбуби мо Муроҷиатномаи Сарвари давлатамонро ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон бо хушҳолӣ гӯш карданд ва тавассути матбуоти даврӣ мутолиа намуданд. Боиси ифтихор аст, ки роҳбари давлат ба посбонони Ватан, ки дахлнопазирии сарҳад ва оромиву осоиштагии моро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунанд, низ ниятҳои неки худро ирсол  намуда, аз самими қалб арзи сипос кард, таманнои осмони мусаффо намуд. Шоири ширинкаломи тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ фармудааст:
Бувад майдони мардӣ сулҳхоҳӣ,
Ба сидқи ин диҳад дунё гувоҳӣ..
.
Роҳбари давлат таъкид намуд, ки маҳз ба шарофати хизмати шоистаи шабонарӯз ва доимии ҳимоятгарони Ватан дар кишвари ҷаннатмаконамон ҳамеша осоиштагӣ ҳукмрон аст, вакилони миллатҳои гуногун чун фарзандони як оила дар фазои сулҳ умргузаронӣ мекунанд.
Боиси хушнудист, ки дар ин кори хайру амалҳои нек ҷавонмардони Самарқанд низ саҳми арзанда доранд.
Ҳавас аст, ҳамин бас аст
Ҳар гоҳе амакаш, собиқ сардори  комиссариати ҳарбӣ, полковник Маъруфҷон Усмонов (илоҳӣ рӯҳашон шод бод!)  дар либоси тозаву озода, хушдӯхту зебои низомӣ ба хонадони додараш Раҳим меомад, ҷияни мактабхони чеҳрахандону ҳозирҷавоби ӯ Шӯҳратҷон бо ҳавасу ифтихори хосса сӯяш менигарист. Ва дар дил орзуи мисли вай ҳарбӣ шуданро мепарварид.Шояд аз ҳамин сабаб филмҳои доир ба ҳарбиёнро бо завқ тамошо карда, пайваста асарҳои бадеӣ мехонд. Пас аз ба даст гирифтани номаи камол ҳуҷҷатҳои худро ба омӯзишгоҳи ҳарбии автомобилии қӯмондонии олии Самарқанд супурда, аз санҷиш сарбаланд гузашт.
Тайёрии  ҷисмонӣ ва дониши кофӣ дошт, ки  аз душворӣ ва тартиби қатъӣ наҳаросид. Чор соли хониш дар омӯзишгоҳ чӣ тавр гузашта рафт, худ нафаҳмид. Ва он рӯз, ки бо дипломи мактаби олии ҳарбӣ ба хона омад, аввалин шахси табриккунанда шодравон амаки полковники мустафъӣ буд.
– Ҳарбӣ шудан шараф аст,– ҷияни худро самимона ба оғӯш кашид Маъруфбобо, – ман ҳам тамоми умри хешро ба ин касб бахшида, дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок карда будам. Ана ҳозир гашти пирӣ меронам. Дуоям – мисли ман хизмати шоистаи худро ба итмом расондани туст.

Маънавияти воло – неруи мағлубнопазир

Шӯҳратҷон бо роҳхати омӯзишгоҳ дар қисмҳои низомии гуногун ҳамчун тарғибгари варзидаи маънавият беш аз бист сол хизмати шоиста карда, дар рутбаи майор бознишаста шуд. Аммо рост гуфтаанд, ки тарки одат, амри муҳол. Вай дар шуъбаи мудофиаи ноҳияи Самарқанд ҳамчун ҷонишини сардор  оид ба корҳои таълиму тарбия ва мафкура ба кор омад ва соли панҷум вазифаи пурмасъулияти хешро сарбаландона иҷро мекунад. Дар арафаи Рӯзи муҳофизони Ватан бо супориши идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» ва тавсияи Садорати шӯъбаи мудофиаи вилоят  бо Шӯҳратҷон суҳбати дилнишине оростем.
— Медонед, инсон ҳар қадаре ки худро шиносад, наслу насабашро амиқтар донад, дар қалбаш ҳисси муҳаббат ба халқу ватан чуқуртар реша давонда, сол ба сол меафзояд, – гуфт Шуҳратҷон Усмонов, – Воқеан, ин реша ҳар қадар жарфтар бошад, меҳру муҳаббат ба кишвари маҳбубе, ки дар он ҷо чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, ҳамон қадар зиёда мегардад.
Шуъбаи мо бо мақсади самаранок ташкил кардани кори таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳи ватандӯстӣ ва ҷавонмардии ҳарбӣ ба муносибати Рӯзи муҳофизони Ватан чорабиниҳои судманд мегузаронад. Дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии миёна, маҳалла, қисмҳои ҳарбӣ вохӯриҳо бо афсару сержант, аскарони қаторӣ ва сарбозони байналмилалӣ чорабиниҳои маънавию маърифатӣ барпо карда истодаем, ки таҳти шиори «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ӯзбекистони Нав» баргузор мешаванд.
– Фаҳмо, Шӯҳратҷон, боз чӣ гуна вазифаҳо доред?
– Назорат ва кумаки ҳаматарафа ба ташкилотчиёни тайёрии ибтидоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии миёна. Инчунин таҳияи ҳуҷҷатҳои лозимии довталабон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои ҳарбии на танҳо Ӯзбекистон, балки кишварҳои дӯст.
Ба маълумоти шумо расонам, ки соли гузашта бисёр ҷавонони ноҳияи Самарқанд ба мактабҳои олии ҳарбӣ дохил шуданд. 
Мо саргарми суҳбат будем, ки марде вориди утоқи кории Шӯҳратҷон гардид ва барои маслиҳати муфиду судманд барои писараш, ки дар яке аз қисмҳои низомии Тошканд қарзи ҷавонмардии худро иҷро мекунад, арзи сипос намуд, ки табъи мусоҳибам  болида гашт.
–Дар комёбиҳои шуъбаи мудофиаи ноҳияи Самарқанд хизмати шоистаи роҳбарони ҳарбии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии миёна хеле калон аст, – илова намуд Шӯҳратҷон, – ман бо ифтихор исму насаби муаллимони таълими ибтидоии мактаби миёнаи рақами 2-юми ноҳияи Самарқанд, полковники мустафъӣ Санҷар Холмуродов, мактаби рақами 11-ум, подполковник Комил Меликов, мактаби рақами 16-ум, лейтенант Алишер Насриев, мактаби рақами 33-юм, капитан Ҷӯрабек Остонов, мактаби рақами 43, подполковник Муҳиддин Облоқулов ва дигарон бузург аст.
 – Шӯҳратҷон, тавассути рӯзномаи «Овози тоҷик» ба Рӯзи муҳофизони Ватан чӣ таманно доред?
 – Аз фурсат истифода бурда, тамоми ҳарбиёни ҷумҳурӣ, собиқадорони артиши миллӣ – мактаби ватанпарварӣ ва онҳоро, ки шабу рӯз сарҳади моро ҳимоят мекунанд, бо Рӯзи муҳофизони Ватан аз таҳти дил табрик гуфта, тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Бигзор ҳамеша осмонамон мусаффо, ҳаётамон осуда бошад!

Суҳбаторо 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: