Чанд факти ҷолиб...

... ДАР БОРАИ ЧАПДАСТОН

Одамоне, ки дар ҳаёти ҳаррӯза истифода бурдани дасти чапашонро афзал медонанд, чапдастон меноманд. На ҳама медонад, ки онҳо боз аз нимаи рости майнаашон, ки ба эҷод ва фикрронии  ғайриқолабӣ ҷавобгар аст, фаъолона истифода мекунанд. Чапдастон нисбат ба ростдастон тезтар ба шароити зиндагӣ одат  мекунанд. Онҳо зудтар аз вазъиятҳои мушкил  мебароянд.

                              
13 август ҳамчун Рӯзи байналхалқии чапдастон қайд карда мешавад.
***
Ҳоло дар сайёра чапдастон нисбати то имрӯз даргузаштагон зиёдтар аст.
***
Дар байни чапдастон мардон бисёртар мебошанд.
***
Дар кӯдакӣ чапдастон нисбати ҳамсиннонашон якравтар мешаванд.
***
Чапдастон ба ҳисоби миёна 9 сол камтар аз ростдастон умр мебинанд.
***
Наққош Леонардо-да-Винчи бо ҳар ду даст расм мекашид.
***
Дар замони шӯравӣ чапдастонро ба ростдастӣ меомӯхтанд. Танҳо дар соли 1986, бозомӯзии чапдастонро ба ростдастӣ қонунан манъ карданд.
***
Чапдастон дар байни аҳолии Осиёи Ҷанубӣ, Аврупои Шарқӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Австралия нисбати дигар минтақаҳои сайёра зиёдтар зиндагӣ мекунанд.
***
Дар Ҷопон то асри бистум чапдастии зан барои талоқ додан асос шуда метавонист.
***
Императори Русия Пётр I гувоҳӣ додани чапдастонро дар суд манъ карда буд, вай хеле онҳоро  ҳилагар меҳисобид.
***
Дар байни ҳайвонот низ чапдастон (чаппой) мавҷуд.
***
Дар байни гурбаҳо аксарият  ростпой, мушҳо 44% ростпой, 28% чаппой ва мушони боқимонда  амбидекстр ҳастанд (аз ҳар ду пой баробар истифода мекунанд).  Ҳамаи хирсони сафед чаппой мебошанд.

... ДАР БОРАИ ТАЪТИЛ

Олимон муайян намудаанд, шахсоне,   ки муддати тӯлонӣ рухсатӣ намегиранд, аз майзадагони доимӣ камтар ҳаёт медидаанд.
***
Ҳатто чунин беморӣ – аломати бе рухсатӣ кор кардан мавҷуд. Вай хавфи дучор шудан ба бемориҳои дил, сактаи майна, сактаи дил ва дигар бемориҳои хатарнокро хеле зиёд мекунад. Барои ҳамин ҳам шуғлатонро бо вуҷуди он ки дӯст медоред, ҳар сари чанд вақт  бояд дам гирифт.
***
Атос Багатини – меҳнатдӯсти итолиёвӣ дар давоми 28 сол ба рухсатӣ нарафтааст. Ин ҳолат иттифоқи касабаро ба ташвиш андохтааст ва қарор кардааст, ки  бо ҳукми суд ӯро ба рухсатии маҷбурӣ фиристад. Ҳукм “сахт” буд ва эътироз мумкин набуд – 900 рӯзи  рухсатии пулакӣ!
***
Дар Русия рухсатии кафолатнок 14 июни соли 1918 ҷорӣ карда шуд, коргару хизматчиёни ҳамаи соҳаҳо ҳуқуқи рухсатии ду ҳафтаинаи ҳарсоларо соҳиб шуданд.
***
Ба назар аҷиб менамояд, вале давомнокии рухсатӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷониби ҳукумат танзим карда намешавад. Ин масъала дар шартномаи меҳнатии байни коргар ва кордиҳанда пешакӣ зикр карда мешавад. Тақрибан чоряки амрикоиҳо рухсатии пулакӣ надоранд ва аз ҳисоби худ истироҳат мекунанд.
***
Дарозии рухсатӣ дар Ҷопон ба собиқаи кор вобаста аст. Дар айни замон, баъзан барои корфармо ба рухсатӣ фиристодани  корманд душвор аст, зеро барои ҷопонҳо  пеш аз ҳама кор муҳим мебошад. Ҳатто ба ин кор ҳукумати мамлакат дахолат намуд. Тибқи қонунгузории ҷорӣ, ҳар як ҷопонӣ бояд на камтар аз 5 рӯз дар як сол истироҳат кунад.
***
Чи хеле ки духтурон тасдиқ мекунанд, барои истироҳат се-чор ҳафта кифоя мебошад. Дар муддати аз ин кам шахс наметавонад дам гирад ва дар рухсатии аз 28 рӯз зиёд ходим аз кор бегона шуда, дубора ба кор сар карданаш душвор мегардад.

Аз Интернет таҳияи 
А. НАИМЗОДА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: