Нишасти навбатии маҳфили «Хирадманд» дар мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ, дар деҳаи Эҷ баргузор гардид. Он ба 100-солагии таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» бахшида шуда, таҳти унвони «Бузургдошти рӯзномаи миллат – «Овози тоҷик» гузашт.
Ислоҳоти ояндасоз барои дар мамлакат ба амал татбиқ намудани ҳар як ташаббуси созанда имкониятҳои васеъ фароҳам овардаанд. Дар ин раванди созанда ташаккули олами маънавии аҳли кишвар мавқеи муҳим дорад. Дар вазъияте, ки таваҷҷуҳи мардум ба китобу китобхонӣ то андозае коҳида буд, аз ҷониби давлат озмуни «Китобхони ҷавон» роҳандозӣ гардид. Дар ин замина бо ташаббуси нависандаи шинохта Юнуси Имомназар дар байни донишомӯзони мактабҳои тоҷикии вилоятҳои Ҷиззах ва Навоӣ маҳфили зеҳнию андешаварзии «Хирадманд» таъсис ёфтааст. Маҳфил зуд миёни толибилмони мактабҳои кӯҳпояи Нурато мавқеъ ва мақоми хосро пайдо карда, ҳоло ба ҳукми анъана даромадааст.
Нишасти навбатии маҳфили «Хирадманд» дар мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ, дар деҳаи Эҷ баргузор гардид. Он ба 100-солагии таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» бахшида шуда, таҳти унвони «Бузургдошти рӯзномаи миллат – «Овози тоҷик» гузашт. Дар чорабинӣ донишомӯзони ҳашт мактаби таълимашон ба забони тоҷикии ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ ва ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах бинобар шартҳои гуногун сабқат намуданд.
Маҳфил-бозии интеллектуалиро омӯзгор, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон ва Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Дилмурод Қӯзиев оғоз бахшид. Ӯ таъкид намуд, барои он ки донишомӯзон ба манбаъ ва сарчашмаҳои марбут ба мавзӯи «Бузургдошти рӯзномаи миллат – «Овози тоҷик» дастрасӣ дошта бошанд, мо ба воситаи омӯзгороне, ки дар мактаби худ барои гузаронидани зинаҳои аввали ин бозии интеллектуалӣ вобастаанд, 20 мақолаи илмию таҳлилӣ ва таърихию публитсистии адибони шинохта ва хабарнигорони варзидаи «Овози тоҷик»-ро аз замони нахустин шуморааш то имрӯз барои омӯзиши донишомӯзон пешниҳод карда будем.
Дар маҳфил ҷонишини сармуҳаррири «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов, мудири бахши адабиёт ва санъати рӯзнома, узви иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, шоир Абдулло Субҳон, нависанда, узви иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Юнуси Имомназар, адиби зуллисонайн Пайғом, раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов, мудири шуъбаи Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Нурато Воҳид Қобилов, мудири шуъбаи маънавият ва маърифати бахши таълими мактабӣ ва томактабии ноҳияи Нурато Шерзод Мустафоев ва намояндаи Агентии кор бо ҷавонони ноҳия Умарҷон Усмонов ширкат варзиданд.
Мусобиқаи донишомӯзон хеле шавқовар гузашт. Хонандагони ташнаи илм ва китобхон ба ҳар як савол бо забони буррову шево дақиқ ҷавоб медоданд. Мусобиқаи дастаҳои зеҳнӣ-андешаварзии хонандагонро се нафар доварон – Абдулло Субҳон (раис), Пайғом ва Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Ҷумҳур Қӯқонов арзёбӣ карданд.
Пас аз гузаронидани се даври озмун бо дарёфти 42 хол дастаи хирадварзи мактаби рақами 13-уми деҳаи Порашт (ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах) ба ҷойи якум (роҳбари даста – Дилбар Қурбонова), бо 39 хол дастаи мактаби рақами 32-юм (роҳбари даста –Бахтиёр Раҳимов) аз деҳаи Моҷарм (ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах) ба ҷойи дуюм ва бо 37 хол дастаи мактаби рақами 21-уми Соб (ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ) ба ҷойи сеюм (роҳбари даста Бахтиёр Холов) сазовор гардиданд.
Дар маҳфил-бозии андешаварзӣ ва зеҳнии «Хирадманд» аз рӯйи номинаҳои хониши ифоданок – «Шеърхони беҳтарин» ва «Суханрони беҳтарин» донишомӯзон аз мактабҳои 43 (деҳаи Эҷ) ва 38-уми деҳаи Синтоби ноҳияи Нурато Бунафша Қӯрғонова ва Ганҷина Олибоева дастболо гардиданд.
Дар давоми маҳфил ҷонишини сармуҳаррири «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов, шоир Абдулло Субҳон, намояндаи ҳокимияти ноҳияи Нурато Воҳид Қобилов, корманди Агентии кор бо ҷавонони ноҳия Умарҷон Усмонов, раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов дар бораи мақом ва мавқеи рӯзномаи «Овози тоҷик» ва аҳамияти маънавиву маърифатии он тӯли 100 сол, китобу китобдорӣ, аҳамияти китобхонӣ, парвариши насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба мероси фарҳангии ниёгон, таҳкими дӯстии байни ҷавонон ва рафоқати халқҳои ба ҳам бародари тоҷику ӯзбек суханҳои самимӣ гуфтанд.
Тоҷибой Икромов зимни суханронӣ пешниҳод намуд, ки мавзӯи навбатии маҳфили «Хирадманд» бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти 75-солагии нависанда ва рӯзноманигор Бекназар Тӯйназаров, 70-солагии шоирони варзида Паймон ва Абдулло Субҳон ва 60-солагии нависандаи шинохта Юнуси Имомназар, ки зода ва дастпарварони деҳоти кӯҳпояи Нурато буда, дар рушду нумӯи натанҳо ҳавзаи адабии тоҷикони Ӯзбекистону Тоҷикистон, балки ба равнақи адабиёти форсизабонон саҳм мегиранд, бахшида шавад.
Дар хотима ба дастаҳои ғолиби мусобиқа ва ҳар як ширкаткунандаи маҳфил-бозии интеллектуалӣ аз ҷониби раёсати маҳфил, Маркази милливу фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах, ҳокимияти ноҳияи Нурато, иттифоқи ҷавонони ноҳия ифтихорнома ва туҳфаҳо супорида шуданд. Ҳамчунин Тоҷибой Икромов туҳфаҳои хотиравии рӯзномаро ба роҳбарони мактабҳои иштирокдор ва чанд нафар ҳомии рӯзномаю равшанфикрон супурд.
Маҳфил-бозии интеллектуалии «Хирадманд» боз як маротиба собит намуд, ки ҳадафи асосии он тарғиби китобхонӣ, пуштибонии аҳли қалам, таҳкими дӯстии байни донишомӯзони мактабҳои як кӯҳистон ва тарғиби худшиносии миллӣ аст. Дар давоми нишаст китобҳои бадеии «Марзи сухан», «Хирмани сухан» (муаллиф ва мутарҷим Юнуси Имомназар), «Барнамегардад баҳор» ном маҷмӯаи ҳикояҳои Ӯткир Ҳошимов (ба забони тоҷикӣ тарҷумаи Насиба Зайниддинова, ки ба маҳфили «Хирадманд» ва мактабҳо ройгон тӯҳфа кардааст), «Даҳ пурсишу даҳ посух»-и шоир Паймон ва «Мактаби сеюм» ном китоби адиба Саодат Сангинова ба иштирокдорони маҳфил супорида шуданд.
Сарпарасти маҳфил Юнуси Имомназар иброз дошт:
– Ин нишасти фарҳангӣ бори дигар нишон дод, ки ҳар як кас бо камоли мамнуният дастгиру муаррифгари рӯзномаи маҳбуби «Овози тоҷик» аст ва орзуманди солҳои зиёд зиндаю ҷовид мондани он мебошад.
Баромадҳои хонандагони мактаби рақами 43-юм, рақсу сурудхонии онҳо ҳозиринро болидарӯҳ ва хушнуд намуд. Суруду таронаҳо дар иҷрои сарояндаи хушилҳом Дилмурод Қӯзиев ҷараёни маҳфилро боз ҳам рангину ҷаззобтар кард.
Дар охир директори мактаби рақами 43-юм Нурулло Солеҳов аз ташрифи меҳмонон изҳори сипос намуд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.