БУЗУРГОН ХАЛҚҲОРО БА ҲАМ МЕОВАРАНД

Соли 1941 бояд 500-умин солгарди шоир ва мутафаккири ӯзбек Алишер Навоӣ ҷашн гирифта мешуд.

Соли 1941 бояд 500-умин солгарди шоир ва мутафаккири ӯзбек Алишер Навоӣ ҷашн гирифта мешуд. Таҷлили ин санаи муборак дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба охири сол пешбинӣ шуда буд. Аммо 22-юми июни ҳамон сол фашистон ба мамлакат аҳдшиканона ҳуҷум карданд. Бад-ин тариқ, чор сол ҷанги хунин тӯл кашид. Ҳама чиз ба фронт, барои ғалаба сафарбар карда шуд. 
Аз оғози ҷанг шаҳри Ленинград дар муҳосира монд. Бо вуҷуди ин, 10-12-уми декабри ҳамон сол дар таҳхонаи «Эрмитаж» бо иштироки олимони рус бахшида ба ҷашни зодрӯзи шоири бузург конфронси илмӣ баргузор гардид. Ба панҷараҳо кампалҳоро кашида, олимону тарҷумонҳо доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Навоӣ маърӯза карданд, тарҷумаҳои нави шеърҳои шоир қироат гардид. Ин аз ҷасорати бузурги олимону адибони рус, ҳамчунин, эҳтироми поённопазири халқи рус ба ин нобиға ва халқи ӯзбек дарак медод. 
Инак, аз он рӯйдоди фарҳангӣ 80 сол сипарӣ гардид. Моҳи декабри соли равон дар «Эрмитаж»-и Санкт-Петербург такрор анҷумани навоихонӣ баргузор мегардад. Ин бор он ба 580-умин солгарди зодрӯзи шоир ва мутафаккир бахшида хоҳад шуд.
Дар чорабиние, ки бо ташаббуси Ҷамъияти ҷаҳонии омӯзиши мероси фарҳангии Ӯзбекистон, ҳифз ва оммавӣ гардондани он баргузор мешавад, таҳти роҳбарии раиси ҷамъияти мазкур Ф. Абдухолиқов, қаҳрамонони Ӯзбекистон – адабиётшинос ва тарҷумони шинохта И. Ғафуров, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон М. Йӯлчиева, олимони навоишинос – ректори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти Ӯзбекистон, профессор Ш. Сироҷиддинов, Ходими хидматнишондодаи фарҳанги Ӯзбекистон С. Олим, доктори илмҳои филологӣ А. Эркинов, номзади илмҳои филологӣ Б. Раҷабова, докторони илмҳои филологӣ бино ба фалсафа О. Давлатов, Р. Ҷабборов ва дигарон иштирок менамоянд.
Дар доираи чорабинӣ дастхатҳои Алишери Навоӣ, ки дар Институти дастхатҳои Шарқи Фарҳангистони улуми Русия маҳфузанд, намоиш дода мешавад. Дар суҳбати мизи мудавваре, ки таҳти раёсати директори Институти дастхатҳои Шарқи Фарҳангистони улуми Русия сурат мегирад, баромади олимонамон доир ба мавзӯъҳои “Оиди масъалаи солҳои 1457-1464 дар Машҳад будани Алишер Навоӣ”, “Ҷойгоҳ, мавқеъ ва аҳамияти ҷаҳонии тарҷумаҳои русии осори Навоӣ”, “Эҷодиёти даҳои бузург”, “Семён Волин – нахустин тадқиқгари дастхатҳои Алишер Навоӣ”, “Таҳлили қиёсии боби “Басмала”-и достони “Ҳайрат-ул-аброр”, “Лидия Бат дар бораи асари “Гулшани ҳаёт”, “Девони нахустин”-и Алишери Навоӣ, “Дастхате, ки ҷангро боздошт” шунида мешавад. 
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ сурудҳои М. Йӯлчиева ва мақомсароёни дигар бар ғазалҳои шоир садо хоҳанд дод. Бояд гуфт, ки бобати омӯхтани ҳаёт ва эҷодиёти Навоӣ олимони рус саҳми назаррас гузоштаанд. Дар фонду китобхонаҳои Русия дастхатҳои зиёди осори шоири бузург маҳфузанд. Дар Институти дастхатҳои Шарқи ФУ Русия 2432 дастхати туркӣ, аз ҷумла, 953 нусхаи адабиёти классикии ӯзбек нигоҳдорӣ мешавад.
Дар ҷаҳон нахустин диссертатсияро доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Навоӣ соли 1857 М. Никитский дар Санкт-Петербург дифоъ намудааст. Соли 1968 525-солагии Навоӣ ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат солҳои 1968-1970 осори даҳҷилдаи Навоӣ ба забони русӣ рӯйи чопро дид. Ба ин кор 46 тарҷумон ҷалб карда шуда буд. Ин буд, ки бо тарҷумаҳои русии асарҳои шоир натанҳо русҳо, балки миллионҳо нафар хонандагони русзабон ошно шуданд. Ин тарҷумаҳо ба баъзе тарҷумонҳои хориҷӣ чун асос хидмат карданд. Тарҷумаҳои русии осори Навоӣ минбаъд низ ба таҳким бахшидани робитаҳои дӯстии байни ду мамлакат хидмат хоҳанд кард. Халқи мо меҳнати муҳаққиқон ва тарҷумонҳои заҳматписанди русро баланд арзёбӣ мекунад.

Султонмурод ОЛИМ, 
Ходими хидматнишондодаи фарҳанги Ӯзбекистон.          
    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: