Ватанпарварӣ маънои танҳо ба Ватан меҳр монданро надорад. Он як ҳисси бузург аст. Ин маънои онро дорад, ки худро як ҷузъи Ватан донӣ, дар рӯзҳои неку бадаш бо он бошӣ.А. ТОЛСТОЙ
***
Инсон пеш аз ҳама фарзанди мамлакати худ аст, шаҳрвандест, ки манфиатҳои мамлакати худро дар дилаш ҷойгир кардааст.
***
Саховати беандоза аз муҳаббат ба Ватан сарчашма мегирад.
Ж. РУССО
***
Ғояи Ватан дар тӯли солу рӯзҳо бояд барои фарзандон азиз бошад, танҳо онҳое, ки ин ғояро чуқур ҳис кардаанд, ҳақ доранд, ки худро шаҳрванди он ҳисобанд.
М. САЛТИКОВ-ШЕДРИН
***
Қарзи инсон дар назди Ватан муқаддас аст.
В. СУХОМЛИНСКИЙ
***
Барои Ватан кори нимкора кардан маънои ба он ҳеч коре накарданро дорад.
М. РОБЕСПЕР
***
Ватанпарварии олӣ ҷоннисорӣ дар роҳи фаровонии Ватан мебошад.
Н. ЧЕРНИШЕВСКИЙ
***
Ватанпарвар инсонест, ки барои Ватан хизмат мекунад, Ватан бошад, пеш аз ҳама халқ мебошад.
Н. А. НЕКРАСОВ
***
Барои мо падару модар, фарзанд, хешону наздикон азизанд, вале ҳамаи тасаввуротамон дар боби меҳру муҳаббат дар як калима – Ватан муҷассам аст. Агар ба Ватан нафъаш мерасида бошад, барои он кадом инсони бовиҷдон ҷон фидо кардан намехоҳад.
СИТСЕРОН
***
Ҷасорати ҳақиқии халқҳои бомаърифат дар ҷонфидоии онҳо ба Ватан намоён мегардад.
Г. ГЕГЕЛ
***
Дар берун аз Ватан бахт вуҷуд надорад, бигузор, ҳар кас дар сарзамин худ реша давонад.
И. ТУРГЕНЕВ
***
Кишвари бегона Ватан шуда наметавонад.
И. ГЁТЕ.
***
Худатро ба Ватан ҳар қадар наздик гирӣ, онро ҳамон қадар бештар дӯст медорӣ.
А. БЛОК
***
Дар қалби ҳар инсон қиёфаи халқи худаш зиндагӣ мекунад.
Г. ФРЕЙТАГ
***
Ҳар кас кишвари худро дӯст надорад, ҳеч чизро дӯст дошта наметавонад.
Ҷ. БАЙРОН
***
Ҳар кас аз Ватани худ рӯ гардонад, аз виҷдони худ низ рӯ мегардонад.
Я. ГАЛАН
***
Ватани худро доғдор кардан маънои фурӯхтани онро дорад.
В. ГЮГО
***
Ҷинояте ҳаст, онро наметавон бахшид, он хиёнат ба Ватан аст.
П. БАУСТ
Таҳияи Б.САОДАТ.