Дар талу пуштаҳои кӯҳсор низ боғҳо барпо шуда, дар растаҳои савдо ва бозорҳо нархи меваи хушсифату серғизо боз ҳам арзон мешавад, ки он ҷавобгӯ ба Қарори Президент аз 11-уми декабри соли 2020 «Дар бораи чораҳои дар соҳаи кишоварзӣ ташкили боз ҳам босуръат ҷорӣ кардани технологияи обсарфакунанда» мебошад.
Дар талу пуштаҳои кӯҳсор низ боғҳо барпо шуда, дар растаҳои савдо ва бозорҳо нархи меваи хушсифату серғизо боз ҳам арзон мешавад, ки он ҷавобгӯ ба Қарори Президент аз 11-уми декабри соли 2020 «Дар бораи чораҳои дар соҳаи кишоварзӣ ташкили боз ҳам босуръат ҷорӣ кардани технологияи обсарфакунанда» мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки пурра қонеъ кардани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини устувории нархҳои арзон сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи роҳбари давлатамон аст. Аз ин рӯ, дар се-чор соли охир дар қаламрави вилояти Самарқанд ҳам ҳазорон гектар боғу токзорҳои интенсивӣ бунёд мегарданд, ки бо услуби замонавии чакрагӣ обёрӣ мешаванд.
Бо ҳамин муносибат Садорати вилоятии «Ӯзагроинспексия» барои ходимони расонаҳои ахбор ба ноҳияи Ургут пресс-тур ташкил кард.
Иштирокчиёни сафар нахуст дар хоҷагии фермерии бисёрсоҳавии «Эко-гарденс», ки дар шоҳроҳи «Самарқанд – Шаҳрисабз» ҷойгир аст, таваққуф намуда бо ҷараёни ҷобаҷогузории технологияи замонавии обсарфакунандаи Туркия шинос гардиданд.
– Хоҷагии мо соли 2017 дар дашти беобу заминаш регомехта таъсис ёфт, – гуфт сарҳосилоти он Самеъҷон Холбобоев. – Ду-се ҳавз кофта, аз канали Янгиариқ бо қубурҳои махсус ва насосҳои пуриқтидор об овардем. Ҳоло дар 55 гектар майдон гелос, дар 60 гектар себ, 10 гектар нок парвариш меёбанд, ки ниҳолҳояшон аз Туркия ва Фаронса оварда шудаанд. Аз давлат қариб 10 миллион доллар қарз гирифтем. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки замин бо тарзи замонавии обёрии чакрагӣ нам нигоҳ дошта мешавад. Агар мо тавассути ҷӯякҳо обёрӣ мекардем, исрофкорӣ 5-6 маротиба меафзуд. Афзалияти қубурҳои пласмассӣ дар он аст, ки ба об озуқаи минералӣ омехта шуда, маҳз зери реша меоянд. Ҳама кор бо кӯмаки компутер амалӣ мегарданд. Маҳсулоти бозоргир буда, ба Русия ва дигар кишварҳои Аврупо содир хоҳанд шуд. Аз ҳама муҳимаш, 30 нафар аҳолии гирду атроф бо кори фоиданок машғуланд.
Хоҷагии фермерии «Fresh frocts» дар ҳудуди маҳаллаи Қаротеппа доман густурда бо чормағзпарварӣ машғул будааст. Ба хоҷагии мазкур Амриддин Турсунов роҳбарӣ менамояд.
– Соли 2018 дар ҳамкорӣ ва бо кӯмаки моддии корхонаи «Антилеп-гилем»-и Самарқанд дар 350 гектар майдон навъи хушсифату серҳосили чормағзи «Chandler»-и амрикоӣ сабзонида, аллакай ҳосил гирифтем, – бо ҳисси шодмонӣ гуфт Амриддин Турсунов. – Ана, нигоҳ кунед, мо бағали кӯҳро бо техникаи пуриқтидор шудгор карда, бо боғбонӣ ва деҳқонӣ машғул ҳастем. Обро аз обанбори Қаротеппа бо кӯмаки ду насос овардем. Аввал бисёр азият кашидем, вале бо ғайрату кӯшиши коргарон 80-90 фоизи ниҳолҳо сабзиданд. Имсол ба ҷойи ниҳолҳои хушкида боз чормағз парвариш меёбанд. Акнун ниҳолҳои маҳаллӣ дар хоҷагии махсус пайванд мешаванд, ки нархи аслии он нисбат аз хориҷа ду маротиба арзон аст. Агар аз Туркия як дона ниҳол бо нархи 6-7 доллар харид шуда бошад, ҳозир ин рақам 2-3 долларро ташкил мекунад.
Дар хоҷагии фермерӣ бо иштироки мутахассисону фермерҳои боғпарварӣ анҷумани матбуотӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҷонишини ҳокими ноҳияи Ургут оид ба масъалаҳои хоҷагии қишлоқ ва обёрӣ Беҳзод Тугалов гуфт, ки агар дар кишвари мо тадбирҳо оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва қатъӣ нигоҳ доштани устувории нарх дар бозори дохилӣ аз ҷониби сарвари давлатамон аз рӯзҳои нахустини пандемия ба таври мунтазам суръат намегирифт, кишоварзӣ ва боғбонӣ ривоҷ намеёфт, таъминот бо маҳсулоти хушсифат ниҳоят мураккаб мешуд. Хушбахтона, ноҳияи мо минтақаи озоди иқтисодӣ эълон гардид ва мо дар бисёр соҳаҳо комёбиҳои нав ба навро ба даст меоварем. Соҳаи кишоварзӣ аз он истисно нест. Дар асоси қарори Президент доир ба дар хоҷагии қишлоқ чорӣ кардани технологияи обсарфакунанда аллакай 3850 гектар майдон бо ускунаҳои замонавии обсарфакунанда таъмин гардида, усули обёрии чакрагӣ амал мекунад. Воқеан, ноҳияи Ургут дар доманакӯҳҳои Зарафшон воқеъ буда, обёрӣ муаммои ҷиддӣ аст. Чанде пеш дар байни мардуми маҳаллаҳои Камонгарон ва Вағаштӣ маҳз барои об ҷанҷол ба амал омада буд. Ана акнун чакра чакидан гирад, боғҳо сабзидан гирад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.