Бузургон дар бораи ҳунар ва ҳунари актёрӣ
Бузургон дар бораи ҳунар ва ҳунари актёрӣ
Куҷо беҳунар шуд асири ниёз,
Ҳунарманд ҳар ҷо бувад
сарфароз.
ФИРДАВСӢ.
Ҳунар бинмой агар дорӣ,
на гавҳар,
Гул аз кор асту Иброҳим –
аз озар.
***
Агар ба ҳар сари мӯят ҳунар ду
сад бошад,
Ҳунар ба кор наёяд,
чу бахт бад бошад.
САЪДӢ.
***
«Ҳунар беҳтар аз мулку моли
падар»
ЗАРБУЛМАСАЛ
***
Равандагони ҳақиқат ба ним
ҷав нахаранд,
Қабои атласи он кас,
ки аз ҳунар орист.
ҲОФИЗ.
***
Ба зери бори миннат кай
ҳунарвар мениҳад гардан,
Наҷунбад Кӯҳкан, гар бар сари
ӯ Бесутун афтад.
САЙИДО.
***
Чунин гӯянд меъморони ин кох,
Ки чун шуд бар иморат
доя густох.
Падид овард устоде
ҳунарпеш,
Ба ҳар ангушти дасташ
сад ҳунар беш.
ҶОМӢ.
***
Нақши девонаву тасвири
ҷунунро қаламам,
Санъате баст, ки гӯӣ зи
Фаранг омадааст.
САВДО.
***
Вақте актёр дар саҳна намедонад, ки нақши киро бозӣ мекунад, маҷбур мешавад, ки нақши худро бозад.
Василий КЛЮЧЕВСКИЙ.
***
Дар ман ду нафар таҷассум ёфтааст – актёр ва тамошобин. Дар аксари ҳолатҳо тамошобин аз актёри дар ман норозист.
Ҳенрик СЕНКЕВИЧ.
***
Дар саҳнаи зиндагӣ ҳамаи одамон то ҷое актёранд.
Саша ГИТРИ.
Гирдоваранда
ДУРАНДЕШ.
Латифа
Ризоияти падар
Падар ба духтараш:
– Ман ба он ҷавони артист ҳеч гоҳ туро ба шавҳар намедиҳам!
Инро гуфту рӯзи дигар бо духтараш ба театре рафт, ки дар он домодшаванда бояд нақш мебозид. Баъди ба анҷом расидани пардаи якуми песа ба духтараш гуфт:
– Ту ба ҳамин ҷавон ба шавҳар баро, дар ӯ аз артистӣ нишоне нест.
Таҳияи КОМРОН.
ҚАҲРАМОНМОДАР
(Татаббӯъ бар ғазали ғолиби озмуни «Килки заррин» — Озар Салим «Модар фаришта буд»)
Нуре, ки дошт модарам шамсу қамар надошт,
Меҳре, ки дошт дар дилаш худ як нафар надошт.
Сӯзе, ки дошт синааш дар оламе набуд,
Аз дуди оҳи модарам кайҳон хабар надошт.
Дарду ғами ҷаҳон ба дӯши ӯ нишаста буд,
Ранҷу азоби ӯ вале як муштипар надошт.
Ногашта пир, қоматаш хам гашту тан заиф,
Боре, ки дошт бар сараш гетӣ ба сар надошт.
Дар ҷисму ҷони хеш беморӣ бупарварид,
Бар дард ӯ вафо намуд, дармон асар надошт.
Чун «Қаҳрамонмодар» агар номаш навишта шуд,
Тоқат ба марги бемаҳали он падар надошт.
Шебу фарози зиндагӣ тай кард ӯ ба сабр,
Сабре, ки дошт модарам кӯҳу камар надошт.
Аз баҳри ҳар нафас нишоти рӯзгори мо,
Ҳатто даме ҳузури як шому саҳар надошт.
Ӯро чу як фаришта гар мегуфт аҳли деҳ,
Мекард хидмати ҳама, бар кас зарар надошт.
Оре, фаришта буд, ки модар биҳишт рафт,
Ҳамчун фаришта гарчи ӯ як болу пар надошт.
Олим ПАНҶИЗОДА
СИНТАБИ МАН
Зодгоҳам, маскани овозадорам, Синтабам,
Дилфиребу дилнишин, доимбаҳорам, Синтабам.
Як макони босафою файзбори аз азал,
Субҳу бегаҳ меҳмонро интизорам, Синтабам.
Чашмаи Аккои ту шодоб созад деҳаро,
Чашмдорам, Синтабам, сарчашмадорам, Синтабам.
Хониши кабки дарият менавозад гӯши ҷон,
Мебарад бонги хушаш аз дил ғуборам, Синтабам.
Аҳли олам ин замон ояд барои диданат,
Дарҳақиқат диданиӣ, кӯҳсорам, Синтабам.
Беҳтарин ҷойи ҷаҳон аз баҳри ман оғӯши туст,
Ман туро чун модари худ дӯст дорам, Синтабам.
Фарангис АКАБОЕВА,
хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи таълими
ҳамагонии рақами 38-уми ноҳияи Нурато.
ПАҲЛӮҲОИ ЭҶОДИЁТИ УЛУҒЗОДА
Имсол, ки мо мухлисони адабиёт 110-солагии адиби бузурги тоҷик Сотим Улуғзодаро ҷашн мегирем, бори дигар ба паҳлӯҳои эҷодиёти адиб назар карданамон ва аз он баҳра бардоштанамон, фикр мекунам, рӯҳи ӯро шод мегардонад. Дар таърихи адабиёти тоҷик Улуғзода ҳамчун нависанда, драматург, тарҷумон, адабиётшинос, олим, мунаққид саҳми босазое гузоштааст.
Яке аз соҳаҳои фаъолияти нависанда тарҷумонӣ буд. Бо гуфтаи профессор Худоӣ Шарифов устод Сотим Улуғзода ҳанӯз баъди хатми дорулмуаллимини шаҳри Тошканд дар 18-солагӣ ба тарҷумаи асарҳои бадеӣ аз русӣ ба тоҷикӣ пардохт ва дар андак муддат ба ин муваффақ гашт. Адиб дар 20-солагӣ асари «Занбӯр»-и Э.Войничро тарҷума карда, сазовори таҳсини муҳаққиқон ва устод Айнӣ мегардад, ки ин ба қаламкаши ҷавон илҳоми эҷодӣ мебахшад.
Сипас Улуғзода асарҳои «Борис Годунов»-и Пушкин, порчаҳои асари «Параллели 38»-и Тхай дан Чун, «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А.Островский, «Ҳаёт даъват мекунад»-и В.Бем-Белотсерковский, мазҳакаи «Хидматкори ду хоҷа»-и Карло Голдини, романи «Модар»-и М.Горкийро бо маҳорати ба худ хос тарҷума мекунад. Адиб дониши фаровон ва таҷрибаи зиндагию китобӣ дошт, аз ин ҷо қаламаш пурмаҳсул ва пурбор буд.
С.Улуғзода дар даҳсолаи сеюми асри бистум дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ», (дертар «Шарқи сурх», (ҳоло «Садои Шарқ») кор карда, барои равнақи матбуоти тоҷик ҳиссаи калон мегузорад, дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ адиб дар фронт ҳамчун мухбири ҳарбии газетаи «Барои Ватан» хабарнигорӣ карда, оиди ҷасорати аскарон очеркҳои ҳуҷҷатӣ менависад. Ба ин «Семён ва Саид», «Снайпер Низомов», «Ӯ Ленинградро ҳимоя мекунад», «Ҳуҷум» ва ғайра мисол шуда метавонад. Мақолаю очеркҳои ӯ барои бардоштани рӯҳи ҷанговаронаи аскарон аҳамияти калон доштанд.
Сотим Улуғзода дар майдони адабиёт ҳамчун мунаққиди сахтгир ҳам маъруф гашта буд. Ӯ ба бисёр асарҳои адибон тақризу таҳлилномаҳо менавишт ва барои бартараф кардани камбудиҳои асар, пурмазмун гаштани онҳо маслиҳатҳо медод. Зеро дигарон натиҷа гирифта буданд, ки дар забондонӣ ӯ баъди С.Айнӣ қарор дорад. Аз ин баъзеҳо хафа шаванд, баъзеҳо хурсанд мешуданд, аммо ҳеҷ кас ба тақризнавис эътироз баён намекард.
Ҳамин тавр, фарзанди барӯманди ду диёр, зодаи деҳаи Варзик Сотим Улуғзода нафақат бо ҳикояву повест ва драмаю романҳояш, балки бо асарҳои илмии забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ, мақолаҳои танқидиаш барои равнақи адабиёти тоҷик саҳми бузург гузоштааст. Навиштаҳояш имрӯз низ бори маънӣ мекашанд.
Назирҷон ЭРГАШЕВ,
деҳаи Варзики ноҳияи Чуст.