ЧАНД СУХАН ДАР БОРАИ БОКС ВА ДАВРАҲОИ РУШДИ ОН

Ба чемпионати ҷаҳон оиди бокс дар байни мардон бори нахуст Тошканд мизбонӣ менамояд.

Зӯрозмоиҳо 1 май оғоз ёфтанд ва то 14 май давом мекунанд. Маросими кушоиши чемпионат ба таври мутантан дар маҷмӯи варзишии «Humo Arena» ба амал омад. Инак, ҳарбҳо барои чемпиони ҷаҳон шудан оиди бокс дар байни мардҳо торафт шиддатнок мегарданд.

Дар турнир аз 104 давлат бештар аз 640 нафар муштзан, аз ҷумла, 7 нафар чемпиони кунунии дунё иштирок менамоянд. Шарафи бокси моро ҳамдиёрамон Шодиёр Мелиқӯзиев, Ҳасанбой Дӯстматов, Ойбек Ҷӯраев, Абдумалик Ҳалоков, Муҷибулло Турсунов, Руслан Абдуллоев, Асадхӯҷа Муйдинхӯҷаев, Шоҳҷаҳон Абдуллоев, Баҳодур Ҷалолов ва  дигарон муҳофизат менамоянд. 
Чанде аз зикршудагон, аз ҷумла, Ҳасанбой Дӯстматов (чемпиони олимпӣ дар Рио-де-Жанейро (2016) се карат чемпиони Осиё (солҳои 2015-2017-2022) ҳанӯз дар ҳарбҳои нахустин ҳарифони худро мағлуб сохтанд. 
Сухан, ки аз бобати бокс аст, тасмим гирифтем оиди таърихи дуру наздики ин навъи оммавишудаи варзиш гуфта гузарем. 
Яке аз шаклҳои то андозае оммавишудаи варзиш бокс мебошад. Муштзанҳои ӯзбекистонӣ тайи 50 соли охир дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи дунё ширкат намуда ва дастболо шуда, шарафи спорти диёрамонро баланд бардоштаанд. 
Дар таърихи бокси Ӯзбекистон Руфат Рисқиев чун нахустин чемпиони ҷаҳон эътироф гашт ва солҳои ҳафтодуми асри сипаришуда бо маҳорат ва санъати волои муштзанӣ ҳамаро ба ваҷд овард. Нахустин чемпиони олимпӣ дар давраи истиқлолият Муҳаммадқодир Абдуллоев мебошад. Ҷуз ӯ якчанд муштзани ӯзбекистонӣ дар Бозиҳои олимпии вақтҳои охир аз шоҳсуфаи ғолибӣ ҷой гирифта ва ба садо додани гимн, баланд бардошта шудани ливои Ватани мо сабаб гардиданд.
Бокси касбӣ низ ривоҷу равнақ ёфт. Хусусан чемпиони якчандкаратаи ҷаҳон Артур Григорян, баъдтар Руслан Чагаев ба равнақи бокси касбӣ дар давраи истиқлолият роҳ кушоданд.
Ӯзбекистон, ҳамин тавр, аз қатори мамлакатҳои башумори дунё, ки дар онҳо бокс ривоҷ ёфта ва бо чемпионҳои худ ифтихор доранд, ҷо пайдо намуд.
Ватани бокс куҷост?
Навъе манбаъҳо шаҳодат медиҳанд, бокс дар барномаи яке аз Бозиҳои олимпие, ки соли 668 пеш аз милод баргузор гардидааст, ҷой гирифта буд. Баъдтар дар Юнон муштзанҳои касбӣ пайдо шуданд. Бокс, ҳамин тавр, ба як қатор мамлакатҳои  дунё паҳн гашт. Хусусан дар Британияи Кабир ба он шавқу завқи хосса зоҳир гардид.
Навъе маълум, ҳар бозӣ қоида ва тартиби худро молик. Бокс низ аз ин мустасно не, вале маҳз ҳамин навъи ҳарб тӯли садсолаҳо қоидаву низоми худро бештар тағйир дод.
Дар муштзании давраи ибтидоӣ вақт ва муддати ҳарб байни рақибон аҳамият надошт. Бозӣ то лаҳзаҳое, ки яке аз муштзанҳо афтид ва аз ҳол рафт, давом менамуд.
Соли 1743 аз ҷониби Браутони англис нахустин қоидаҳои он таҳия шуданд. Браутон солҳои 30-юм ва 40-уми асри XVIII чемпиони Англия гардида, низоме, ки ӯ пешниҳод намуд, «Кодекси Браутон» ном гирифт. Бинобар ҳамин Англияро ватани бокси касбӣ мегӯянд.
Мувофиқ ба ин кодекс ба сар мушт задан, аз усулҳои ба унсуроти гӯштӣ омехта истифода бурдан манъ гашт.
Маълум, ки аввалҳо боксёрон бо дастпӯш ба майдон мебаромаданд. Давраи наве, ки оғоз ёфт, «давраи муштҳои луч» ном гирифт.
Аз байн солҳо гузаштанд ва журналисти англис Артур Чемберс бо ҳамроҳии Куинсберри қоидаҳои нави боксро пешниҳод намуд, ки онҳо бо низоми бокси давраи ҳозира то андозае наздиканд.
Соли 1892 дар Орлеани нави ИМА нахустин мусобиқаи бокси касбӣ аз рӯйи қоидаҳои нав рӯйи кор омад. Ҷим Корбетти амрикоӣ дар зӯрозмоие, ки 21 раунд давом намуд, ҳамватани худ Ҷон Саливанро мағлуб намуд.
Бокс низ ба ду навъ: касбӣ ва ҳаваскор ҷудо мешавад. Афсӯс, дар бокси касбӣ охирҳои асри XIX ба бархе усулҳои ваҳшиёна иҷозат дода шуд. 
«Шоҳони бокс» дар давраи нав Муҳаммад Алӣ, Майкл Спинкс ва Майк Тайсон ба даҳони хосу ом афтоданд ва бокси касбиро ривоҷу равнақ доданд.
Марҳум Муҳаммад Алӣ ба Ӯзбекистон назари нек дошт. Бо варзишгарони ҷавонамон вомехӯрд ва изҳори умед мекард, аз ин диёр муштзанҳои ҳақиқӣ бароянд. Гуфтаҳои ӯ, мисле, имрӯзҳо ҷомаи амал мепӯшанд.  

Ш. МУҲАММАД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: