Мувофиқи маълумоти Агентии статистика дар моҳҳои январ-октябри соли 2024 ба Ӯзбекистон 6,5 миллион нафар шаҳрванди хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ омадаанд.
Ин нишондод нисбат ба даври мутаносиби соли гузашта 951,3 ҳазор нафар, яъне 17,2 фоиз афзудааст.
✅ Дар моҳҳои январ-октябри соли равон аз кишварҳои зерин шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсадҳои сайёҳӣ ба Ӯзбекистон омаданд:
Тоҷикистон — 1 878,5 ҳазор нафар;
Ҷумҳурии Қирғиз — 1 870,3 ҳазор нафар;
Қазоқистон — 1 267,5 ҳазор нафар;
Россия — 686,7 ҳазор нафар;
Туркманистон — 145 ҳазор нафар;
Туркия — 95,7 ҳазор нафар;
Хитой — 57,7 ҳазор нафар;
Ҳиндустон — 55,9 ҳазор нафар;
Кореяи Ҷанубӣ — 36,5 ҳазор нафар;
Итолиё — 36,3 ҳазор нафар;
Дигар давлатҳо — 366,6 ҳазор нафар.