ЧАНД ҚАЙД ДАР ҲОШИЯИ ЯК КИТОБ

Омӯзиши таърих назари оқилонаву одилона аст ба гузаштаи дуру наздик.

Омӯзиши таърих назари оқилонаву одилона аст ба гузаштаи дуру наздик. Сабақест ба имрӯз ва оянда. 
Солҳои истиқлол тадқиқ ва омӯзиши таърихи кишвар беш аз пеш ривоҷ дорад. Шавқу ҳаваси  мардум ба омӯзиши таърих  афзудааст. Мехоҳанд таърихро омӯзанд, аз он сабақ  гиранд ва аз мероси пурғановат ифтихор кунанд.
Куҳаншаҳри Нурато гӯшаест дар дили Ватани маҳбуб.
Имрӯз сафи зиёратчиёни Нурато хеле афзудааст.  Ҳар рӯз садҳо нафар мусофирон аз оби зам-зами Нурато нӯши ҷон намуда, ҷойҳои таърихии онро  зиёрат менамоянд. Чаро ки:
Ҳар кас, ки ба нур ояд бар суд,
Аз оташи дӯзах тани ӯ озод шавад.
Гар ғусл кунад ба оби чашма як бор,
Резад гунаҳаш, аз гунаҳ дур шавад.
Бале, Нураторо дар  манбаъҳои  хаттии  таърихӣ чун шаҳри муборак  таъриф  додаанд. Дар “Таърихи  Муллозода “ ( Аҳмад Бухорӣ. Тошканд, “Янги аср авлоди”,  2009)  мехонем: “Сайид  Аҳмад  дар “Қандия” овардааст,  80  маротиба  дар  манобеъ дарёфтаам, ки  фармудаанд: Мовароуннаҳр се шаҳри  муборак дорад. Инҳо Бухоро,  Самарқанд  ва  Нур  мебошанд.  Анас  ибни  Малик ривоят кардааст,  ки  Пайғамбар (с.) фармудаанд: “ Дар  он  сӯи  Ҷайҳун се  шаҳри  мубораки  нурангез  ҳаст. Он ҷоро  Бухоро, Самарқанд  ва  Нур номанд“. ( Саҳ. 84). Кӯҳаншаҳри  Нурато  имрӯз  навҷавон  аст.  Тарҳи  тоза  пайдо  кардааст,  ободу  дилнишин. Омӯзиш  ва  тадқиқи   таърихи  ин шаҳр, ки  чун “Нуру Бухоро” шӯҳрат ёфта буд,  таваҷҷӯҳи  таърихшиносон  ва  дилбастагони  зиёдро  ба  худ  ҷалб  намудааст. Суюндиқ Мустафоев  дар  ин  ҷараён  пешдастӣ  дорад. Пеш  китобҳои зиёди ӯ нашр  гардидаанд. Дар онҳо  оиди  таърихи  Нурато,   зиёратгоҳу  шахсиятҳои  таърихии  ин сарзамин сухан рафтааст.  Ҷамъбасти ин  ҳама  дар  китоби  навбатии  ӯ  инъикос  ёфтаанд.
 Матлаб  аз   нигориши  ин  сатрҳо   баёни   чанд  андешаест   оиди  истифодаи  манобеъи  хаттии  таърихӣ,  муҳокимаронӣ   ва   хулосабарорӣ  аз  онҳо.  Бешубҳа,  муаллиф  дар  эҷоди  саҳифаҳои  китоб  заҳмати  зиёд  кашидааст. Манбаъҳои хаттии таърихиро фаровон истифода  намудааст. Ӯ собит   дорад,  ки   Искандари  Мақдунии асри IV пеш аз милод,  ки  дар  соли  329  Суғдро  истило   намудааст,  бо  Искандари  Мақдунӣ   ҳеҷ  иртиботе  надорад.  Онҳо  шахсиятҳои  алоҳидаи  таърихианд. (саҳ. 14) 
Дар   масъалаи “Нур. Нурато. Нурота” муаллиф фикру  андешаҳои худро баён  дошта, бо вуҷуди овардани чандин иқтибос аз манбаъҳои гуногуни таърихиву  осори  бадеии адабиёти мумтоз, “ Нурота” будани номи шаҳрро баррасӣ   намудааст. Огоҳ  менамояд,  ки   дар   забони   гуфтугӯи мардуми   шаҳри  Нурато ва деҳоти   тоҷикнишин  шакли “Нурато”  хеле  маъмул  мавриди  истифода  қарор  дорад.
С. Мустафоев  “собит” дорад, ки “ото” – “ота” дар  ин  сарзамин ба пайдоиши тариқати яссавия марбут  аст. Туркҳо ӯро «Ото Яссавий “  гуфтанд. Онро ба машойих тадбиқ мекарданд. Нурота эҳтиром аст ба Шайх Абулҳасани Нурӣ.
Аввалан, дар ҳамаи сарчашмаҳои таърихӣ ва осори бадеии мумтоз номи шаҳр дар шакли «Нур» ва «Нурато» омадааст. Муаллиф эътироф дорад: «Дар ҳар чаҳор рисола («Дар баёни вилояти Нур ва чашмаи он», «Рисолаи Ҳазрати Нурато”, “Рисола дар баёни шаҳри Нурато”, “ Ал-мусаммо ба   рисолаи ҳазрати Нурато” дар  мадди назаранд. – Ӯ.Р.) номи шаҳр “Нур” ва “Нурато”  дарҷ     ёфта.(саҳ. 23-24).
Барои тасдиқи фикр чанд   иқтибос пешкаши    хонанда   мешавад:
Сӯфӣ Оллоёр:
Бандаий   осий   қулинг   бечора   йиғлар ҳар замон,
Оқ атову кӯк атову   Чилтон   ато   сиздин мадад.
Садр атову   Бадр   ато   ё  шоҳ   Аббос Валий,
Дини  Хоразм   бузургу   Полвон  
ато   сиздин  мадад.(с.161-162)
Номи  шаҳрро Бобораҳим Машраб, Муқимӣ ва дигарон низ дар шакли «Нур» ва «Нурато» мавриди истифода қарор додаанд.
Истилоҳоти  забони  мардуми маҳаллӣ муҳимтарин  манбаи  таърихист, эътироф  дорад  муаллиф: ”Шакли Нурато дар забони гуфтугӯии мардуми шаҳр  эътибори васеъ  дорад  ва имрӯз  низ дар    ҳамин шакл, яъне Нурато мавриди истифодаи бардавом аст”(саҳ  .23). Оре, аҳолии  шаҳри  Нурато, тоҷикони  деҳоти  ноҳия «Нурато»  гӯянд.   Камина   бо   «Нурота» дар ягон   сарчашмаи хаттии  қадимаи таърихӣ   дучор   наомадаам. Дар   мақолаи “Бу ерни Нурато дерлар”  (Илғор чорводор, (ҳоло   Нурнома)  аз  3-ноябри соли 1990) қайд   намудаам,   ки  бо  истилоҳи   хаттии   “Нурота” дар асарҳои солҳои   30-юми асри гузашта дучор   омадаам. С.Мустафоев  даъво   дорад,  ки  “воридшавии   истилоҳи   “ота”   ба ин сарзамин (Мовароуннаҳр —Ӯ.Р) ба васеъ доман  паҳн  кардани тариқати Яссавия вобаста аст. «(саҳ. 25). Тариқати Яссавия   дар   асри   ХII    дар   Мовароуннаҳр   васеъ   доман   паҳн   карда   буд.  Пас   чаро    Алишер   Навоӣ    барин   алломаи   бузург  ва   шоири   тавоно  «ота» ва ё  “ото”-ро   мавриди  истифода   қарор   надодааст?!   Чаро  Муқимӣ,   Машраб истилоҳи  “Нурато”-ро мавриди  истифода    қарор   додаанд?  
Аҷдодони   мо   оташ – нурро   парастиш   доштаанд.   Ва  Нурато  дар   он  аҳд   аз  қаламрави  Суғд   буд.   Ба  байтҳои   зер  аз  “Авасто”   эътибор   диҳед:      
Мо   хуршедро   мепарастем
Нури   абадиро.
Нурҳои он тезпарвоз. 
(А. Саъдуллоев ва дигарон).
Сониян, об рӯшноист. Маҳз ҳамин нури оби шифобахши Чашма ба пайдоиши шаҳри қадимаи   Нур боис гардидааст. Аз ин лиҳоз он ҷоро Нурато гӯянд. (Дар ин хусус нигар: Ӯ. Раҳмон.   «Нурато ё Нурота”. «Овози тоҷик», 21-уми феврали соли 1990).
Бешубҳа, шакли хаттии истилоҳи Нурота дар адабиёти туркӣ дар охири солҳои 30-юми асри ХХ пайдо шудааст. Шояд дар забони гуфтугӯии он пештар мавриди истифода буд. Агар дар манбаъҳои хаттӣ он истилоҳ мавҷуд мебуд, С. Мустафоев ягон иқтибос аз нусхаи манбаи хаттӣ ва ё шифоҳӣ дар шакли “Нурота” зикр мекард. Муаллифро матлаи шеъри   шоири ширинкаломи ӯзбек Тошпӯлод Ҳамид ҷавоби саҳеҳ аст, ки мегӯяд: 
Табиат нур ато этмиш,
Бу ерни Нурато дерлар...   
Албатта, С.Мустафоев дар таълифи китоб заҳмати зиёд кашидааст, инро набояд инкор кард. Муаллиф оиди  30 зиёратгоҳи ҳудуди Нурато  маводи арзандае гирдоварӣ намуда, доири ҳар яки он  маълумоти дақиқ  додааст. Ин ҳаракат арзиши китобро хеле боло бурдааст.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
омӯзгори фанни таърихи мактаби рақами 30-юми
ноҳияи Нурато.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: