БУЗУРГДОШТИ ШОИР ВА МУТАФАККИРИ БУЗУРГ ДАР ХИЁБОНИ АДИБОН

Дар Хиёбони адибони пойтахт бахшида ба 580-умин солгарди зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузурги ӯзбек — Алишер Навоӣ чорабиниҳо оғоз ёфтанд.

Дар Хиёбони адибони пойтахт бахшида ба 580-умин солгарди зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузурги ӯзбек — Алишер Навоӣ чорабиниҳо оғоз ёфтанд. Дар ин гирдиҳамоӣ намояндагони илм, зиёиён, ходимони созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ, олимони адабиётшинос ва донишҷӯён ширкат меҷӯянд. Дар майдон арбобони давлатию ҷамъиятӣ, шоиру нависандагон, адабиётшиносон, донишҷӯён ва хонандагони мактбҳо, созмонҳои эҷодӣ ва намояндагони аҳли ҷомеаи васеъ гирди ҳам омадаанд.
Суҳбатҳои адабӣ, мутоиба ва мушоира дар авҷ аст.
— Зодрӯзи Алишер Навоӣ имсол бо шукӯҳи хосса пешвоз гирифта мешавад, — гуфт шоири шинохта, ҷонишини раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Ғайрат Маҷид. — Рӯзи таваллуди Навоӣ натанҳо дар мамлакатамон, балки дар кишварҳои хориҷӣ низ васеъ ҷашн гирифта мешавад. Ҳазрати Навоӣ ғуруру ифтихори миллати ӯзбек маҳсуб меёбад. Чорабинии бахшида ба ин санаи муборак оғозёфта тӯли сол дар таълимгоҳҳо, созмонҳои эҷодӣ, маърифатгоҳҳо ва маҳаллаҳо идома пайдо хоҳад кард.
— Ба таҷлили ин сана роҳбари давлатамон эътибори алоҳида дод, — мегӯяд мудири Департаменти рушди забони давлатии назди Девони Вазирон Абдуғаффор Қирғизбоев. — Дар қарори аз ҷониби ӯ батасвибрасида ба тарғиби густурдаи эҷодиёти шоир рӯйи эътибор гардонда шудааст. Даҳҳо китоби ба шоир ихтисосонидашуда рӯйи чопро диданд. Осори гаронбаҳои устод такрор интишор дода шуд.
Чорабиниро раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саид ҳусни ифтитоҳ бахшид.  Аз ҷумла, ӯ гуфт, ки тӯли солҳои истиқлолият бино ба омӯхтани мероси маънавии Алишер Навоӣ корҳои васеъмиқёс ба субут расиданд. Таъсиси ордени ба номи мутафаккир, фонди ҷамоатӣ, шурӯъ аз соли оянда дар мактабҳо тибқи консепсияи муайян таълим дода шудани эҷодиёти шоир далели ин гуфта аст.
Сухан ба сафири томулихтиёри Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ӯзбекистон Аҳмад Холид Элмӣ дода шуд. Сафир оиди омӯхтани мероси маънавии Алишер Навоӣ дар Афғонистон ва корҳое, ки доир ба рушди забони ӯзбекӣ дар Афғонистон анҷом дода мешаванд, сухан ба миён овард.
Олими навоишинос Шуҳрат Сироҷиддинов перомуни корҳое ҳарф зад, ки тибқи қарори Президенти мамлакат «Дар бораи васеъ ҷашн гирифтани 580-умин солгарди зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ» ба амал татбиқ мешаванд.
Намоишгоҳи китобҳои Алишер Навоӣ ва ярмаркаи адабиёти бадеӣ яке аз ҷойҳои серодами хиёбон буданд. Дар хиёбон, ҳамчунин, сурудҳои классикии дар асоси ғазалҳои шоир офаридашуда табъи ҳозиринро болида месохт.
Дар чорабинии мутантан мушовирони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Х. Султонов, А. Абдуваҳитов, ҷонишини Сарвазир Б. Мусаев иштирок менамоянд. 
Дар мамлакат ба омӯхтани мероси маънавии алломаҳои бузург, хусусан, дар байни ҷавонон ба таври густурда тарғиб намудани ин мерос эътибори алоҳида дода мешавад. Бахусус, доир ба оммавӣ гардондани китобхонӣ, бо ғаму дарди одамон ба сар бурдани роҳбарон, ба фаҳми ҷавонон расондани моҳияти мероси маънавии нобиғагони илму адаб корҳои зиёде ба амал татбиқ мегарданд. Бешубҳа, амиқ омӯхтани зиндагинома ва эҷодиёти шоири бузург дар ташаккулёбии маънавияти воло нақши муҳим мебозад.
Алишер Навоӣ бо осори пурҳикмат, рӯзгори ибратпазир, мероси гаронмояи илмиву адабии хеш ба рушди адабиёт ва илми ҷаҳон саҳм гузоштааст. Аз намунаҳои эҷоди ӯ имрӯз ҳам оламиён ғизои маънавӣ мегиранд.
Дар давоми чорабинӣ дар пойи муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гулҳои рангоранг гузошта мешуданд, ки далели эҳтироми халқ ба ин нобиғаи илму адаб буд.

 А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: