ЧАНД СУХАН АЗ МАДРАСАИ ОЛИИ «МИРИ АРАБ»

Ҳангоме ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 10-11 марти соли гузашта ба Бухоро ташриф овард, бобати дар вилоят ташкил намудани Мадрасаи олии «Мири Араб» супориш дода буд.

Ҳангоме ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 10-11 марти соли гузашта ба Бухоро ташриф овард, бобати дар вилоят ташкил намудани Мадрасаи олии «Мири Араб» супориш дода буд.
Бино бар амалӣ гардондани ин супориш чораю тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. 7 июни соли 2017 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низомномаи мадрасаи олиро номнавис кард. Аз Кумитаи корҳои дини назди Девони Вазирон бобати таълими аҳкоми динӣ рухсатнома гирифта шуд. Дар бонк ҳисобсурати Мадрасаи олии «Мири Араб» боз гардид. Мӯҳр ва тамғаи таълимгоҳ тайёр карда шуд.
Мувофиқи оинномаи Мадрасаи олии «Мири Араб», ки онро Идораи мусулмонони Ӯзбекистон тасдиқ кардааст, таркиб ва ҷараёни кори ҳайат роҳандозӣ гардид. Бинобар он мувофиқи фармоиши 01 Ф/060-уми Идораи мусулмонони Ӯзбекистон қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз 15 июн то 15 июл сурат гирифт. Имтиҳоноти қабул  23-24 июл аз фанҳои фиқҳ, ақоид ва забони арабӣ ба тарзи эҷодӣ ва 25 июл аз фанни таърих бо усули тест ба амал омаданд. Ба имтиҳоноти қабул 152 нафар довталабон, ки омӯзишгоҳҳои миёнаи махсуси исломии назди Идораи мусулмонҳои Ӯзбекистонро хатм кардаанд, роҳ дода шуданд. 60 нафари онҳо ҳуқуқи таҳсил дар мадрасаи олиро гирифтанд.
Дар мадрасаи олӣ соли хониши 2017-2018  4 сентябр таҳти шиори «Фидоят мешавем, Ӯзбекистон!» оғоз ёфт. Ба ҷараёни таълим мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб гардидаанд. Дарсхонаҳо мувофиқи тақозои давр муҷаҳҳаз шудаанд. Маркази захираи ахбор бо адабиёти таълимӣ, воситаҳои зарурӣ ва адабиёти иловагӣ ғанӣ гардонда шудааст. Толибилмон вақтҳои холии худро бо машғулиятҳои хаттотӣ, қироати Қуръон ва таҷвид мегузаронанд, инчунин дар маҳфилҳои забонҳои англисӣ, русӣ, арабӣ, фанҳои ақоид иштирок мекунанд.
Шогирдони мадрасаи олӣ бо хобгоҳ таъмин карда шудаанд. Онҳо дар ошхонаи махсус хӯрокҳои нисфирӯзию шом мехӯранд.
Дар назди мадрасаи олӣ мактаби илмии «Тасаввуф», мактаби хаттотӣ ва курси таълимии «Забони арабӣ» фаъолият доранд.
Моҳи ноябри соли 2017 сайти Мадрасаи олии «Мири Араб» oliy.madrasa@mail.uz ба кор даромад ва пайваста бо маълумоти нав такмил меёбад.

Мустафо ХОҶАЕВ,
проректори Мадрасаи олии «Мири Араб» оид ба корҳои маънавият ва маърифат.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: