Дар вилояти Фарғона ба рушди технологияҳои рақамӣ, татбиқи лоиҳаҳои пешқадам дар самти мазкур, содироти хидматҳои IT эътибори махсус дода мешавад.
Ҳоло миқдори резидентҳои хиёбони IT аз сад нафар гузашт, шумораи корхонаҳое, ки хидматҳои IT-ро содир мекунанд, ба 20 адад расид.
Дар Фарғона аз ҷониби ширкати «Audiotele» Сall-center-и байналхалқӣ, ки ба хидматҳои аутсорсинг тахассус дорад, ба истифода супурда шуд.
Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров аз маркази мазкур боздид намуда, бо фаъолияти он ошно гардид.
Марказ, ки дар минтақа аз ҷониби ширкати «Audiotele»-и Русия – пешоҳанги соҳаи пешниҳоди хидматҳои аутсорсингӣ аз тариқи Сall-center бунёд гардид, яке аз лоиҳаҳо дар соҳаи IT ба шумор меравад. Алҳол дар ин ҷо 60 мутахассиси ҷавон кор мекунанд. То охири сол ба 110 нафар расондани шумораи онҳо дар назар аст.
Н. РАҲМОНОВ,
хабарнигори ӮзА.