Чанд нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ сафар кардаанд?

Дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2024 1 263 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ сафар кардаанд.

Шумораи онҳо назар ба ҳамин давраи соли гузашта 365,6 ҳазор нафар ё худ 40,7 фоиз афзуд.

Тибқи маълумоти Агентии омор, шумори шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар моҳҳои январ-марти соли равон ба кишварҳои хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ сафар кардаанд, аз рӯи кишварҳо:

Ҷумҳурии Қирғизистон – 559,1 ҳазор нафар;

Тоҷикистон – 260,8 ҳазор нафар;

Қазоқистон — 184,1 ҳазор нафар;

Арабистони Саудӣ - 70,6 ҳазор нафар;

Русия - 50,3 ҳазор нафар;

АМА - 38,5 ҳазор нафар;

Туркия – 34,4 ҳазор нафар;

Кувайт - 13,8 ҳазор нафар;

Миср - 8,2 ҳазор нафар;

Таиланд - 6,2 ҳазор нафар;

мамлакатҳои дигар — 37,1 ҳазор нафар.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: