БУЗУРГОН ДАР САМАРҚАНД АСТ...

Самарқанди бостонӣ аз марказҳои санъату ҳунар, илму фарҳанги Осиёи Марказӣ аст.

Самарқанди бостонӣ аз марказҳои санъату ҳунар, илму фарҳанги Осиёи Марказӣ аст. Суруду таронаҳои халқӣ тӯли қарнҳо аз даҳан ба даҳан гузашта, то ба имрӯз расидаанд. Имрӯз ҳофизон онҳоро иҷро карда, умри дубора мебахшанд. Яке аз тарғибгари суруду таронаҳои халқӣ сокини деҳаи Хоҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд, ҳунарпешаи боистеъдод Талъат Шоҳбаротов мебошад.
Мусиқӣ ва суруди дилошӯб ба поён расиду мавҷи кафкӯбӣ ва нидои «Офарин» толори муҳташамро фаро гирифт. Сокинони пойтахти Фаронса – шаҳри Париж ба ҳунари волои ҳунарпешаи самарқандӣ Талъат Шоҳбаротов, ки аз фолклори халқӣ тарона иҷро мекард, қоил монда, бо чапакзанӣ ӯро гаштаю баргашта ба саҳна мехонданд. Вай такрор ба таронаи халқӣ рӯ овард:
Ҷӯйи ба ҷӯй об меравад, 
лояш катӣ, лояш катӣ,
Додарам зан мегирад, 
молаш катӣ, молаш катӣ.
Моли бисёр дораду фарзанд 
надорад ойтӯтем,
Чархи тилло дораду ришта 
надорад ойтӯтем...
Сипас дастаи ҳунарӣ дар якчанд шаҳру вилоятҳои Олмон, Италия, Исроил, Ҳиндустон низ баромад карда, бо маҳорати баланди хеш ба шефтагони ҳунари сарояндагӣ ғизои маънавӣ бахшид. Талъатҷон баъди ҳар сафар  бо як  олам  таассурот ба зодгоҳи азизаш – Хоҷа Аҳрори Валӣ  бармегардад.
Дарвоқеъ, мо бо санъаткор  қариб, ки ҳамгузар ҳастем ва дар бораи ӯ чанд сол қабл лавҳае иншо  карда будам. Бо ӯ боз, ба қавле, суҳбатамон қаймоқ баст.
– Тавре ки маълум аст, мероси мусиқии халқи тоҷик ба монанди мероси адабиаш пурғановат аст. Мо бо устод – Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистону Тоҷикистон Мардони Мавлон ба таронаи халқӣ оҳангҳои дилпазир сохтем. Мардуми нуктасанҷи мо — заршинос. Бигузор онҳо ба суруд баҳои холис диҳанд.  Хусусан, дар даврони нав завқу талаби мухлисон ба шеъру санъат бештар шуд. Мардум акнун фақат мусиқии дилнишин, таронаҳои пурмазмун ва содаву равонро, ки дархури замон бошанд, мепазиранд. Бояд таъкид намуд, ки Талъат Шоҳбаротов аз ҳофизони маҳбуби Самарқанд ба шумор меравад. Вай, хоссатан, таронаҳои халқиро бо услуби ба худ хос месарояд. Талъат мисли ҳунарпешагони асил мероси пурбаҳои ҳофизони машҳури халқамонро  дақиқ омӯхта, обу ранги нав дода, пешкаши мухлисон менамояд. 
– Писарам нозпарвар набуд, меҳнатро дӯст медошт. Нахустин «Ифтихорнома»-ро вақте ки дар синфи чорум мехонд, ба ман овард ва дуо  гирифт. Дар миқёси ҷумҳурӣ ғолиби озмуни «Истеъдодҳои нав» гардид, – гуфт модаркалони ӯ ҳоҷӣ Истадой Шоҳбаротова. 
Ҳамкории ӯ бо устодаш Мардони Мавлон басо ибратбахш аст. Устоду шогирд барномаи муштараки «Таронаҳои Самарқанд»-ро тартиб доданд. Ҳоло дар саҳнаҳои бонуфузи шаҳру деҳоти тоҷикнишини Осиёи Марказӣ намоиш дода, сазовори ситоишу эҳтиром шуда истодаанд.
– Эҷодиёти шифоҳии тоҷикони Самарқанд, ки фолклоршинос шодравон Баҳром   Шермуҳаммадов тартиб дода, бо номи «Таронаҳои Самарқанд» китоб кардааст, ганҷинаи бебаҳо мебошад, – мегӯяд Талъатҷон, – асари мазкур барои мо манбаи илҳом мебошад. Ёд дорам, модаркалонам зардӯзӣ ҳам мекарданду дар гирди остин ва домани куртаи арӯсӣ ва кашидаву болопӯшҳо бо риштаҳои заррин ё абрешимӣ байтҳои халқиро медӯхтанд. Рассомону хаттотон низ хона ё айвонҳоро бо байтҳои халқӣ оро медоданд. Аз ин гуна шоҳбайтҳои халқӣ метавон суруд омода кард. Афсӯс, ки ҳоло ин анъана  аз байн рафтааст. Кош, ҳунармандон имрӯз ҳам дар пештоқи иншоот байтҳои пандомез  менавиштанду насли наврас аз онҳо баҳра мебурд.
Талъатҷон ба ҷуз тарғибгари суруду таронаҳои халқӣ будан, шогирдони зиёдеро ба ҷодаи санъат кашидааст. Писараш Санъатҷон ба дунболи падар меравад.
– Талъатҷон дар мактаби таронаҳои халқӣ ба камол  расидааст, – иброз дошт ҳофизи мардумӣ Мардони Мавлон. – Камина бо суруди «Тӯтиҷон» дар забони мардум афтода будам, ӯ бо таронаи «Дар Самарқанд аст» маҳбубият пайдо кардааст. Аз забони ангубини ӯ ин суруди халқӣ басо гуворо садо медиҳад:
Биё, хушдил нишин, ҷӯши 
баҳорон дар Самарқанд аст,
Гуландому суманбӯ, 
лоларӯён дар Самарқанд аст.
Шакарлаб моҳпайкар, 
хушнигорон дар 
Самарқанд аст,
Адофаҳму сухансанҷу расоён 
дар Самарқанд аст.
Дило, санҷида шуд, кони
бузургон дар Самарқанд аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: