БУЗУРГОН ДАР БОРАИ ҶАВОНОН

Ҷавонӣ зуд мегузарад, онро дар вақташ дарёб. Рӯзи гузашта ҳамеша аз имрӯз беҳтар мебошад.

Ҷавонӣ зуд мегузарад, онро дар вақташ дарёб. Рӯзи гузашта ҳамеша аз имрӯз беҳтар мебошад. 
Овидий.
Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ!.. Шояд ҳамаи асрори ту на дар он аст, ки дар ҷавонӣ ҳамаи корҳоро кардан мумкин аст, балки эҳсос мекунӣ, ки ҳама корро карда метавонӣ. 
 И. С. Тургенев.
 Дарёи мусаффои тезоб ба ҷавонии мо монанд аст, баҳри пурмавҷ – миёнсолӣ ва кӯли орому хомӯш пирӣ аст. 
 Г. Р. Державин.
Ҷавонон чун парвонаҳоянд: ба сӯи нур мепаранд ва дар оташ меафтанд.  
 В. Ключевский.
То ба пирӣ ман талош мекардам, ки ба роҳат зиндагӣ кунам, аммо дар пирӣ кӯшиш мекунам, то ки ба роҳат бимирам. 
Сенека.
Ҷавонӣ ё пирии одам аз он маълум аст, ки ӯ худро чӣ гуна ҳис мекунад. 
Т. Манн.  
Ҷавонӣ – роҳгумзанӣ, миёнсолӣ – талош, пирӣ – афсӯсхӯрӣ.  
Б. Дизраэли. 
Ҷавонон хушбахт аз онанд, ки оянда доранд.  
 Н.В.  Гогол.
Умр аз нигоҳи ҷавонон роҳи дарозу ояндадор менамояд, аз нигоҳи пирон роҳи кӯтоҳи паймудае.  
 А. Шопенгауэр.
Он чӣ дар ҷавонӣ коштӣ, дар пирӣ ҳамонро медаравӣ. 
 Г. Ибсен.
Дар бистсолагӣ одамро орзую ҳавас идора мекунад, дар сисолагӣ – ақл, дар чилсолагӣ – эътиқод. 
Б. Франклин. 
Чилсолагӣ – пирии ҷавонист, панҷоҳсолагӣ ҷавонии пирӣ. 
В. Гюго. 
Дурусттарин тадбир якҷоягии  таҷрибаи пирон бо нерӯи ҷавонон аст.  
Б. Шоу. 
Дар ҷавонон кадом як нишонаи неки пиронро дидан ва ё дар пирон ягон хусусияти хуби ҷавононро дидан ба ман хуш меояд.  
Сисерон.
Аз ҷавонон ҳамоне хуб аст, ки аз шарм сурх шавад, на ин ки сафед шавад.  
Катон.
Дар ҷавонӣ мо реформатор (инқилобгаро) мешавем, аммо дар пирӣ – консерватор (куҳнагаро). Куҳнагаро беҳбудиро меҷӯяд, инқилобгаро – адолат ва ҳақиқатро.  
У. Эмерсон.

Таҳияи МЕҲРОВАР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: