Чархболи кортежи Президенти Эрон ба ҳалокат дучор гардид

Чархболи кортежи раиси Ҷумҳурии Эрон Иброҳим Раисӣ, ки ба сӯи Табрез мерафт, дар минтақаи Озарбойҷони Шарқӣ наздики шаҳри Ҷулфа ба ҳалокат дучор шудааст.

Дар ин бора «Associated Press» такя ба телеканали Эрон хабар медиҳад. Дар маҷмӯъ, дар кортеж бо раиси ҷумҳурӣ се чархбол ҳузур дошта, ду чархболи дигар ба ҷойи таъиншуда омада расидаанд, вале чархболи саввумӣ, ки дохили он Иброҳим Раисӣ ҳузур дошт, ба садама дучор шудааст, менависад «Тасним».

Дар дохили чархбол ғайр аз Президент вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён ва якчанд мулозимон низ вуҷуд доштааст. Гуфта мешавад, ки Иброҳим Раисӣ имрӯз 19 май бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев вохӯрда, дар маросими кушодашавии мавҷи дарёи Арас иштирок карда будааст. Обу ҳавои номусоид барои алоқа ва ёрӣ мушкилӣ пеш овардааст. Ҳоло дастаи халоскорон барои ёрӣ равона карда шудааст, дар бораи талофатдидагон ягон маълумоте нест — омадааст, дар хабар.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: