Дар маҷлисгоҳи бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тирмиз бахшида ба 610-солагии шоири форс-тоҷик, мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ донишҷӯён, устодон ва фаъолони Маркази фарҳанги тоҷикони вилоят ширкат карда, нотиқон дар бораи истеъдоди бузурги Абдураҳмони Ҷомӣ маълумоти муфид доданд. Ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои адабии ду намояндаи бузург, рамзи барҷаста: Ҷомӣ ва Навоӣ фикрҳои ҷолиб баён шуд ва таъкид гардид, ки ҳамкориҳои онон то ҳол ҳамчун нишонаи дӯстии ду халқи бародар: тоҷик ва ӯзбек намунаи ибрат мебошад.
Мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқ, доктори илмҳои фалсафа (PhD) М. Қурбоналиева ва раиси Маркази мадании тоҷикони вилоят, дотсент Р. Абдуллоев ба донишҷӯён оид ба омӯхтани мероси шоир тавсияҳои судбахш доданд. Ҳамчунин ба иштирокчиёни фаъол сертификат ва маҷаллаи «Дурдонаи шарқ» тақдим карда шуд.
Дар қисмати бадеии чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён намунаҳо аз ашъори мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ қироат шуда, саҳнаҳо аз рӯи осори шоир гузошта шуд.
Олим Панҷизода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.