БУЗУРГТАРИН КОРХОНАИ ТАВЛИДКУНАНДАИ БАРҚУ ГАРМӢ

Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи ҳароратӣ» дар ҳамин ҳол 80 дарсади ҳаҷми умумии неруи барқи Ӯзбекистонро истеҳсол мекунад.

Чанде муқаддам фаъолияти ин неругоҳ дар соли 2022 натиҷагирӣ ва рақамҳои марбут ба он эълон карда шуд. 
Суҳбати мо бо котиби матбуот – мушовири раиси мудирони Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳҳои барқи ҳароратӣ»-и Вазорати барқи ҷумҳурӣ дар масоили иттилоот Муҳаммадҷон Бекмуҳаммадов дар атрофи ҳамин мавзӯъ ва масъалаҳои дигари марбут ба фаъолияти ин ҷамъият сурат гирифт.
– Корхонае, ки шумо кор мекунед, бузургтарин корхонаи тавлидкунандаи барқ ва ҳарорати гармӣ дар ҷумҳуриамон маҳсуб меёбад. Доир ба дастовардҳои он маълумот медодед.
– Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ дар соли сипаришуда дастикам 18 триллион сӯмро ташкил дод ва нақшаи солонаамон 103,8 фоиз иҷро гардид, ки нишондиҳандаи баланд мебошад. Агар ин рақамҳоро ба неруи барқ ва неруи гармии истеҳсолнамуда табдил диҳем, 55,5 миллиард киловатт-соат неруи барқ ва 5,35 миллион Гкал неруи гармӣ ҳосил мешавад. Ин ба осонӣ ба даст наомадааст. Ширкатҳои консалтингии байналмилалӣ, аз қабили «McKinsey&Company», KPMG ва Deloitte барои беҳтар кардани вазъи молиявии шабака, баланд бардоштани самаранокии амалиёт ва ташкили системаи идоракунӣ дар асоси принсипҳои эътирофшудаи ҷаҳон ҷалб карда шудаанд ва дар натиҷаи омӯзишҳои пай дар пай як қатор ташаббусҳо ва стратегияҳои рушд таҳия гардиданд.
– Зимни сафарҳои матбуотӣ ба неругоҳҳои барқи ҳароратии ҷумҳурӣ ба мушоҳида расид, ки дар солҳои охир дар баробари истеҳсоли неруҳои барқу гармӣ аз болоравии нарх низ ҷилавгирӣ мешавад ва аҳолии мамлакат низ норозӣ нахоҳад шуд. Инро чӣ тавр шарҳ додан мумкин?
– Дарвоқеъ, соли 2022 арзиши маҳсулоти истеҳсолшудаи мо мутаносибан бо мақсади таъмини истеъмолкунандагон бо захираҳои устувори энергетикӣ, пешгирии болоравии нархи неруи барқ ва гармӣ, кам кардани сарфи сӯзишворӣ, таъмини самаранокии кор дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои хеле пешрафта ва каммасраф дар ҳаҷми 1,36 триллион сӯм коҳиш дода шуд. Нақшаи муқарраршуда 118,3 фоиз иҷро гардид.
– Истифодаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?
– Мо дар чаҳорчӯби шаш лоиҳа 256,3 миллион доллари ИМА-ро корбаст намудем ва аз ин ҳисоб  нақшаи солона 111,9 фоизро ташкил дод. Ҳоло мо ба воситаи лоиҳаҳои истиқболноки сармоягузорӣ дар шаҳри Тошканд ба бунёди ду агрегати газутурбинии иқтидори ҳар кадоми он 32 МВт машғулем. Инчунин иқтидори неругоҳи барқи ҳароратии Талимарҷонро ҳадди ақал ба 900 МВт хоҳем расонд. Барои татбиқи босамари лоиҳаҳои сармоягузории Ҷамъияти саҳҳомии «НБҲ» дар ҳамин ҳол бо ширкатҳои «General Electric»-и ИМА, «Mitsubishi Corporation»-и Япония, «Иточу», «Hyundai»-и Кореяи Ҷанубӣ, «Intecsa Ingeniera Industrial S.A.»-и Испания, «AC Boilers S.p.A»-и Италия, ширкатҳои русии «Силовые машины», «Красный котельщик», «Калужский турбинный завод», «Таганрогский котелостроительный завод», «Ленинградский металлический завод» ва Бонки аврупоии эҳё ва рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки «JICA»-и Япония, Бонки рушди давлатии Хитой аз наздик ҳамкорӣ мекунем.
– Дар робита ба болоравии рейтинги корхонаи шумо кадом омилҳо мусоидат менамоянд?
– Соли 2022 Агентии рейтингии ИМА – «Fitch Ratings», ки ба гуруҳи «Сегонаи калон» шомил аст, рейтинги байналмилалии индикативии Ҷамъияти саҳҳомии «НБҲ»-и моро дар сатҳи «BB-» «Барқарор» арзёбӣ кард ва онро ба рейтинги истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баробар намуд. Ин рейтинг корхонаи моро дар бозори ҷаҳонии сармоягузорӣ ҳамчун корхонае муаррифӣ мекунад, ки соҳиби стратегияи возеҳ ва шаффоф, вазъи молиявии шаффоф ва системаи пурқуввати идоракунии корпоративӣ мебошад.
– Барои ҳар як корхонаву муассисаи истеҳсолотӣ низ мавҷудияти кадрҳои баландмалакаву соҳибихтисос нақши муҳим мебозанд. Дар «НБҲ» ин масъала чӣ гуна ҳаллу фасл карда мешавад?
– Дуруст қайд намудед. Ҷамъияти саҳҳомии «НБҲ» низ ба сиёсати кадрҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Дар асоси «Харитаи роҳ» барои соли 2022 оид ба бозомӯзии кормандон ва баланд бардоштани тахассуси онҳо дар хориҷи кишвар беш аз 100 нафар ба Олмон, Италия, Русия, Япония фиристода шуданд ва аз мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ кор меомӯзанд ва такмили касбу дониш менамоянд. Гузашта аз ин, ҳудуди 200 нафар дар коллеҷи назди Неругоҳи барқи ҳароратии Навоӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ҳоло бештар аз 120 нафар мутахассисони ҷавон, ки аз коллеҷҳову донишгоҳҳо фориғ шудаанд, ҷойҳои холии корхонаи моро ишғол намудаанд.
– Доир ба масъалаи татбиқи барномаи маҳалликунонӣ ва кооператсияи саноатӣ дар ҶС «НБҲ» чӣ метавон гуфт?
– Ин масъала аз мо тақозо менамояд, ки корҳои азхуд кардани таҷҳизот ва қисмҳои барои таъмир заруриро ҳамеша мадди назар дошта бошем. Яъне барои ҷилавгирӣ аз сарфи бештари асъори хориҷӣ мо бояд таҷҳизоти заруриро дар худамон истеҳсол кунем ва натиҷа нишон дод, ки соли 2022 ба маблағи 26,1 миллиард сӯм чунин маҳсулот истеҳсол кардаву нақшаи марбут ба онро 119 фоиз ба иҷро расонидем. Ба ин тартиб, ҳаҷми воридот 16,2 миллион доллар коҳиш дода шуд. Боз ҳамин нуктаро қайд карданиам, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳҳои барқи ҳароратӣ» яке аз калонтарин корхонаҳои андозсупорандаи кишвари мо шумурда мешавад. Натиҷагириҳои соли сипаришуда нишон дод, ки ин ҷамъият ва тамоми соири бахшҳои он ба буҷаи мамлакатамон қариб 2,7 триллион сӯм маблағ ворид намудааст ва ин нишондиҳанда бо гузаштани вақт афзоиш хоҳад ёфт. 
– Рӯзҳои сарди ғайримуқаррарӣ нишон дод, ки ҳанӯз мо ба таҳдиди чунин сардиҳои ногаҳонӣ чандон омода нестем. 
– Ҳадафи мо таъмини устувории истеҳсоли неруи барқ аст ва неругоҳҳои барқи ҳароратӣ ҳамон рӯзҳои ҳавои сард 24 соат бемайлон кор карданд. Аслан ин ҳавои хунуки ғайримуқаррарӣ тамоми давлатҳоро даступо хӯронд. Хушбахтона, мо тавонистем, ки аз вазъият то андозае бе хисороти ҷиддӣ бароем. Минбаъд корҳои зиёди омодагирӣ сурат мегиранд, ки дар сурати пеш омадани чунин вазъият мо онро муваффақона пушти сар кунем.
– Дар мамлакат татбиқи лоиҳаи «Макони сабз» хеле доман фарох намудааст. Ширкати ҶС «НБҲ»-ро дар ин росто чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Мо ҳамеша аз ташаббусҳои сарвари давлат пурра ҷонибдорӣ мекунем ва лоиҳаи «Макони сабз» низ аз ҳамон шумор мебошад. Дар доираи ин чорабинӣ кормандони корхонаҳои таҳти тасарруфи «НБҲ» дар маҷмӯъ қариб 70 ҳазор ниҳоли дарахт шинониданд. Инчунин нарм кардани заминҳои кабудизоршаванда, тоза кардани партовҳои зиёдатӣ, назорат аз болои обёрӣ барин корҳоро ба сомон расонидем. Соли гузашта дар доираи лоиҳа «Боғи сабз»-и замонавӣ бунёд карда шуд. Ба вуҷуд овардани манзараҳои сабзу хуррам барои саломатии коргарони мо хеле мусоидат хоҳад кард. Дар ин замина низ мо фаъолона ширкат кардем ва дар 1,5 гектар замин 3 ҳазор ниҳоли иловагии ороишию мевадиҳанда шинондем. Ин раванд мунтазам дар мо давом хоҳад кард.

Суҳбатнигор: 
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: