ЧАНД ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВОӢ

Дар Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек таҳти мавзӯи «Алишери Навоӣ ва асри XXI» анҷумани илмию амалии байналхалқӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии анъанавӣ, ки бори сеюм ба амал омад, адабиётшинос ва мутахассисон аз 10 кишвари дунё иштирок намуданд. Онҳо ин дафъа бо «дасти холӣ» не, бо дастнависҳои арзишнок, ки дар китобхонаҳои Британияи Кабир, Туркия, Озарбойҷон ва Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешуданд, ташриф фармуданд. Дастнависҳо ба боз ҳам амиқтар омӯхтани моҳияти мероси бузурги маънавии Навоӣ имконият фароҳам меоранд.
***
Тадбире, ки Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир намуд, ба 578-солагии зодрӯзи Алишери Навоӣ бахшида шуд. 
Баъди баромад ва маърӯзаҳо санъаткорон аз Театри миллӣ ва театри драмавӣ-мусиқии ба номи Муқимӣ барномаи мусиқӣ пешкаш намуданд. Дар доираи тадбир аз ҷониби намояндагони вилояти Тошканд намоиши ҳунармандии миллӣ рӯи кор омад. Тақдимоти асарҳое, ки ба тадқиқи осори бебаҳои Навоӣ вобастаанд, низ хотирмон сурат гирифт.
***
Дар Кохи санъат ва синамои ба номи Навоӣ нахустнамоиши филми ҳуҷҷатии «Чинори адабиёти дунё» баргузор гардид. Дар филм ҳаёт ва эҷоди ибратбахши Низомиддин Мир Алишери Навоӣ ҳикоя карда мешавад. Коргардон Ҳусейн Узден. Тавре мебинем,  ин бор филмофарони турк ба рӯзгори шоирии ҳазрати Навоӣ таваҷҷуҳ кардаанд. Филм дар Ӯзбекистон, Туркия ва Афғонистон ба навор бардошта шудааст.
Дар Туркия низ баргузории муаррифии филми ҳуҷҷатии зикршуда ба нақша даромадааст.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: