БУЗУРГОН НАМЕМИРАНД...

Фарзанди асили Бухорои шариф, ҳунарпешаи мумтози театр ва кино, Артисти халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Ато Муҳаммадҷонов агар зинда мебуд, имсол 80-ро пур мекард.

Фарзанди асили Бухорои шариф, ҳунарпешаи мумтози театр ва кино, Артисти халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи  Рӯдакӣ Ато Муҳаммадҷонов агар зинда мебуд, имсол 80-ро пур мекард. Ба ин муносибат редаксия ин мақоларо чоп мекунад, ки он ба нақшҳои дар кино иҷрокардаи ҳунарпеша бахшида шудааст.
Таърихи театри тоҷикро бидуни номи нахустин ҳунарпешаву коргардонҳо Ҳомид Маҳмудов, Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Гулчеҳра Бақоева, София Тӯйбоева, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев тасаввур кардан мумкин нест. Онҳо поягузорони театри миллӣ, ба маънои том, нобиғаҳои саҳнаи тоҷик буданд. Ба мисли ҳамаи санъатҳо, театр ҳам дар ҳар як давраи тараққиёташ ба нобиғаҳои нав ниёз дорад. Дар ҳудуди солҳои  60-ум, дар қатори дигар ҳунарпешагони ҷавон, ду нафар ҷавоне ба ҳайати Театри драмаи ба номи А. Лоҳутӣ дохил шуданд: яке – Маҳмудҷон Воҳидов, дастпарвари Донишгоҳи санъати театрии ба номи Луначарский дар Маскав ва дигаре – Ато Муҳаммадҷонов, ки дар мактаби олӣ таҳсил надидааст, ӯро аз синфи нӯҳум Муҳаммадҷон Қосимов ва Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ба театр оварданд ва парвариш намуданд. 
Маҳз ин ҳар ду ҷавонро дар як радиф ном гирифтани мо беҳуда нест. Зеро онҳоро шавқу завқи зиёда ба театр ба ҳам наздик карда буд. Дар ҷараёни офаридани нақшҳо истеъдоди бадеии худододи ҳар ду ошкор гардид. Онҳо ба ҳам унс гирифтанд, ки он дар давоми солҳо ба дӯстии ҳам эҷодиву ҳам инсонӣ мубаддал гардид. Фақат як мисол меорем. Дар филми “ Ситорае дар тирашаб” (1972) Воҳидов нақши Аҳмади  Дониш ва Муҳаммадҷонов нақши амир Музаффарро бозиданд. Дар спектакли “ Алломаи Адҳам” (1976) бошад, Воҳидов коргардон буд ва Муҳаммадҷонов образи Аҳмади Донишро меофарид. 
Чеҳраи зоҳирии ҳунарпеша ҷозибаи хоса дошт. Ӯ инсони нерӯманд буд, оҳиста, солорона қадам мезад, ҳаракати нарму оромро мепазируфт. Чашмонаш ифодаи ботинаш буданд. Вобаста ба вазъу ҳолат нигоҳаш сухан мегуфт, ҳам фикру ҳам эҳсоси қалб, ҳам ғаму ҳам шодӣ, ҳам кушодадиливу ҳам ғазабро баробар ифода мекард. Ҳарорати баланди фикру ҳиссиётро соҳиб буд. Қаҳрамонҳоеро меписандид, ки қалби пурҷӯшу хурӯш доштанд. Дар сухан ва ҳаракат таваққуфро беҳтарин воситаи ифода медонист. Ҳамин ҷозибаи ҷисмониву маънавии Ато Муҳаммадҷоновро филмсозон пай бурданд ва ӯро ба кино ҷалб намуданд.
Нақшҳое, ки Ато Муҳаммадҷонов дар кино бозидааст, аз 40 зиёданд. Филмҳо дар мавзӯю жанр, шаклу услубҳои гуногун офарида шудаанд, вале аз ҷиҳати бадеият бо ҳам баробарвазн нестанд. Филмҳое ҳастанд, ки дар онҳо ҳунарпеша бо қаҳрамонаш махлут шудааст ва ин як қонунияти санъати воло ба шумор меравад. Аммо филмҳое низ ҳастанд, ки қимати бадеияшон ночиз аст. Дар ин маврид Ато Муҳаммадҷонов нақши  “халоскор”-ро бозидааст: коргардонҳо ҳунарпешаро ба манфиати воҳиди истеҳсолии  филм истисмор намудаанд. Ҳоло ба чанде аз филмҳо таваққуф мекунем, ки дар онҳо санъати таҷассумкории Ато Муҳаммадҷонов бо тамоми тобишу рангорангиаш намоён мешавад. 
Ҳамкории Ато Муҳаммадҷонов бо кино асосан аз филми “Марги судхӯр” (1966, коргардон Тоҳир Собиров) оғоз ёфтааст. Ӯ дар ин филм нақши Мирзо Абдуллоро бозӣ мекунад. Мирзо Абдулло шахсест, ки дар филм мавзӯи буржуазияи миллии навзодро ва сабаби ба завол расидани судхӯрро ифода мекунад. Усулҳои нафъҷӯиву судхӯрии Қорӣ Исмат дар муқоиса бо додугирифтҳои молиявии навҷавони ғоратгар Мирзо Абдулло хеле кӯҳна ва дақёнусӣ менамоянд. Вай дар як муомилоташ Қорӣ Исматро бешармона фиреб медиҳад ва пулҳояшро аз худ мекунад. Ҳунарпешаи дар кино навкор образи персонажи худро басо типикӣ талқин намуда буд.
Дар солҳои 70-ум дар экранҳо чанд филми таърихиву инқилобии тоҷикӣ намоиш ёфтанд. Дар байни онҳо филме бо номи “Асрори гузаргоҳи фаромӯшшуда” (1973, коргардон Суҳбат Ҳамидов) буд, ки дар он Ато Муҳамммадҷонов образи дар экран камёб – мулло Абдураҳмонхонро офарид. Қаҳрамони ҳунарпеша таблиғгари дин буд, имони мустаҳкам дошт, дар баробари ин инсоне буд, ки бо некӯкориву инсонпарварии хеш дар байни халқ нуфузи беш дошт. Дар рӯзҳои сахти гуруснагӣ дар Хуҷанд вай ба одамон аз деги масҷид хӯрок медод. Барои мубориза бо душманон, ки ғалларо аз шаҳр бурданианд ва раҳо намудани халқ аз гурустнагӣ, чекистон маҳз Абдураҳмонхонро истифода бурдан мехоҳанд. Азбаски Абдураҳмонхон на ба тарафи сурхҳо мегузашт ва на манфиати синфи худро ҳимоя карда метавонист, душманон ӯро нест мекунанд. Драмаи қаҳрамони ҳунарпеша бо фоҷиа анҷом меёбад.
Образҳои Афросиёб дар филми Борис Кимёгаров “ Достони Сиёвуш” (1976) ва Азизхон дар сериали Давлат Худоназаров “ Субҳи нахусти ҷавонӣ” (1979, дар асоси романи Павел Лукнитский “Нисо”) як тамоюли барои кинои тоҷик тоза – ба зуҳуроти манфии воқеият бо чашми некҷӯӣ нигариста тавонистанро соҳиб буданд. Нақши Афросиёб барои ҳама кушоише буд. Дар ду филми аввал – “Достони Рустам” ва “ Рустам ва Сӯҳроб”  ин нақшро  ҳунарпешаи гурҷӣ Гиви Тохадзе мебозид ва ӯ Афросиёбро бештар ҳамчун шоҳи ҷангҷӯ нишон медод. Қаҳрамони Ато Муҳаммадҷонов ҳамчунин шоҳ, ҳукмфармои пурқудрат, тарафдори юришҳои истилогарона мебошад. Вале дар баробари ин, вақте аз марги фарзанди дилбандаш Ҳумон дарак меёбад ва аз кушта шудани машваратгараш Пирон огоҳ мешавад  ва вақте дар пеши худ Сиёвушро мебинад, ки бо чеҳраву андоми хеш ба писараш Ҳумон шабоҳат дорад, қобилияти инсон будан ва эҳсосоти самимона доштани ӯ бедор мешавад. 
Муҳаммадҷонов дар нақши Азизхон санъати баланди драматикии худро намоиш дод. Гарчи Азизхон дар доираи амалиёти филм шахси бонуфуз, намояндаи синфи доро ва истисморгар аст, актёр ва таҳиягар ӯро ҳамчун касе тасвир менамоянд, ки ба вай хусусиятҳои софи инсонӣ, ба мисли занеро дӯст доштан, азоби рӯҳӣ кашидан, муассир шудан хос аст. Азизхон ба модараш дар бораи Розиямоҳ (модари Нисо) мегӯяд: “Вай ҳавое буд, ки ман нафас мекашидам...”. Дар бораи Нисо мегӯяд: “ Нисо ба ман даркор, то ки зиндагӣ кунам...”. Азизхон ҳиссиёти худро нисбати Розиямоҳ ва Нисо бо ҳарорати қалб, пурҷӯшу хурӯш баён мекунад. Дар ин дақиқаҳо шумо ба қаҳрамони Муҳаммадҷонов бо ҳусни таваҷҷӯҳ менигаред ва фаромӯш мекунед, ки вай ба синфи истисморгар тааллуқ дорад. Зеро ҳунарпеша образи душмани синфиро не, образи инсонро меофарад.
“Асрори оила” (1983) яке аз беҳтарин филмҳои тоҷикӣ дар мавзӯи замонавӣ ба шумор меравад. Филм тартиботи кӯҳнапарастиро дар тарзи зиндагонии одамон, фалсафаи “одами ӯҳдабаро”-ро, ки танҳо аз манфиат ҷустан ва пул кор кардан иборат буд, инъикос менамояд. Коргардон Валерий Аҳадов нақши персонажи асосии филм – Султонхоҷаро ба Ато Муҳаммадҷонов супорид.   Султонхоҷа боз як образе буд, ки ҳунарпеша бо бадеияти том, устокорона таҷассум намуд. Актёр дар назди камера озод, дар оғӯши эҳсоси  ҳаракат ва афкори қаҳрамонаш амал мекунад. Тамоми хонавода мутеи Султонхоҷа ҳастанд, ба манфиати вай заҳмат мекашанд. Ҳатто муҳаббати поки ҷавонони хонаводаашро вай зери по мекунад. Султонхоҷа ҳеҷ гоҳ шодмониҳои маънавии ҳаётро намефаҳмад. Муҳаббат, бахту саодати зиндагӣ, шарафи инсониро вай бо пул, боигарӣ, нуфуз чен мекунад. Султонхоҷа аз ҷиҳати маънавӣ қашшоқ аст. 
Ҳамкории эҷодии Ато Муҳаммадҷонов бо коргардон Бақо Содиқов самараҳои нек дод. Филми “Бухорои шариф” (1991) дар роҳи офаридани кинои интеллектуалии тоҷик як қадами навоварона мебошад. Бухоро дар давраи низоми тоталитарӣ ва мафкураи “тасхирсозӣ”-и ҳамагон, ки арзишҳои чандинасраи маънавӣ, асосҳои маданият, ахлоқу одоби волои инсониро хароб намудаанд, — талқини ин мавзӯъро мо дар экран бори аввал медидем. Нақши яке аз персонажҳои филм – Махсумро Ато Муҳаммадҷонов иҷро мекард. Нақшофарии ҳунарпеша ба дараҷае буд, ки ҳама гуна шартияти экран аз байн мерафт ва бар ивази он олами зинда, воқеӣ ва эҳсосшаванда намоён мегардид. Яке аз ин тазоҳурот он аст, ки Махсум бо занҷир худро мезанад, дар бораи рӯзи Қиёмат монолог мехонад ва ба ҳамин минвол гунаҳҳои гунаҳкоронро харида мегирад.
Дар филми Бақо Содиқов “Имом ал-Бухорӣ” (1995)  иҷрои нақши марказӣ – нобиғаи дини ислом, пешвои муҳаддисон, намояндаи барҷастаи илми илоҳиёт Имом ал-Бухорӣ бар дӯши Ато Муҳаммадҷонов буд. Ин нақш қадру манзалати ҷаҳонӣ дошт. Коргардон ва ҳунарпеша, ки ҳар ду эҷодкорони тавоно буданд, ба офаридани образи  Бухорӣ дар экран ҷасурона даст заданд. Дар шахсияти Муҳаммадҷонов коргардон ҳамкору ҳамфикри беназири худро пайдо кард. Ҳунарпеша услуби интеллектуалии коргардонро ҳанӯз дар “Бухорои шариф” пай бурда буд. Дар филми “Имом ал-Бухорӣ” низ ҳунарпеша ҳамин услубро пайравӣ намуд: вай ҷараёни фикрии қаҳрамонашро ба мақоми аввал гузошт. Маҳз кори тафаккур буд, ки Имом ал-Бухорӣ дар филм роҳи ба сӯйи ҳақиқати дин паймудаи Муҳаммад пайғамбар (с.а.в.)-ро аз нав тай мекунад. Дар филми Бақо Содиқов Ато Муҳаммадҷонов худро на ҳамчун ҳунарпешаи воқеанигор, балки бештар ҳамчун ҳунарпешаи андешаманд нишон медиҳад. 
Берун аз “Тоҷикфилм”, Ато Муҳаммадҷонов дар бисёр филмҳои «Ӯзбекфилм» нақшҳои ҷолиб бозидааст, аз ҷумла, дар филмҳои “Вохӯриҳо ва ҷудоиҳо”, “Ҷавонии нобиға”, “Репортаж аз қаър”, “Дар танҳоӣ”, “Алвидоъ, сабзаи тобистон”, “Айёраи шарқ” ва дигарҳо. Чеҳраи инсонии ҳунарпеша, ҳам зоҳирану ҳам ботинан, ба кинематогрфистони ӯзбек хеле маъқул буд, аз ин рӯ, ӯро бештар ба филмҳояшон даъват мекарданд. Нақшҳои Ато Муҳаммадҷонов зинати филмҳои ӯзбекӣ буданд. Ин ҳамкорӣ дар тӯли бисёр солҳо самарабахш давом кард. Беҳуда нест, ки Ато Муҳаммадҷонов барои ҳунар ва истеъдоди баландаш дар таҷассуми образи амир Нӯҳ ибни Мансур дар филми коргардон Элёр Эшмуҳаммадов “Ҷавонии нобиға” (1983) Ҷоизаи давлатии СССР-ро сазовор гардидааст.
Ато Муҳаммадҷонов соли 2002, дар 62-солагӣ, дар авҷи камолот ва нашъунамои истеъдоди нотакрораш ин дунёи фониро падруд гуфт. Дар арафаи иди истиқлолияти Тоҷикистон ва ҷашни 2500-солагии Истаравшан ҳунарпеша нақши Куруши Кабирро барои намоиши идона машқ мекард. Аспи гапнодаро амри ҳунарпешаро гӯш кардан намехост. Дар кадом як лаҳза Муҳаммадҷонов аз болои асп ба замин афтод. Зоҳиран гӯё шикаст надида буд, вале машқро давом дода натавонист. Дар рӯзи сеюм бар асари зарб дидани мағзи сар ҳунарпеша аз олам чашм пӯшид. Фавти фоҷиавии Ато Муҳаммадҷонов фоҷиаи дигаре – марги дӯсти ҳамдилу ҳамкори ӯ Маҳмудҷон Воҳидовро соли 1977 дар Бағдод, ки он ҷо Рӯзҳои Тоҷикистон мегузашт, ба ёд овард. Дар ҳар ду маврид ҳам халқи тоҷик аз даргузашти эҷодкорони асили санъат, ки маҳбуби ҳама буданд, ашк мерехт. Аз он, ки миллати тоҷик ин ҳар ду фарзанди бузурги соҳибҳунарашро эҳтиёт карда натавонист, қалби мо ҳамеша пурдард мемонад.

Ато АҲРОРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: